logo

маориф

ОМӮЗГОР БОЯД ПЕШОҲАНГИ ҶОМЕА БОШАД

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли ду проблемаи асосӣ: норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба миён гузошта шуд. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунанд. Ва мо, воқеан, ғамхориҳояшонро эҳсос менамоем.
Зикри ин нукта, ки танҳо дар соли гузашта 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд, кофист дарёбем барои рушди соҳа чӣ тадбирҳои муҳимро андешиданду амалӣ карданд. Ин ва ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсил, ки минбаъд низ идома меёбанд, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат мерасонанд. Имсол бошад, беш аз  1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд мегардад.
Сарвари давлат ниҳодҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки рушди муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва то соли 2021 ба 30 фоиз расондани фарогирии кӯдаконро ба зинаи таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд.
Ҷавобан ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки бо истифода аз усулҳои пешрафтаи фаъолу нави таълим дар ҳалли масъалаву мушкилоти мавҷуда сари вақт мусоидат бинамоем. Инчунин, ба сифати такмили ихтисоси омӯзгоронамон диққати ҷиддӣ бидиҳем. Пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо дорад, ки барои боло бурдани сатҳи касбиямон бештару беҳтар саъю кӯшиш ба харҷ бидиҳем. Албатта, нобахшиданист, вақте ки омӯзгор аз пешрафти ҷомеа қафо мемонад. Дар ин сурат ӯ наметавонад, ки барои хонандагон намунаи ибрат бошад ва дуруст таълим дода битавонаду онҳоро ҳамқадами замон бигардонад. Барои ин, пеш аз ҳама омӯзиши забонҳои русиву англисӣ бисёр муҳим арзёбӣ мешавад, ки, мутаассифона, натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд.
Гулбаҳор НАСРИДДИНОВА, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 101, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2019    №: 32    Мутолиа карданд: 1199
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед