номаҳо
ЭҲТИРОМ. ИН АНЪАНАИ НЕК БОЯД ИДОМА БИЁБАД
Яке аз қишрҳои раҳнамо калонсолон ё пиронсолон мебошанд, ҳарчанд теъдоди на он қадар зиёди аҳолии мамлакатро ташкил менамоянд. Дар қатори пирони рӯзгор ман низ, ки беш аз 70 сол дорам, бо шукргузории зиёд мехоҳам чанде аз андешаҳоямро оид ба мақому манзалати ҳамсолонам иброз дорам.
Эҳтиром ва қадрдонии пиронсолон дар адабиётамон зиёд инъикос ёфтааст. Ин нишони он мебошад, ки аз қадимулайём мардуми мо ҳурмати пиронсолонро ба ҷо меоранд:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ва:
Ҳурмати пирон намову аз ҷавонӣ бас маноз,
Дон, ки пирон низ айёми ҷавонӣ дидаанд.
Дар ин радиф чунин амалҳо дар гузашта ва имрӯз аз тарафи аҳли ҷомеа нисбати пиронсолон ба ҷо оварда мешавад: ба пиронсолон роҳ ва ҷой додан, салом додан, ёрӣ расондан, хайрхоҳӣ кардан ва дуои неки онҳоро гирифтан. Солҳои зиёд аст, ки ин ҳама ба анъана табдил ёфта, ба меъёрҳои ахлоқӣ мубаддал гардидааст.
Мо - як гурӯҳ собиқадорон ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд рафтем. Барои чунин ашхос тамоми шароити зистро муҳайё кардаанд. Шахси бинанда аз он ба ваҷд меояд ва бовар ҳосил мекунад, ки онҳо танҳо нестанд.
Бале, имрӯз ҷомеа низ аз рӯи анъана, албатта, нисбат ба чунин ашхоси калонсол - пирони рӯзгордида хело ва хело ҳам амалҳои ҷавонмардонаро ба ҷо меоранд. Бояд он идома биёбад.
Бобоаҳмади АҲМАДЗОД,
раиси собиқадорони Ҷамоати деҳоти Ворух
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.02.2019 №: 32 Мутолиа карданд: 2775