туризм
ИСФАРА МАЗРАИ БОСТОНИИ ТОҶИКИСТОН
Исфара яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон маҳсуб ёфта, таърихи зиёда аз 3000 - сола дорад. Дар аксари сарчашмаҳои таърихии асри X – замони давлатдории Сомониёни бузург номи Исфара ва ҳатто чанде аз рустоҳои он зикр шудаанд. Ҳамчунин, мавҷудияти беш аз 150 ёдгорӣ дар ин гӯшаи диёр гувоҳи он аст, ки Исфара воқеан ҳам, мазраи бостонии Тоҷикистон мебошад. Сайёҳии таърихӣ - фарҳангӣ яке аз бахшҳои асосии туризми шаҳр буда, омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Исфара ҳанӯз солҳои 50-уми асри XX аз ҷониби олимони варзидаи шӯравӣ Б. А. Литвинский, Е. А. Давидович, В. Ранов, Н. Неъматов, А. К. Мирбобоев, Н. Т. Раҳимов, С. Ш. Марофиев ва У. Ҷаҳонов оғоз ёфта буд.
Яке аз ёдгориҳои беназири шаҳр бо номи Хоҷағор маъруф аст, ки дар кӯҳи Сари Соти деҳаи Чоркӯҳ воқеъ мебошад. Тибқи арзёбии муҳаққиқон чунин ғорҳо дар натиҷаи вулқонҳо ба вуҷуд омада, одамони ибтидоӣ дар онҳо зиндагӣ мекардаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон” вобаста ба ин менависад: “Эҳтимол меравад, ки одамон дар ин ҷо 12 – 15 ҳазор сол пеш аз ин, яъне дар аҳди кунунии геологӣ зиндагӣ кардаанд. Табақаи маскуни ин ҷо маҳфуз намондааст, олотҳои аз санги чахмоқ сохташударо сел рӯфта бурдааст. Вале ин ёдгорӣ аз ҷиҳати фаровонии анвои олоти чахмоқсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошгоҳи Самарқанд фарқ мекунад, ҷолиби диққат аст”.
Дар ҳақиқат, соли 1952 профессор А. П. Окладников дар ин мавзеъ ҳафриёт гузаронда, аз назди чашмаи дар поёнтари Хоҷағор ҷойгирбуда, аз чуқурии 2 - 2,5 метр осори ба одамони ибтидоӣ тааллуқдоштаро пайдо кард, ки ба ақидаи бостоншиносон таърихи аз 40 то 100-ҳазорсола доранд. Ҳоло ин бозёфтҳо дар Осорхонаи Институти таърих, фалсафа ва филологияи Академияи илмҳои Россия дар шаҳри Новосибирск маҳфузанд.
Дар даромадгоҳи мавзеи Танги Ворух, дар соҳили чапи дарёчаи Исфара катибаҳои рӯйисангиро вомехӯрем, ки аз ду катиба: ҷанубӣ ва шимолӣ иборат мебошанд. Бино ба гуфти олим А. А. Половсев, ки соли 1904 дар ин ҷо таҳқиқот гузаронда буд, катибаҳо ба асри VIII тааллуқ дошта, бо хати куфӣ ва матни тоҷикӣ навишта шудаанд ва катибаи шимолӣ қадимтар аст. Дар робита ба ин, Абдурауф Абдуманнон, директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара, иброз дошт, ки катибаи ҷанубӣ аз 18 сатр иборат буда, баъзеи онҳо хонда шудаанд, вале бо вуҷуди саъю талошҳои зиёд катибаи шимолӣ ҳанӯз ҳам чун муаммои сарбаста боқӣ мондааст.
Объекти дигари сайёҳии шаҳр мавзеи Лангари Моҳиён мебошад, ки на танҳо миёни сокинони шаҳру деҳоти Исфара, балки миёни сайёҳони хориҷӣ маҳбубияти хос дорад. Воқеан ҳам, ин ёдгорӣ дар мавзеи зебоманзар доман густурда, бо табиати дилрабояш ба кас фараҳ мебахшад. Соли 1987 як гурӯҳ муҳаққиқон бо сарварии академик Н. Н. Неъматов, доктори илмҳои таърих А. Мирбобоев, меъмор С. В. Шетухина, антрополог Т. П. Кияткина ва номзади илмҳои филология С. Султонов дар ин ҷо пажӯҳиш бурда, муайян сохтанд, ки ин мавзеъ ҳанӯз қабл аз ҳуҷуми арабҳо зиёратгоҳи аҳли деҳа ва мардуми атрофи он будааст. Олимон собит намуданд, ки бинои мазкур ду - се давраи сохтмонро аз сар гузарондааст. Қабати поёнии он ба асрҳои III - I пеш аз милод ва I - II милодӣ мутааллиқанд. Қабати болоиаш бошад, ба асрҳои XIV - XV ва давраҳои минбаъда мансуб дониста мешавад. Санадҳои хаттии нимаи дуюми асри XIX аз ин ҷо ёфтшуда, бозгӯи онанд, ки мазори Лангари Моҳиён қадамҷои Имомсадр Исомиддин Умар ибни Абдулазизи Моза, ки дар таърих бо исми Садри Шаҳид машҳур аст, мебошад. Садри Шаҳид олими намоёни илмҳои ҳикмат, мантиқ, фалсафа ва фиқҳ буда, ба ин ҷо барои зиёрати устодаш меомад. Маҳз ба ин хотир, ин мавзеъ қадамҷои Садри Шаҳид ном гирифтааст.
Боиси зикр аст, ки дар шароити имрӯза истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангӣ ва тарғибу ташвиқи онҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Бо дарки ин масъала, мардуми фарҳангпарвари шаҳри Исфара ёдгориҳоро тармиму таҷдид ва барқарор намуда истодаанд. Барои мисол, ёдгории Саидони Сарбаланд бо дастгирии соҳибкор Носирҷон Сӯфиев аз таъмир баромад. Вале боз ҳастанд масъалаҳое, ки таваҷҷуҳи бештари масъулинро тақозо менамоянд. Аз ҷумла, бо сабаби надоштани сертификати истифодаи замин, имсол 4 ёдгории таърихӣ – маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ, мадрасаи Абдуллохон, Кофар-Қалъа ва Қалъаи Сурх ба феҳристи созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод нагашт.
Дарвоқеъ, маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ нодиртарин ёдгории асрҳои IX - XI буда, ба андешаи олимон ҳеҷ як ёдгории дигари асримиёнагӣ аз ҷиҳати гулпартоӣ ва ороиш ба он баробар шуда наметавонад. Он айвоншакл буда, аз 7 сутуну 8 пешайвон иборат аст ва дар қисми болоии он рамзи чарх тасвир шудааст. Ё мадрасаи Абдуллохон, ки онро мадрасаи Қалъа низ ном мебаранд, объекти таърихии асри XVI мебошад. Кофар – Қалъа дар баландии 50 метр, дар болои шах доман паҳн карда, ба асрҳои VI - VIII тааллуқ дорад. Он дар гузашта ба сифати нуқтаи назорати роҳ хизмат мекардааст. Қалъаи Сурх ёдгории асрҳои VI – VIII мелодӣ буда, дар қисмати ғарбиаш девор ва дидбонгоҳ мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар тарафи шарқии иншоот ду хонаи назоратӣ, омочи чӯбин ва устадон пайдо шуд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доранд. Дар баробари ин, вазъи ёдгориҳое, ки дар марзи баҳс қарор доранд, ба монанди катибаҳои рӯйисангию оинаи мавзеи Қаробоғ, ташвишовар аст. Чун ба рӯйи онҳо кашидани ҳар гуна хату расм ба назар мерасад. Ҳамчунин, аксари ёдгориҳои шаҳр пажӯҳиши ҳамаҷонибаро тақозо менамояд. Зеро онҳо бозгӯи давраи муайяни таърихӣ буда, кашфашон бисёр паҳлуҳои норӯшанро равшан хоҳад намуд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Лола РИЗОӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2019 №: 33 Мутолиа карданд: 1475