ҳуқуқ
ДУШМАНӢ БО МАРДУМ ХИЁНАТКОРОНРО ШИКАСТ ДОД
Мусоҳибаи шахси миллатдӯсту меҳанпараст Назрӣ Асадзода бо хабарнигори «Имрӯз - News» барои ҳар нафари худогоҳу худшинос ва бедор аҳамияти бузург дошта, барои аз хоби ғафлат раҳондани худбохтагону тангназарон низ зарур мебошад. Зеро дар ин мусоҳиба Н. Асадзода фаъолияти гурӯҳҳои ба ном «мухолиф» - ро дар мисоли ҳизби мамнӯи террористӣ хеле хуб таҳлилу баррасӣ намуда, ба кору пайкори хоинону душманони миллату Меҳани мо баҳои воқеӣ ва дақиқ додааст.
Дар оғози мусоҳиба оид ба мафҳуми «мухолиф» шарҳи дуруст дода шудааст, ки «Мухолиф танҳо маънии муқобил будан, интиқод карданро надорад. Мухолиф он қувваҳои солими ҷомеаро меноманд, ки дар рушди риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ширкат меварзанд…». Воқеан, ҳақ ба ҷониби Н. Асадзода аст, зеро ба ҳеҷ ваҷҳ чанд нафари дар хориҷ аз кишвар ба ҳарзагӯиву афсонабофӣ ва душмантарошӣ машғулбударо наметавон мухолиф номид. Чунки онҳо ҳамагӣ аъзои ташкилоти террористӣ буда, баъди содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан, вазнин ба хориҷа фирор намудаанд. Дар ҳақиқат барои худро зиёд нишон додан ва беманоният ёрӣ гирифтан аз ташкилотҳои кумакрасон, экстремистони наҳзатӣ ташкилоти террористиашонро бо номҳои дигар ба намоиш мегузоранд. Дар асл, инҳо мехоҳанд ҳамон наҳзатро дар шаклу ҷомаи дигар рӯи саҳна оранд, аммо фиребашон ба кор нарафта истодааст.
Сабаби дигари бо номҳои гуногун баромад кардан ва ҷилва додани амалҳои террористонаю экстремистонаашон он аст, ки ҳам наҳзатиҳои террорист ва ҳам пуштибонону хоҷагонашон дарк намудаанд, ки бо номи пешини ташкилоташон дигар наметавонанд мардумро ба доми фиреб афтонанд, маблағ ба даст оваранд ва иқдомҳои зиддимиллиашонро татбиқ кунанд. Масъалаи мазкурро намояндагони наҳзат дарк карда, ташкилотҳои дурӯғинеро бо номҳои «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо», ки ҳар кадоме 5 - 6 нафар аъзо дорад, созмон доданд. Дар марҳилаи баъдӣ онҳо эътилофи ҷинояткоронаашонро бо номи «Паймони зиддимиллии Тоҷикистон» созмон доданд. Чунин усули кории террористони наҳзатиро Н. Асадзода дақиқ ва амиқ мушоҳида намуда, комилан дуруст қайд кардааст, ки онҳо ба ин васила мехоҳанд ярлики «наҳзат» - ро аз худ дур намуда, ҷиноятҳои алайҳи Меҳану миллат содиркардаашонро барои ҷомеаҳои аврупоӣ пинҳон кунанд ва кирдорҳои пасту разилонаашонро бо либоси дигар идома бахшанд. Яъне, онҳо бо ин макрашон мехоҳанд худро дар назари аврупоиҳо «дунявӣ» ва секулор намоиш диҳанд. Вале ин хаёлашон ҳам хом баромад, зеро онҳо дар Тоҷикистон ҳамеша ба қатлу ғорати тарафдорони демократия ва дунявият машғул буданд. Акнун террористони наҳзатӣ миёни обу оташ афтодаанд: онҳо хуб медонанд, ки агар бо номи наҳзати исломӣ баргарданд, дигар ҳеҷ як давлат ва ташкилоти кумакрасон барояшон ёрӣ намерасонад, агар ба дунявият рӯй оранд, хоҷагону пирони маънавиашон аз пуштибонии онҳо даст мекашанд.
Шикастҳо, ошкор гардидани чандчеҳрагӣ, хиёнаткорӣ ва аз неруи хориҷӣ вобаста будани намояндагони ҳизби террористӣ дар мусоҳибаи мазкур ба таври возеҳ ифода ёфтааст, ки ин аз мушоҳидакорӣ, таҳлилгарӣ ва воқеъбинии волои Н. Асадзода дарак медиҳад. Воқеан ҳам, сарвари наҳзат гумон дошт, ки бо ивази ҷелак бо галстуки аврупоӣ, имкони фаъолияти озоди созмони террористиашро пайдо намуда, афроди дар ниҳодашон хислати мухолифдоштаро низ ба худ пайванд месозад. Аммо аз як тараф худхоҳии вай, аз ҷониби дигар макру ҳилаҳои саркардагони ин ҳизб дар солҳои 90-уми садаи ХХ дар баробари созмону ҳаракатҳои дигар анҷом дода буданд, нагузоштанд, ки чунин фиреб бори дигар ҷомаи амал пӯшад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳангоми пешниҳоди номзадҳо ба интихоботи президентии соли 2013 намояндагони ин ташкилоти террористӣ айнан ҳамин гуна ҳолатро барои Ҳизби сотсиал - демократии Тоҷикистон раво дида буданд. Ин навбат онҳо мехостанд, ки ду - се гурӯҳи худсохтро бо ҳам пайваста, дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хориҷ аз кишвар ба худ моил созанд, вале ҳамин домгузорӣ ва ҳилаю найранги наҳзатиҳои террористро дида, касе ба эшон напайваст. Баръакс, аксаран на танҳо даъвати наҳзатиҳои террористро напазируфтанд, балки ҷасурона нақшаҳои ҷинояткорона ва зиддимиллии онҳоро фош карданд. Ва ҳатто, иштироки яке аз собиқ ҳамсафони онҳоц Айёмиддин Сатторов дар конфронси САҲА «Оид ба ченаки инсонӣ», ки моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Варшава баргузор гардид, нақшаи ояндаи террористонаашонро барбод дод. Зеро А. Сатторов тамоми асрори амалҳои даҳшатбору ваҳшатангези террористони наҳзатиро медонад ва дар конфронси САҲА ҳамаи онро ошкоро баён дошт.
Дар баробари А. Сатторов, нафари дигаре, ки парда аз рӯйи амалҳои пасту зишт ва заҳҳоконаю аҳриманонаи ин ташкилоти террористӣ бардошт, яке аз муассисони ин созмони террористӣ - Саид Қиёмиддини Ғозӣ буд. Бо супориши онҳо солҳои 1993 - 1997 дар байни гурезагони тоҷик дар Афғонистон идеяҳои ифротӣ ва андешаҳои мухолифи давлати Тоҷикистонро паҳн карда, гурезагонро ташвиқ мекардааст, ки ба Ватан барнагарданд. Ҳамзамон, ин нафар теъдоди муайяни шаҳрвандони ҷумҳуриро аз ҳисоби роҳбарону аъзои наҳзат ном бурд, ки дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла Рашт, Хуросон, Вахш, Ҷалолиддин Балхӣ, Ҳисор, Рӯдакӣ, Файзобод ва ғайра таҳти роҳбарию роҳнамоии давлати бегона алайҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистон кор мекарданд.
Ҳамин тариқ, омӯзиши раванди фаъолияти зиддимиллии ин ташкилоти террористӣ собит менамояд, ки онҳо ҳамагӣ бар муқобили манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ равона гардидаанд. Ҳамин аст, ки аз ҳар фурсат истифода карда, ба манфиатҳову арзишҳои миллӣ монеа эҷод мекунанд. Масалан, амали террористонаи соли 2018 дар Данғара анҷомдодаашон собит сохт, ки ин аҳриманпешагон ҳеҷ гоҳ дилу нияти пок надоранд ва ҳамеша ҳозиранд бадтарину пасттарин амалро зидди Ватан анҷом диҳанд. Онҳо боз барои пинҳон кардани ҷинояти худ, ин амали ғайриинсониашонро таҳти пӯшиши парчами сиёҳи ҳамақидагони худ – “ДИИШ” иҷро намуданд. Вале тирашон хок хӯрд, чунки саркардаи террористон Ҳусейн Абдусамадов боздошт шуд ва тамоми асрори роҳбарони наҳзатиашро фош кард.
Аз таҳлили воқеӣ ва хулосабарории амиқи дар мусоҳиба дарҷшуда бармеояд, ки ин ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуъ бо амалҳои душманонаю зиддимиллиашон муваффақ намешаванд, балки торафт шармандаю расво мегарданд.
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст, чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Нодири ҚОДИР, таҳлилгар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2019 №: 32 Мутолиа карданд: 976