logo

иқтисод

ЧАРОГОҲҲО БА НИГОҲУБИН НИЁЗ ДОРАНД

Чарогоҳ барои  чорвои хонагӣ манбаи асосии хӯроки арзон ва серғизо мебошад. Тақрибан, аз чор се ҳиссаи талаботи чорво бо хӯроки сабз аз ҳисоби чарогоҳҳои табиӣ таъмин карда мешаванд. Дар чарогоҳҳо маҳсулнокии чорво назар ба парвариши оғилӣ 25 - 40 дарсад афзуда, сифати маҳсулот беҳтар ва арзиши асосии он 20 - 30 дарсад кам мешавад.
Чарогоҳу алафзорҳои табиии Тоҷикистон  бештар аз 3,8 миллион гектар масоҳат дошта, дар минтақаҳои гуногун - аз водиҳои гармсер то баландкӯҳҳо доман паҳн кардаанд. Иқлиму хоки гуногун сабаби асосии ғановати набототи чарогоҳҳо мебошад. Дар  таркиби хӯроки чорво бештар аз 1000 намуди рустаниҳои гулдор – алафҳои яксолаю бисёрсола мавриди истифода қарор доранд.
Мутаассифона, алҳол вазъи чарогоҳҳои зимистонаю баҳорӣ ва тобистона хароб аст. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар натиҷаи бенизом чарондани чорво рустаниҳои беҳтарини хӯроки чорво дар чарогоҳҳо бештар нобуд мешаванд. Таркиби набототи чарогоҳҳо хеле коҳиш ёфта, дар алафзор бештар рустаниҳои ғайрихӯрокӣ - хор, рустаниҳои заҳрнок ва қадпаст мерӯянд. Бинобар ин, ҳосили умумии алафзор зиёд бошад ҳам, миқдори рустаниҳои хӯрданбоби чорво хеле кам аст. Дар алафзорҳои даштӣ ва марғзории чарогоҳҳои тобистонаи қисмати марказии Тоҷикистон ҳосили рустаниҳои хӯрокбоб 10-15 дарсади ҳосили умумии алафзорро ташкил медиҳад.
Чарогоҳҳои ҷумҳурии мо асосан мавсимианд. Тирамоҳ, зимистон ва баҳор бештари чорво дар чарогоҳҳои  зимистонӣ бонӣ мешаванд, тобистон бошад, дар чарогоҳҳои баландкӯҳ. Ба ин ҳам бештар хоҷагиҳои калони деҳқонӣ муваффақ мешаванд, зеро хонаводаҳои ҷудогона рамаи бузу гӯсфанд ташкил карда наметавонанд ва чорвои худро ба чарогоҳҳои зимистонаю тобистона намебаранд.  Хонаводаҳои алоҳида, ки миқдори моли майдаашон 10-15 сарро ташкил медиҳад, зимистону баҳор ва тобистон чорвои худро дар чарогоҳҳои назди маҳали зисташон бонӣ мекунанд. Миқдори хӯроки ин чарогоҳҳо талаботи чорворо таъмин карда наметавонад. Дар аксар маҳалҳо поймолшавии алафзор ва нобудшавии чарогоҳҳо мушоҳида мешавад. Миқдори зиёди майдони онҳо ба пайроҳаҳои чорво мубаддал гашта, эрозияи хок авҷ гирифтааст. Инчунин, бештар аз 100 ҳазор гектар чарогоҳҳои ҳосилхези наздикӯҳӣ ба воситаи шудгоркунӣ вайрон гардида, ҳоло ҳамчун заминҳои партов камҳосил гаштаанд.
Соли 2018 дар чарогоҳҳои ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон  зимистону баҳор назар ба меъёр боришот кам ва ҳарорати ҳаво  гармтар буд. Дар натиҷаи хушксолии шадид  алафи чарогоҳҳо дар оғози сабзиш (аввали моҳи апрел)  хушк шуд. Вале тирамоҳ назар ба меъёр боришот бештар ва  ҳарорати ҳаво ҳам муътадил шуд. Бинобар ин, дар миёнаи моҳи  ноябр сабзиши рустаниҳои эфемерӣ  оғоз шуд. Дар пастхамию  ҳамвориҳо ва талу теппаҳои наздикӯҳӣ сабза дамид. Ин баъд аз хушксолии шадид,   сӯхта  рафтани алафзори чарогоҳҳо ва дар баҳору тобистон рушд накардани рустаниҳо айни муддао буд. Рӯзҳои офтобии моҳҳои декабру январ рустаниҳои тезсабзи эфемерию эфемероидӣ (так-так, бузгандум, ғеша, ҷорӯбак) ба сабзиш даромаданд. Дар чунин шароит, ки алаф  ҳоло хӯрданбоб нест, чорводорон бузу гӯсфандон ва чорвои калони шохдорро ба  чарогоҳҳо ронданд. Ин амал мухолифи низоми идоракунӣ ва тавсияҳои илмию амалӣ оид ба истифодабарии устувори  чарогоҳҳо мебошад.
