маориф
МАОРИФ ВА УСТУВОРИИ ПОЯИ ДАВЛАТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи илму дониш дар тамоми зинаҳои таҳсилот тадбирҳои зарурӣ меандешанд, зеро соҳаи илми мазкур дар сиёсати давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Сарвари давлат ба таҳсилоти томактабӣ ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Зинаи таҳсилоти томактабӣ аз умдатарин зинаҳои таълим маҳсуб ёфта, бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин, омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда шудааст.
Таваҷҷуҳ ба зинаи томактабӣ ва бинои муассисаҳои томактабӣ тадбири хеле муҳим ва саривақтӣ буда, барои ояндаи насли наврас ва таҳкими қувваи зеҳнии мамлакат муҳиму муфид аст. Бо ин мақсад, Президенти кишвар таъкид намуданд: «Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем».
Масъалаи забономӯзӣ, махсусан омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, мавзӯи муҳими Паёми Президенти мамлакат буда, бинобар таъкиди Пешвои миллат натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат барои бартараф кардани ин мушкилот ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш доданд, то дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.
Аълохоҷа ХОЛОВ,
ходими илмии маркази мероси хаттии Академияи илмҳо
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2019 №: 35 Мутолиа карданд: 1429