фарҳанг
БОСМАЧИГАРӢ. АЗ ТУНДГАРОӢ ТО ДУШМАНӢ
Дар шумораи № 24 аз 31 январи соли равон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” мусоҳибаи рӯзноманигор Абдулқодири Раҳимро бо доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов таҳти унвони “Ба таърих бо чашми хирад бингарем, ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ шуд?” бо мароқи том мутолиа намудам.
Мусоҳиба ба муаррифии ҳаракати босмачигию кӣ будани босмачиҳо бахшида шудааст. Ва дар ин бобат дар мусоҳиба бо Иброҳим Усмонов тазаккур ёфтааст: “Идеологияи босмачигарӣ чӣ буд? Оё он мавриди қабул аст ё не? Барои рӯшан шудану дарёфти мақсад чанд нафарро ном мебарам: Анварпошо, Иброҳимбек, Қароқизилпошо, Салимпошо, Юсуф Зиё, Сурайёафандӣ. Инҳо турканд. Осиёимиёнагӣ нестанд. Аз Туркияи онрӯза омадаанд ва дар Бухоро ҳаракати босмачигариро ба вуҷуд оварданд. Тасаввур бикунему бипурсем, ки онҳо ба мо чӣ иртибот доранд? Баъзе бо даъво мегӯянд, ки Армияи Сурх ба мо бегона буд. Бигузор чунин бошад. Аммо ин туркон киҳоянд? Хешанд? Аз Туркия омада, ақидаву идеологияи туркиро дар Бухоро ҷорӣ кардан хостанд”.
Аз ҳамин нуқтаи назар ба ҳаракати босмачигарӣ баҳо дода, пурра ба андешаҳои олими варзида Иброҳим Усмонов мувофиқам. Мавсуф туфайли таҳлили амиқи ин падидаи таърих дар такя бо факту даделҳои раднопазир чи ҳадафу мақсадҳо доштани ҷараёни босмачигариро тавзеҳ додаанд. Баъди матолиби банашррасида ва андешаҳои олими тавоно дар ин хусус чизи наве гуфтан муҳол аст, аммо ба ҳақиқати таърих такя намуда, мехоҳам чанд мулоҳизаҳои хешро дар атрофи ин масъала иброз дошта бошам. Қабл аз ҳама, ба истилоҳи “босмачӣ” равшанӣ бояд андохт, ҳадафу мақсадҳои онҳоро аниқ кард. Чӣ мақсад доштанд, босмачиҳо? Нигоҳ доштани пояи давлатдории пӯсидаи амирони манғит, ба зулму асорат гирифтор ва ба таассубу хурофот гаравидани оммаи мардум, талаву тороҷи амволи сокинон ва гузарондани ҳукми худ ба онҳо. Аслан “босмачӣ” вожаи туркӣ буда, ҳаракати сиёсӣ - ҳарбӣ ва партизании тундгароёнаи динӣ аст. Ин ҷараён баъди ғалабаи Инқилоби Октябри соли 1917 зуҳур карда, дар қаламрави Туркистон барои ҳимояи манфиатҳои мулкдорону дороёни маҳал, маҳв кардани дастаҳои Армияи Сурх амалиётҳои мусаллаҳона мебурд. Таърихи садаи охири тоҷикону Тоҷикистон худ далелҳои фаровоне дорад, ки ҷараёни босмачигарӣ на аз дидгоҳи фикрӣ, на аз назари сиёсӣ ҳаргиз ҳаракати миллӣ набуда, балки ҷонибдору пуштибонони парчамбардорони он нафароне маҳсуб меёфтанд, ки бо истифода аз дини ислом мехостанд ҳадафҳои сиёсии хешро пиёда кунанд ва дар умум ба тарҳу бунёди давлати исломӣ даст ёбанд. Аз ҷониби дигар бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки оғоз аз ибтидои асри гузашта туркҳо кӯшиш ба харҷ доданд, ки забони халқҳои Осиёи Миёна – ӯзбекҳо, қирғизҳо, туркманҳо, қазоқҳо туркӣ бошанд. Забони худашонро ҷорӣ кардан мехостанд. Аммо ин халқҳо онро ба ҳеҷ сурат напазируфтанд. Он вақт ҳамин гуна парчам амири Бухоро маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, бадхоҳони давлату миллат дар атрофи амири маъзулшуда муттаҳид шуда, барои амалӣ сохтани ниятҳои худ саъю талош меварзиданд. Пантуркистон дар ин маврид ба нафароне такя мекарданд, ки ақидаи сиёсии устувор надоштанд ва мехостанд мисли пештара дар курсии амал нишинанд. Мутаассифона, баъзе аз равшанфикрони тоҷик низ ба моҳияти масъала амиқ сарфаҳм нарафта, ҷонибдори ин тоифа мешуданд. Такрори таърихро бубинед, ки даҳ аср муқаддам маҳз бо пофишории туркгароён давлати абарқудрати тоҷикон - Сомониён таназзул ёфт. Аз ин рӯ, дар оғози қарни гузашта асосан ин ҷараён аз сӯи равияҳои фикрие амсоли панисломистҳову пантуркистон идора мешуд.
