фарҳанг
СИЁҲПӮШӢ ТАБЛИҒИ ФАРҲАНГИ БЕГОНА АСТ!
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Баъди мутолиаи мақолаи иғвоангези Сайидюнуси Истаравшанӣ бобати бонувони сатрпӯш мақсад гузоштам, то қалам ба даст бигираму фикру ақоиди худро бобати ин масъала баён намоям.
Тавре маълум, борҳо таъкид шудааст, ки ҳиҷобу сатр барои миллати мо хос нест. Ин тадбир бо мақсади тарғиби фарҳанги волои халқи тоҷик амалӣ мешавад, зеро ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Воқеан, либос низ як ҷузъи фарҳанг аст. Либоси миллии тоҷикиро ифодагари назокату малоҳати бонуи тоҷик донистаанд, дар олам маҳз бо атласу адрас ва чакан симои зани тоҷикро мешиносанд.
Сайидюнуси Истаравшанӣ мисоли зани сатрпӯши босаводу бомаърифатро меорад. Ман мехостам мисоли «зани тоҷики сатрпӯши бомаърифат» - ро ҳам аз муаллиф бишунавам.
Ӯ зани бесатрро дур аз маърифату савод меҳисобад, ки ин хатост. Баръакс, ин қабил занҳо барои рушду нумӯи ҷомеаи кишвар ва тарбияи насли ҷавон талош меварзанд. Ҳақ ба ҷониби Сарвари мамлакат аст, ки дар ҳар як суҳбат бо зиёиёни кишвар, зикр менамоянд:
«…мардуми мо, ҳатто дар ҳолати азодор будан ҳам либоси сиёҳ ба бар намекунанд. Агар таърихи миллати худро варақгардон кунем, мебинем, ки бонуи тоҷик дар ҳама давру замон либосе ба бар мекард, ки хоси табиату иқлими макони зисташ буд, вале рангаш ҳеҷ гоҳ сиёҳу тира набуд».
Ин ҷо суол ба миён меояд, чаро ин тарзи либоспӯшӣ, яъне сатри аврат дар кишвар маҳдуд шуд? Аз он сабаб, ки он нишоне аз ҷонибдории ғояҳои бегона аст. Агар бархе аз занон ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарон паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ созанд.
Хулоса, он тадбирҳое, ки имрӯз роҳандозӣ гашта истодаанд, қабл аз ҳама як ҳадаф дорад – тарғиби сару- либосҳои миллии духтарону бонувон, ҳарчи зудтар ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ хотима бахшидан, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирифтан аст.
Дар ин ҷода, мо - омӯзгорон, махсусан муаллимаҳову мураббияҳо барои таълим ва тарбияи дурусти насли ҷавони тоҷик камар баста, баҳри таҳкими анъана ва фарҳанги либоси миллии тоҷик корҳои тарғиботиро вусъат мебахшем.
М. САЛИМОВА, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2019 №: 32 Мутолиа карданд: 1278