Нахуст, дар чарогоҳи навсабз ва сернам пайи чорво алафзорро вайрон ва нобуд карда, замини чарогоҳро сахт ва ноҳамвор  месозад. Чунин ҳолат эрозияи хокро зиёд мекунад ва сабабгори биёбоншавии маҳал мегардад. Аз тарафи дигар,  олимон ва чорводорони собиқадор медонанд,  ки гӯсфандон алафи наврустаи сабзро,  новобаста аз он, ки миқдори он кифоя аст ё не, хуб истеъмол мекунанд, аммо баъди ин онҳо дигар хошоки хушки куҳнаро намехӯранд. Дар натиҷа, агар алафи сабз кам бошад (бо сабабҳои гуногун), норасогии он молро назар ба давраи зимистон ҳам бештар хароб мекунад. Ин  гуруснагӣ бар замми харобшавии зимистона барои чорво дар давраи ҳамлу наслгирӣ хеле гарон ва хавфнок буда, сабабгори фавти бузу гӯсфандон мегардад.
Маълум аст, ки дар чарогоҳҳои камалаф ҳангоми барвақт - дар оғози рушди алафзор чарондан ҳамроҳи алафи сабз ба хӯрок хок дохил мешавад ва чорво онро якҷоя бо алаф истеъмол мекунад. Ин чорворо гирифтори касалии дарунравӣ (гастроэнтерит) мекунад ва онҳо боз бештар  хароб мешаванд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аз барвақт чарондан ҳангоми сернам будани хоки чарогоҳ сохтори алафзор ҳам сахт осеб мебинад. Дар натиҷа, чими ҷорӯбак, танарешаи ғеша ва пояҳои навсабзи гиёҳҳои эфемерӣ поймол ва нобуд мешаванд. Инчунин, дар рӯи замин аз пайи чорво чуқурчаҳои гуногун боқӣ мемонанд, ки сабабгори  тез хушк шудани хок ва рустаниҳои чарогоҳ  мегарданд. 
Хуллас,  дар аввали сабзиши рустаниҳо  то  расиши алафзор ва хушк шудани  замини чарогоҳ, инчунин, ҳарорати мувофиқи ҳаво рондану чарондани рамаи бузу гӯсфандон нораво мебошад. Нодида гирифтани низоми илмии истифодабарии устувори чарогоҳҳо оқибати ногувор дорад ва сабабгори таназзули ҷамоаи набототи чарогоҳҳо мегардад. Аз ин ҳар чорводор зарари калон мебинад. Бинобар ин, дар маҳалҳо омӯзишҳо ташкил намуда, маърифати экологии чорводорон ва истифодабарандагони чарогоҳҳоро беҳтар кардан зарур аст. Онҳо бояд усулҳои нигоҳубин ва ҳосилхезгардониву истифодабарии устувори чарогоҳҳоро хуб омӯзанд. Яъне, барои барқарор намудани сохтор ва ҳосилнокии чарогоҳҳои табиӣ ба танзим даровардани истифодабарии онҳо масъалаи аввалиндараҷа мебошад. Барои ин ҷорӣ кардани нақшаи мушаххаси  чарогоҳгардон ва дар ҳар қитъаи чарогоҳ аз рӯи меъёр ва миқдори алафзор бо навбат чарондани чорво ҳатмист.
Абдулло МАДАМИНОВ, мудири озмоишгоҳи Институти ботаника, физиология
ва генетикаи рустании Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2019    №: 33    Мутолиа карданд: 1210
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед