иқтисод
ШАҲРИТУЗ. НИГАРОНӢ АЗ ҶАРАЁНИ СУСТИ БУНЁДКОРИҲО
Бо мақсади дар маҳал ошно шудан бо ҷараёни корҳои ободонӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва мушкилоти аҳолӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Шаҳритуз сафари корӣ анҷом дод.
Раиси вилоят нахуст ба вазъи рӯзгори собиқадорони ҷангу меҳнат ошно шуд. Ҳангоми суҳбат бо собиқ сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Шаҳритуз» ба фарқияти теъдоди чопи рӯзнома дар қиёс ба солҳои пеш, пардохти ҳаққи қалам ва зиндагии ин пири кор таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар ин маврид гуфта шуд, ки рӯзномаи ноҳиявӣ дар аҳди шӯравӣ бо теъдоди 11 ҳазор нусха чоп мешуд. Ҳоло моҳе ду маротиба бо теъдоди камтар аз яку ним ҳазор нусха ба табъ мерасад. Бо назардошти хизматҳое, ки ин рӯзноманигор дар рушди соҳаи матбуот намудааст, ба ӯ аз номи давлату Ҳукумат мукофотпулӣ ва кумаки моддӣ расонда шуд.
Кенҷабой Хушомадови 98 - сола низ аз ҷумлаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон аст, ки раиси вилоят дар ноҳияи Шаҳритуз ба дидорбинии ӯ рафт. Иттилоъ доданд, ки ин марди рӯзгордида дар 20 - солагӣ ба ҷанг рафт ва баъди ғалаба солҳои тӯлонӣ ба ҳайси ронанда ва сохтмончӣ кор кард. 38 сол боз нафақагир аст. Дар ин муддат фарзандонро бо касбу илм фаро гирифт ва ҳоло онҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ фаъолият намуда, ҳамзамон, ӯро парасторӣ ва нигоҳубин мекунанд.
Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ ва ободкорӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ошно шуд. Тавре маълум гардид, боғи мазкур дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ мешавад. Айни замон як майдончаи футбол ба истифода дода шудааст.
Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ободкориҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Шаҳритуз - вазири маориф ва илм Нуриддин Саид аз рафти корҳои ободонӣ, бахусус тартиби шинондани дарахтон, паҳноии роҳравҳо, равшаннамоӣ ва намуди зоҳирии боғ, изҳори нигаронӣ намуданд. Дастур дода шуд, ки камбудиҳо бартараф ва ҷараёни кор дар асоси нақша, бо диду завқи баланди меъморию шаҳрсозӣ сурат гирад ва ҳамзамон, намуди зоҳирии иншооти атрофи боғ ба талаботи зебопарастӣ мувофиқ карда шавад. Зимнан гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳия ба ҷуз буттаҳои ороишӣ, дарахтони паҳнбарги сояафкан шинондан зарур аст, зеро иқлими ин минтақа бағоят гарм аст.
Баъд аз шиносоӣ бо корҳои ободонӣ раиси вилоят ва вазири маориф ва илм дар толори қасри фарҳанг бо роҳбарони ташкилоту идораҳои сатҳи вилоятиву ноҳиявӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд, ки дар он оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ҷамъбасти фаъолияти солона, вазифаҳо барои соли 2019 ва омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузориҳо сурат гирифт. Раиси ноҳия Рамазон Оймаҳмадзода зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бақияпулии андоз тақрибан 2 миллион сомонӣ кам шуд. Қарздорӣ аз ҳисоби хизматрасонии барқ 14 миллион сомониро ташкил медиҳад. 20 фоизи қувваи барқ талаф ёфтааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ кам шудааст.
Раиси вилоят бо нигаронӣ гуфт, ки дар ноҳия таҳлилҳои дуруст ба назар намерасанд. То ҳол теъдоди қассобон, чеварон ва ҳунармандони мардумӣ, аз қабили табақтарошону сандуқсозҳо, инчунин, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дақиқ карда нашудааст. Дар робита ба ҳалли ин мушкил ҳамоҳангии кор миёни шуъбаи омор ва дигар ташкилоту идораҳо, бахусус, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вуҷуд надорад.
