ҳуқуқ
ВМКБ. ҲАМКОРӢ БО СОКИНОН САМАР МЕДИҲАД
- Соли 2018 давраи гардиши муҳим дар таъмини волоияти қонун ва мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди ВМКБ дар ду даҳсолаи охир ба шумор меравад. Ин амр баъд аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят дар моҳи сентябри соли гузашта ва супоришҳои қатъии Сарвари давлат барои аз байн бардоштани тамоми қонуншиканиҳо имконпазир шуд.
Ин матлабро Аламшоҳзода Абдураҳмон Аламшоҳ, муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар нишасти матбуотӣ баён кард. Номбурда, ки ҳамзамон, ба Ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ роҳбарӣ мекунад, зикр кард, ки аз 398 ҷинояти дар соли 2018 сабтшуда 326 ададаш дар се моҳи фаъолияти ситод ошкор шуд. Аз ҷумла, аз гурӯҳҳои ҷинояткор 362 намуд силоҳи оташфишон мусодира гардид. Қисмати бештари он ба таври ихтиёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ супурда шуд.
Дар алоқамандӣ ба таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, танзими ҳаракати нақлиёт дар вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. 25 нафар ҷинояткори дар кофтуков қарордошта дастгир ва 7 нафари онҳо барои ҷиноятҳои содирнамудаашон равонаи зиндон гардиданд. Вале таъкид шуд, ки аксари ин ҷинояткорон ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада, ба гуноҳашон иқрор гаштанд. Ба ин далел, дар асоси қонунгузорӣ ба онҳо ҷазои нисбатан сабук татбиқ карда шуд.
Аз ҷониби нозирони БДА 9179 далели қонуншикании ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбат ба 68 нафар 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ гардида, 80 нафар ба муҳлати 5 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шуд. Дар ин давра, барои дахолат, таҳқир ва монеъ шудан ба фаъолияти қонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 40 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. 164 мошини сиёҳшиша боздошт ва соҳибонашон дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 2130 воситаи нақлиёт аз муоинаи ҳатмии техникӣ гузаронда шуд. Ба таъкиди Абдураҳмон Аламшоҳзода дар ҳолати сархушӣ идора намудани нақлиёт ва риоя накардан ба қоидаҳои ҳаракати роҳ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш - садамаҳои нақлиётӣ ва фавти одамон дар ин замина гардиданд. Пешгирии вайрон кардани қоидаҳои роҳ имкон дод, ки ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои вилоят, бахусус маркази маъмурии он - шаҳри Хоруғ ба низоми муайян дароварда шавад.
Дар нишасти матбуотӣ халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби ноболиғону наврасон нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Барои қонуншиканӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба 413 нафар волидон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва дар асоси қонунгузории кишвар аз онҳо ҷарима ситонда шуд.
Муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳори хушнудӣ кард, ки дар кори ба даст омадани ҳамаи муваффақиятҳо дар давоми фаъолияти Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят маҳз дастгирии бевосита ва ҳамкории ҳамаҷонибаи сокинони бонангу номус ва шарафманди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои он нақши ҳалкунанда дошт.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.2019 №: 36 Мутолиа карданд: 927