ҳуқуқ
НИГАРОНӢ. ЧАРО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР БАЙНИ НОБОЛИҒОН АФЗОИШ ЁФТ?
Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки қатъи назар аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳкунии ҷинояту ҷинояткорӣ соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ дар байни ноболиғон содир намудани ҷиноят афзоиш ёфтааст, ки боиси нигаронист.
Дар робита ба ин, Бахтиёр Нуриддинзода, прокурори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар соли 2018 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 907 ҷиноят сабт шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҷиноятҳо аз ҷониби 780 ноболиғ содир гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 217 ҷиноят ё 31,4 дарсад зиёд мебошад. Дар байни нафарони ба ҷинояткорӣ айбдоршаванда 25 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, ки ҷойи таассуф аст. Соли гузашта дар содир намудани ҷиноятҳои гурӯҳӣ 85 нафар ноболиғ, аз ҷумла 65 нафар дар якҷоягӣ бо калонсолон ва 20 нафар дар гурӯҳи ноболиғон, иштирок намудаанд. Аз шумораи умумии ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд, 231 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 нафар миёнаи махсус ва 6 нафар хонандаи омӯзишгоҳҳои касбӣ буда, 539 нафаро ноболиғоне ташкил медиҳанд, ки ба кор ва хондан машғул нестанд.
Категорияи ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғон дар ин давра одамкушӣ 1, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ 11, таҷовуз ба номус 3, ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ 10, тайёр кардан ва истифода бурдани моддаҳои нашъаовар 5, дуздӣ 630, қаллобӣ 20, ғоратгарӣ 27, роҳзанӣ 3, авбошӣ 89 ва дигар намуди ҷиноятҳо 108 ҳолатро ташкил медиҳад.
Зиёдшавии ҷинояти ноболиғон дар соли 2018 бештар дар вилояти Хатлон ба чашм мерасад, ки 223 ҳолатро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 - ум 42 ҳолат ё 23,2 дарсад зиёд мебошад. Дар вилояти Суғд бошад, 207 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2017 - ум 37 ҳолат афзудааст. Дар шаҳри Душанбе 288 ҷиноят ошкор гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипарӣ 168 ҳолат бештар аст.
Таҳлилҳои сабабу омилҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон нишон медиҳанд, ки маҳз беназорат мондан ва ба кори фоиданок машғул нагаштани онҳо мебошад. Масъалаи дигар ин аст, ки на ҳамаи падару модарон дар иҷрои уҳдадориҳои худ нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ худро масъул мешуморанд. Ҳамчунин, бекориву оворагардӣ ва дур мондан аз ҷараёни таълиму тарбия яке аз сабабҳои дигари даст ба қонуншиканӣ задани ноболиғону ҷавонон арзёбӣ мегардад, ки бояд дар ин самт ҳам падару модарон ва ҳам ниҳодҳои марбутаи давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ чораҳои судманду бетаъхир андешанд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2019 №: 37 Мутолиа карданд: 1053