Дар самти саноатикунонӣ пешравӣ кам ба чашм мерасад, ҳарчанд барои рушди ин соҳа заминаҳо вуҷуд доранд. Барои мисол, аз ҳудуди ин ноҳия дарёи Кофарниҳон мегузарад, аммо то ҳол як корхонаи сангу шағал бунёд нашудааст ва муштариён ин маҳсулотро аз ноҳияи Қубодиён дастрас мекунанд. Коргоҳи дӯзандагии «Зебо» бошад, бо доштани 60 дастгоҳи дӯзандагӣ ба камбуди молиявӣ мувоҷеҳ шуда, аз истеҳсол бозмондааст. Фаъолияти фабрикаи коркарди пила ҳам чандон хуб нест.
Кори зиёд намудани саршумори чорво бо вуҷуди амал кардани барномаи давлатии бордоркунии сунъӣ беҳбудӣ мехоҳад. Истеҳсоли гӯшту тухм дар соҳаи хусусӣ ва ҷамъиятӣ дуруст таҳлил намешавад. Моҳе дар ин ноҳия, ки шумораи аҳолӣ 126 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ҳамагӣ 9 ҳазор дона тухм истеҳсол мешавад. Ноҳия ба коргоҳи маҳсулоти қаннодӣ ниёз дорад. Ҳарчанд дар иқлими ноҳия парвариши сабзавот дар гармхонаҳо камхарҷ аст, ба рушди ин шакли хоҷагидорӣ чандон таваҷҷуҳ зоҳир намегардад.
Имсол иди «Сайри лола» бошукӯҳ таҷлил карда мешавад, аммо дар ноҳия як дона гули лола ҳам нашинондаанд. Дар масоҳати хеле кам майса кишт шудааст. Корҳои гулшинонӣ ва парвариши гул дар сатҳи паст қарор доранд.
Сатҳи дониши хонандагон хуб нест. Дар ноҳия то ҳол идрорпулии раиси ноҳия барои хонандагони болаёқат таъсис дода нашудааст. Аз 192 компютери пешбинишуда, танҳо 15 адади он ворид гардидааст.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зимни баромади худ аз ҷараёни сусти корҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин зимн, гуфта шуд, ки кашолкорӣ дар ҳуҷҷатгузориҳо вобаста ба дастрас кардани қитъаҳои замин соҳибкоронро дилхунук кардааст. Ҳарчанд тибқи дурнамо то соли 2021, бояд 30 фоизи кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шаванд, дар ноҳия то ҳол ягон кӯдакистони хусусӣ амал намекунад.
Масъалаи дигаре, ки ба он роҳбари вилоят таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою ҷинояткор ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон буд. Аз ҳудуди ноҳия 101 нафар ба давлатҳои ҷангзадаи мусалмонӣ рафта, танҳо 40 нафарашон баргаштаанд. Вазъи муассисаҳои фарҳангӣ ва таъминоти онҳо бо асбобҳои мусиқӣ ислоҳ металабад. Китобхонаву қасрҳои фарҳанг ҳоли ногувор доранд. Китобхонаҳо рӯзҳои истироҳатӣ кор намекунанд ва рӯзномаи ноҳиявӣ бошад, бо теъдоди кам ба табъ мерасад. Бо ин сабабҳо сокинон аз илму маърифат дур шуда, қисмате аз онҳо ба ҳизбу созмонҳои ифротгаро пайвастаанд.
Таҳлилҳо нишон додаанд, ки аксари арзу шикояти сокинонро дар ноҳия ҷудо кардани қитъаи замин, дарёфти кумаки молиявӣ ва гилагузорӣ вобаста ба суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ташкил медиҳад. Эътирозҳои прокурорӣ нисбат ба қарорҳои раиси ноҳия аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки масъулон дар самти истифодаи замин хунукназарӣ мекунанд.
Вазъи роҳҳо ва пулҳо ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар ноҳия 4 бозор амал мекунад, ки дар онҳо ба риояи талаботи санитариву гигиенӣ аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Савдои кӯчагӣ зиёд аст ва дар самти тозагӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ даҳҳо камбудӣ ҷой дорад.
Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулон супориш дод, ки ҷараёни корҳои ободонӣ дар 360 иншооти ҷашнӣ тезонда шавад.
- Дар амалӣ шудани иқдомоти мазкур бояд, қабл аз ҳама, роҳбарон, шурӯъ аз раиси ноҳия то сардорони ташкилоту муассисаҳо намунаи ибрат бошанд, - гуфт раиси вилоят.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2019 №: 35 Мутолиа карданд: 911