фарҳанг
"УФУҚҲОИ ИСТИҚЛОЛ" - ДОСТОНИ ҲАСТИИ МО
Бешак, нашри ҳар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рухдоди неки фарҳангиву сиёсӣ маҳсуб мешавад. Онҳо дар тарбияи худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ ва шинохти дурусти таърихи миллат таъсири зиёди мусбат мегузоранд. Ҳамзамон дастуру раҳнамоанд барои фаъолияти пурсамару созандагӣ ва ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллӣ. Таълифу нашри «Уфуқҳои истиқлол» низ аз ин ҷумла аст.
Муаллиф дар асар зимни андешаронӣ ибораи «миллати куҳану давлати ҷавон» – ро ба кор мебарад ва таъкид медорад, ки «достони ҳастии мо, ҳақиқати сарнавишти мо ва вазъияти имрӯзаи мо маҳз ҳамин аст». Воқеан, миллати тоҷик куҳан мебошад ва таърихи давлатдорияш ҳазорсолаҳост. Аммо давлати соҳибистиқлоламон ҷавон маҳсуб мешавад. «Уфуқҳои истиқлол» дар бораи таърихи 25 – солаи Истиқлолияти давлатӣ ва бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон мебошад. Тавре аз номи боби аввали китоб бармеояд, Истиқлолияти давлатӣ – марҳилаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон мебошад. Муаллиф муҳимтарин дастоварду комёбиро дар зарфи ин солҳо «аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории тоҷикон» медонад ва ҳам онро «масъалаи меҳварии таърихи дирӯзу имрӯзи мо» меҳисобад.
Дар ҳақиқат, агар оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда намешуд, давлатдории тоҷикон аз миён мерафт. Муаллиф дар он баробари «ба уҳда гирифтани масъулияти роҳбарии давлат», барои барқарорӣ ва пойдории сулҳу оштӣ фаъолияти худро равона намуд. Сулҳу оромӣ, албатта, ба осонӣ ба даст наёмад. Дар он замон ҳамаи ниҳодҳои марказӣ ва маҳаллии давлатдорӣ ба пуррагӣ фалаҷ гашта буд.
Ин ҷанг, дар ҳақиқат, моро аз пешрафт боз дошт. Нахуст мебоист, ки харобиҳову хисороти он рафъ мегардид.
Хулоса ва таъкидҳои муаллиф зимни таҳлилу баррасии ин масъала бисёр бамавриду ҳидояткунанда аст: «Бояд ҳамаи мо дар бобати ҳифзу суботу оромиши ҷомеа ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум масъул ва ҷавобгар бошем. Мо бояд неруҳои зеҳнӣ ва маънавии худро маҳз барои таъмини беҳрӯзии шаҳрвандон ва тарбияи инсони комил равона намоем. Ин аст рисолати маънавии мо дар назди миллат ва Ватан». Бо шинохти ҳамин рисолат ва эҳсоси масъулият ва дарки бештару беҳтари он дар ин муддат, аз ҷумла барои рушду ривоҷи илму маориф тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуд. Маорифро яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ эълон намуд ва мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дод. Рушди пайгиронааш аз оғоз то инҷониб ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ мегардад. Ба ин тариқ, тадбирҳои саривақтӣ ва муассир ба хотири рушди соҳа андешида шуданд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва консепсияҳову барномаҳои давлатӣ давра ба давра қабул гардиданд.
Дар он вазъияти мушкилу мураккаб маҷрои таълиму тарбия аз муассисаҳои томактабӣ сар карда то мактабҳои олӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба роҳ монда шуд. Дар солҳои баъдӣ бо таъмиру азнавсозии мактабҳо ва боло бурдани сатҳи таълиму тарбия соҳа рӯ ба пешрафт овард. Тавре муаллиф ёдовар мешавад: «Маблағҳои ҷудошуда бештар ба мустаҳкам кардани пояи моддию техникии муассисаи таълимӣ, бунёди мактабҳои нав, таъмиру тармими биноҳои куҳна, сохтани синфхонаҳои иловагӣ ва толору майдончаҳои варзиш равона гардиданд».
Дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 2000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тамоми шароити муосир мавриди истифода қарор гирифт, ки ин, албатта, дастоварди бузург маҳсуб мешавад. Шумораи муассисаҳои томактабӣ низ дар ин давра дар ҳоли афзудан мебошанд.
Кушодани мактабҳои навъи муосир ва истифодаву густариши усулҳои фаъоли таълими фанҳо дар ин соҳа сабаби ҷаҳиши бузург шуд.
Муаллиф дар ин асари мондагори худ мавҷудият ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро то ва баъди Истиқлолияти давлатӣ ба риштаи таҳлилу тадқиқ мекашад. Дар ин сурат хонанда ин маълумоти дурустро дармеёбад, ки соли 1992 дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо теъдоди 70600 нафар донишҷӯ (21900 духтар) фаъолият дошт. Дар соли 2016 шумораи ин мактабҳо ба 39 ва теъдоди донишҷӯён ба 170 ҳазор (53217 духтар) расид. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 2594 номзади илм ва 594 доктори илм (соли 1991 – ум 1835 номзади илм ва 226 доктори илм) ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Аз масъалаҳои дигари ин бахши «Уфуқҳои истиқлол» омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аст. Аҳамияту муҳимияти иҷрои босифат ва саривақтии онро муаллиф равшану возеҳ баён медорад. Инчунин, таъкид мекунад, ки «ин ҳама имкон фароҳам меоварад, то «донишҷӯёни тоҷик бемамониат таҳсилро дар кишварҳои хориҷӣ идома дода, аз дастовардҳои навини илму технология бархӯрдор шаванд».
Дар асар баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳа медонад. Яъне, иҷрои дурусту саривақтии тамоми масъалаҳои асосӣ, ки ба рушди илму маориф мусоидат мекунанд, дар ин муддат ё худ даврони истиқлол дар маркази диққати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз низ барои рафъи камбудиву норасоиҳо ва пешрафту рушди соҳа бо ҳисси дилсӯзиву ғамхорӣ дастуру супоришҳо медиҳад ва мо – аҳли маорифро роҳнамоӣ мекунад. Ин ҳама аз Паёми навбатӣ низ бармеояд. Албатта, мо бо шинохти рисолату масъулият ҷавобан ба ғамхориҳо, дастгириҳо барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия бояд саъю кӯшиши зиёд ба харҷ бидиҳем.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА, ректори Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2019 №: 32 Мутолиа карданд: 1011