Имрӯз бархе аз ҷонибдорони ин ҳаракат аз босмачиён қаҳрамони миллӣ метарошанд. Шояд ин “озодандешон” авлоду аҷдоди собиқ босмачиён бошанд, ки ба ҳимояи ному шарафи бобоёни худ бархостаанд? Ба андешаи онҳо босмачиён барои ҳифзи марзу бум, дину оин ва фарҳангу суннатҳои миллӣ дар талош буданд. Вале воқеият он аст, ки босмачиён ҳаргиз ҷонибдори мардуми одӣ, бомаърифат ва соҳиби як порча замин шудани оммаи меҳнаткаш набуданд. Балки ҳадафи онҳо як умр бандии заминдору соҳибмулк ва муҳтоҷи як бурда нон будани мардуми меҳнаткаш буд. Ба қатл расондани се муаллимаи ғармӣ, бузкашӣ намудани ду омӯзгори хистеварзӣ, ки мактаби типи навро афзалтар аз мактаби куҳна дониста, барои маърифатнокшавии фарзандони мардум саъй меварзиданд, баёнгари мақсадҳои нопоки ин тоифа “миллатдӯстон” метавон арзёбӣ кард.
Ба ҳайси сардори раёсати маорифи вилоят маро бисёр мулоқоту вохӯрӣ бо зиёиён, онҳое, ки аз таърихи гузаштаи халқи азиз ба хубӣ огаҳанд, иттифоқ меафтанд. Чун сухан аз таърихи диёр, барқарорсозии Ҳокимияти Шӯравӣ, маъракаи маҳви бесаводӣ, корномаҳои аввалин машъалбардорони маорифи халқ, оқибатҳои ҷанги бародаркуши солҳои навадуми қарни гузашта меравад, онҳо бо як ҷаҳон нафрату надомат кирдорҳои ваҳшиёна ва нохалафонаи “ҳомиёни дини ислом”-ро ёдовар мешаванд. Зимни таълифи китоби “Авзои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои навадуми қарни ХХ ва ибтидои садаи ХХI” (Хуҷанд “Ношир” , 2007”) сабаб ва омилҳои барангехтани ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар таҳлил намуда, ба он мутмаин гардидам, ки душманони миллат барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз эҳсоси динии мардум фаровон истифода мебаранд. Дар он айём фитнаангезию найрангбозӣ, дурӯғгӯиҳо ба авҷи аъло расид. Майдоннишинҳои “Шаҳидон” тариқи фатвою маъвизахонӣ, амри маъруф мардуми дар сиёсат ноустуворро бо таҳдиди кофиршавӣ, дӯзахӣ шудан ва баръакс дар сурати ҳамовозӣ ба даъвати онҳо ваъдаи биҳишти адн, шаҳиди аъло, наздикшавӣ ба Худовандро медоданд. Баъди ҳафтод соли салтанати Ҳокимияти Шӯравӣ бо ҳамдастӣ бо хоҷагони хориҷии худ ин неруҳои ифротӣ боз рӯ ба сиёсат оварданд, бо баҳонаи барпо намудани давлати исломӣ басо хунрезиҳо карданд. Дар ин ҷанги бемаънӣ даҳҳову садҳо неруи зеҳнии кишвар, онҳое, ки хазинаи тиллоии давлату миллат маҳсуб меёфтанд, ё кушта шуданд, ё аз мамлакат бадар рафтанд.
Магар мо фаромӯш карда метавонем, ки босмачиҳо бо дасти кӣ хешу ақрабои худро куштанд? Мо гуфта метавонем, ки босмачиҳо босавод буданд? Агар босавод мебуданд, ба хизматҳои таърихии Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Шарифҷон Махдуми Садри Зиё ва дигар равшанфикрони замон арҷ мегузоштанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо ҳатто нафароне пайдо шудаанд, ки санг бар навиштаҳои устод Айнӣ мезананду мехоҳанд ба афкори зиддитаассубии ин устоди бузург ва қаҳрамони ҳақиқии миллат хати батлон кашанд. Магар, он ҳама ваҳшонияте, ки устод Айнӣ дар китобҳои “Таърихи инқилоби Бухоро”, “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Ғуломон” ва амсоли ин тасвир намудаанд ва дар онҳо нақши ин босмачиёне, ки ҳамон ҳадафи бунёди чунин давлатҳои ба номи “исломӣ”-ро пайгирӣ мекарданд, ҳамагӣ инкори таърих аст?
Ба таърихи солҳои бистуми асри гузашта, ки тақсимоти маъмурӣ - ҳудудӣ он солҳо сурат гирифта буданд, назар андохта, зарурати боз як таъсири манфии ҳаракати босмачигариро қайд кардан пеш меояд. Дар он айём дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифта буд. Дар ин маҳалҳо дастаҳои мусаллаҳи қурбошиҳо Мулло Муҳаммад Иброҳимбек ва Давлатмандбек девонбегӣ - сарлашкарони ба ном ислом ҳаргиз намехостанд, ҳокимиятро аз даст диҳанд, ба талаву тороҷи молу мулки мардум машғул буданд.
Боз як зарари ҷиддии босмачигарӣ аз он иборат буд, ки мо аз ҳудуди маъмурии тоҷикнишин маҳрум мондем.
Душманони миллат бо истифода аз минбарҳои расонаӣ иддао доранд, ки он замон низ мардуми одӣ ва гурӯҳу қавмҳо ба босмачиён эътимоди қавӣ доштанд. Дар симои онҳо ҳимоятгар, пуштибон ва додраси худро медиданд. Пантуркистон аз имконияти мусоиди бесарусомонӣ дар кишвари Туркистон самаранок истифода карда, ҷавонони ташнаи илм ва таҳаввулотро ба мактабҳои махсуси тайёркунандаи равияи пантуркизм ҷалб ва дар зеҳни онҳо ҳисси тоҷикбадбиниро бедор мекарданд. Дар натиҷа, бисёре аз дастпарварони ин мактабҳо барои амалӣ намудани сабақҳои хоҷагони туркашон барои забони давлатӣ шудани забони туркӣ дар қаламрави Туркистон кӯшиш ба кор мебурданд.
Мо ба онҳое, ки босмачиҳоро қаҳрамони халқ меҳисобанд, гуфтанием: босмачигарӣ, ҳамчун ҳаракати сиёсӣ - ҳарбӣ ва партизании тундгароёнаи динӣ ба ҳеҷ ваҷҳ аз халқ пуштибонӣ намекард, балки душмани ашаддии миллати тоҷик буд. Ва таърих ҳаргиз онҳоро нахоҳад бахшид.
Осим КАРИМЗОДА, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд,
доктори илмҳои таърих, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.02.2019 №: 37 Мутолиа карданд: 840