амрҳои президент
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ҳайати комиссия оид ба баргузории озмун ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намоянд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2019 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 310000 (сесаду даҳ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
5. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти анҷомдодашуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
6. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 09 феврали соли 2019, № АП-1165
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2019 №: 34 Мутолиа карданд: 3429