номаҳо
ҲУКМИ САРБАСТА Ё ЧАРО ТАЛАБОТИ ҚОНУНРО НОДИДА МЕГИРАНД?
Бо вуҷуди дар нафақа буданам, айни ҳол барои таъмини фарзандонам ба фаъолияти омӯзгориам аз фанни химия давом медиҳам. То кунун шогирдонам аз озмунҳои фаннии вилоятию ҷумҳуриявӣ 17 медали тиллою нуқра ва биринҷӣ гирифтаанд. Ду духтарам донишҷӯ ва ду духтари дигарам дар литсей бо баҳои хубу аъло мехонанд.
Зиндагии хубу осоиштаи моро ҳамсарам – Гуландом Мӯсоева барҳам зад. Ӯ бо ҳамсари собиқаш робита барқарор карда, тарки ману фарзандон кард. Бинобар сабаби хуб набудани саломатиам ва имкони маҳдуди таъмини фарзандон, 4 августи соли 2017 бо аризаи даъвогӣ дар бораи рӯёндани алимент аз ҳисоби ӯ ба суди ноҳияи Данғара муроҷиат кардам.
Мувофиқи ҳалномаи суд аз 30 августи соли 2017 бояд аз Г. Мӯсоева ба андозаи нисфи музди меҳнат ва дигар даромадҳояш то ба балоғат расидани фарзандонам алимент рӯёнда шавад. Вале ӯ як моҳ ба андозаи 260 сомонӣ алимент супурду халос. Аз ин рӯ, 11 январи соли 2018 бо аризаи даъвогӣ дар бораи тағйир додани тартиби ситондани алимент ба суди ноҳия муроҷиат кардам. Суд аз 19 марти соли 2018 таҳти раисикунанда К. Ҳакимиён ҳалнома баровард, ки дар асоси он бояд аз 23 январи соли 2018 барои 3 фарзандам ба ҳар яке 70 сомонӣ ҷамъ 210 сомонӣ ба тариқи устувор алимент рӯёнда шавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки судя ба фарзанди калонии ман, ки ҳоло донишҷӯ аст, алимент таъйин накард.
Пас аз баромадани ҳалномаи суд Г. Мӯсоева ғайб зад. Иҷрочиёни суд ҳуҷҷат тайёр намуда, ба прокуратураи ноҳия фиристоданд. Прокуратура нисбат ба Г. Мӯсоева парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ба суд пешниҳод намуд. 25 декабри соли 2018 суди ноҳия дар ҳайати судя К. Ҳакимиён парвандаи ҷиноятии судшаванда Г. Мӯсоеваро баррасӣ карда, мутобиқи талаботи моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ӯ як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар намуд, ки бидуни огоҳ кардани ниҳоди дахлдор ҷои зисташро иваз накунад. Вале дар бораи рӯёндани қарз ва додани кумакпулӣ ба фарзандон чизе гуфта нашудааст. Пас, аз чунин ҳалнома ба ману фарзандонам чӣ суд?
Бо умед ин навиштаро ба идораи рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият» равон мекунам ва шояд дар пайи нашри он мушкили ман ҳал гардида, талаботи қонун оид ба ситондани алимент иҷро гардад.
Р. ТУМАНОВ, сокини ноҳияи Данғара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.02.2019 №: 33 Мутолиа карданд: 2460