logo

иқтисод

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. БУНЁДИ 414 ИНШООТ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Соҳибистиқлолӣ ва сулҳу суботи кишвар замина фароҳам овард,  ки симои шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон комилан дигаргун гардад. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла маъмурӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту хиёбонҳои гулпӯш ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ диққати асосӣ ба корҳои бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ ва ба истифода додани муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона гардидааст. То баргузории ин ҷашн 414 иншоот, аз ҷумла 76 иншооти маърифатӣ (мактаб, биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаҳои томактабӣ,  марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ, забономӯзӣ), 72 сартарошхона, 45 маркази саломатӣ, бунгоҳи тиббӣ, ташхисгоҳи замонавӣ, коргоҳҳои дорубарорӣ ва дорухонаҳо, 3 китобхона, 35 толору майдони варзишӣ, 9 растаи ҳунармандӣ,  9 кошонаи ҳусн, 5 ҳаммом, 4 маркази дилхушӣ, 8 гулгашт, 10 иншоот оид ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ,  15 пул ва роҳ, 68 маркази савдо, мағозаю дукон ва марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин, 17 корхонаи истеҳсолӣ, бунёд мегардад.
Соли сипаришуда 27 иншоот, аз ҷумла 7 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 3 майдонча ва толори варзишӣ, 4 иншооти коммуналӣ, 6 коргоҳи истеҳсолӣ ва 4 иншооти хизматрасонӣ, ба истифода дода шуд.
Рустам Акрамзода, раиси ноҳия, гуфт, ки иншооти ба истифода додашуда, аз ҷумла мағозаи хӯрокворӣ, дорухона ва нуқтаи тезтайёр дар кӯчаи Шерозии шаҳраки Сомониён аз тарафи соҳибкор А. Ҳамдамов, нуқтаи шоназании пахта аз тарафи  соҳибкор Шамсуддин Мирзоев дар деҳоти Чоргултеппа, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Гулбутта бо арзиши 100 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, гузарондани қубури оби нӯшоӣ дар деҳаи Боғаки Поёни Ҷамоати деҳоти Эсанбой, бинои маъмурии шуъбачаи минтақаи Эсанбойи ШВКД - 1 - и ноҳияи  Рӯдакӣ, корхонаи мурғпарварӣ ва коргоҳҳои истеҳсолии ҳасиббарорӣ, мебел ва хишт аз тарафи соҳибкор Хайрулло Давронов дар деҳоти «Россия», маҷмааи варзишӣ барои машқ, футболи хурд, бокс ва ҳаммом бо таъсиси 5 ҷои корӣ дар деҳаи Обчакорони Ҷамоати деҳоти Чимтеппа аз тарафи гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ, маркази савдо дар деҳаи Корвони Ҷамоати деҳоти Чимтеппа аз тарафи соҳибкор Хайриддин Тоиров ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ сохта шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигари ҷашнӣ бомаром идома доранд.
Рустам Акрамзода аз дастовардҳои назарраси ноҳия ва омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар самти корҳои ободониву созандагӣ ёдовар гардида, баён дошт, ки сокинони ноҳия аз ин ҳама ободиву пешравиҳо шукргузоранд ва талош доранд, ки дар пайи иҷрои ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷашни бузурги миллиро сазовор истиқбол намоянд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.02.2019    №: 37    Мутолиа карданд: 1184
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед