logo

фарҳанг

ДӮСТИИ УСТОД ТУРСУНЗОДА БО ШОИРА ЗУЛФИЯ

Мирзо Турсунзода ва Зулфия. Ин мавзӯъ доманадор аст. Зеро он на танҳо ба адабиёт ва ё  фарҳанг алоқадор, балки дар таърихи муносибатҳои ду халқи бузург муайянкунандаи мавқеи шахс ва адабиёт низ мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода Тошкандро дӯст медошт. Барои  ҳамин аз сафари Тошканд  ҳар вақт бо илҳоми тоза, неруи эҷодии нав, бо мамнуният ва хушнудӣ, дар оғӯши ҳиссиётҳои пурҷӯш  ба Тоҷикистон бармегашт. Дар навбати худ сафари ӯ ба Тошканди адибпарвар дили мухлисони шеърпарвари ӯзбекро ба завқ меовард, меҳрашонро ба адабиёти  тоҷик ғанӣ мегардонд.
Мирзо Турсунзода баъди таҳсили Тошканд, ки ба Ватани худ баргашта буд, дӯстони солҳои талабагии худро фаромӯш насохт, онҳоро зуд - зуд ба ёд меовард, ба сӯи онҳо гӯиё парвоз мекард. Бо шоиру нависандагони ӯзбек Зулфия, Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом, Шароф Рашидов, Ойбек, Абдулло Қаҳҳор, Ҳамид Ғулом, Асқад Мухтор дӯст буд. Махсусан ба шоираи мумтоз Зулфия арҷ мегузошт.
Оре, Мирзо Турсунзода шоира Зулфияро барои истеъдоди ноёби ӯ, барои қалами муъҷизакори ӯ, барои эҷодиёти пурмаънояш дӯст медошт. Барои тимсоли покӣ, вафо ва садоқат буданаш нисбат ба Зулфия  ҳурмату эҳтироми калон, меҳру муҳаббати беназир дошт. 
Биёед, хубаш дӯстии байни шоири ҷаҳоншинохтаи тоҷик Мирзо Турсунзода ва шоираи халқии Ӯзбекистон Зулфияро аз лафзи ҳамсари устод Сабоҳат - апа шунавем.
- Шоираи машҳури Шарқ апаи Зулфия меҳмони олиқадр ва арзандаи хонаи мо буд, - ба хотир меорад Сабоҳат - апа. - Ӯ фазилати ба худ хос  дошт. Вақте ки ҳамсараш шоири шинохтаи ӯзбек Ҳамид Олимҷон ба таври фоҷиавӣ аз олам  чашм пӯшид, Зулфия ҳамагӣ 29 сол дошт. Чароғи оиларо, ки ҳамсараш фурӯзон намуда буд, Зулфия хомӯш накард, балки равшантар намуд, ба ёди ӯ зиндагиро пеш бурд, вафою садоқатро чун тоҷ ба сар пӯшид. Барои ҳамин нисбат ба Зулфия устод Турсунзода  ҳурмат ва эҳтироми бепоён дошт. «Зеби замона Зулфиябону», «Маликаи нафосат дар шакли  шеър» - гӯён  таъриф мекард ва  ин таҳсин  заррае сохта набуд.  «Аслаш  дар ин дунёи равшан азоби ҷудоӣ, ҳиҷрон ба сари ҳама  ҳаст, вале ғаму андуҳро бо матонат маҳв кардан, аз ормонҳо орзуҳои зинда офаридан, бо кӯҳ барин сабру  бардошташ  ба рамзи садоқат ва вафо табдил ёфтан хосси Зулфия барин занҳост», - мегуфт Мирзо Турсунзода.
Зулфия бо шеърҳои дилбаронаи худ, феълу атвори ҳамидааш, эътиқоди покизаю андешаҳои расояш дар ҳаёти  Мирзо Турсунзода мавқеи алоҳида  дошт ва як қисми  олами маънавии ӯ гашта буд. Турсунзода дар бораи Зулфия шеъри бисёр ҷозибанок низ офаридааст…
Духтари ӯзбек моро гӯш кун!
Дигаронро андаке хомӯш кун.
Гӯш кун!
Гапҳои  мо беҳуда нест,
Ин садоҳои  дили осуда нест.
Шавқи ту моро ба илҳон оварад.
Рӯ ба сӯи Ӯзбекистон оварад.
Аз шунидани суханҳои Сабоҳат - апа ин лавҳа,  ки худи Зулфия нақл карда буд, ба ёдам омад.
- Ин воқеа дар ёдам набуд, Фотеҳ Ниёзӣ хотиррасон кард, – менависад Зулфия дар ёддоштҳояш дар бораи Турсунзода.
- Ҳавопаймое, ки аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард, дар Тошканд то субҳ мононда шуд. Як вақт телефон ҷарангос зад. Гӯшакро бардорам овози Мирзо Турсунзода:
- Зулфиябону, ман Мирзо! Ассалому алайкум!
- Ваалайкум ассалом! Аз куҷо, аз Тошканд?
- Дар дарвозаи мусофирон, биё мегуфтагӣ одам ҳаст - мӣ гӯён истодаем!
- Дар Тошканд дарвоза бисёр, дар кадомаш Шумо?
Ногоҳ овози Ҷалол Икромӣ шунида шуд:
- Мебахшед, Зулфияхонум. Мирзо ба хонаи Шумо меравем гуфта истодааст. Ба хонаи Ойбек равем гӯям, ноором накунем мегӯяд. Ба хонаи Ғафур Ғулом равем гӯям,  зиёфатдорӣ  калон мешавад, аз ҳавопаймо дер мемонем мегӯяд.
- Марҳамат, омадан гиред, - гуфтам.
Аз боло моҳ нур мепошид. Дар ҳавлӣ, дар  зери  хавозаи  токе, ки ҳамсарам  Ҳамид Олимҷон  шинонда буд, дар атрофи мизи орододашуда то субҳ бо шеъру тарона, аскиягӯиҳо нишастанд. Маро пурсида омадани шоири бузурги тоҷик нишонаи дӯстӣ буд.
Дар ёддоштҳои адиби шинохтаи тоҷик Кароматуллои Мирзо низ дар бораи дӯстии ду шоири бузург– Турсунзода ва Зулфия суханҳои самимӣ  гуфта шудаанд.
- 23 апрели соли 1981 ба ман мушарраф гардид, ки бо  яке аз дӯстони наздики халқамон ва адабиётамон шоираи  машҳури ӯзбек Зулфия вохӯрам,– менависад Кароматуллои Мирзо. - Вақте ки дар бораи Мирзо Турсунзода сухан кушодам, аз чашмони шоира ашк ҷорӣ шуд. Баъди вафоти Мирзо Турсунзода аз байн чор сол  гузашта бошад ҳам, шоира барои дӯсти азизаш гиря мекард, аз марги бемаҳал, ки риштаи ҳаёти  шоири бузургро кандааст,  афсӯс мехӯрд. Барои аз байни мо  рафтани паҳлавони назми тоҷик  месӯхт, ғаму андуҳаш беандоза буд.
Вақте шеъри Турсунзодаро, ки ба ӯ бахшида буд, хотиррасон намудам, боз оби дида намуда,  дар бораи ӯ  бо дили сӯзон нақл кард. Бо Турсунзода дар бисёр сафарҳо буданаш, сазовор шудани ҳардуяшон  ба мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл  Неҳру, барои фотиҳахонӣ ба Душанбе омаданаш, бо оилаи шоири бузург ба Лучоб ба зиёрати Турсунзода рафта зор-зор оби дида карданаш нақл намуд.
Оре, дар замири ин дӯстие,  ки дар асоси ҳурмат ва эҳтироми ду шахсияти шинохтаи миллӣ сохта шудааст, дӯстии ду халқ - тоҷику ӯзбек  ҳувайдо буд.
Сулаймон ЭРМАТОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.02.2019    №: 32    Мутолиа карданд: 1506
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед