logo

ҳуқуқ

ЗЕРИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ САФ КАШЕМ Ё ХУД ХИТОБА БА ХОДИМОНИ ДИН

Ба шароити ноороми олам, ки дар он аксаран хонаҳои мардуми мусулмони Шарқ месӯзанд, назар намуда, дили кас реш мегардад. Мусулмонон дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон даст ба куштори якдигар зада, гӯё фаромӯш кардаанд, ки ҳамаи онҳоро Худои якка офаридааст. Ба назари мо онҳо ин ҳақиқатҳоро фаромӯш накардаанд, аммо аз ёд бурдаанд, ки ҳамагӣ фарзандони  Ҳазрати Одаманд. Онҳо ҳама дарду ранҷро баробар эҳсос мекунанду  саодатро, инчунин,  хоҳонанд. Онҳоро  умумиятҳои бузурге,  мисли халқият, миллат, мазҳаб, дин  ва одамият муттаҳид кардааст.

Маҳз ҳамин иттиҳоду ваҳдат дар аксари мавридҳо ба оромию вазъи муътадили эътиқод дар масири таърих мусоидат хоҳанд намуд. Вақти он расида, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳо ва фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам  мебошанд,  таҷдиди назар  созанд.  Маҳз арзишҳои миллӣ ва давлати соҳибихтиёр чи дар масири таърих ва чи имрӯз дар шароити муосир  қодир аст, ки фазои ороми моро таъмин намоянд. Ин ҳақиқати бебаҳсро соҳиби дин гуфтааст,  асосгузори мазҳаби мо таъкид карда ва бузургонамон бо арҷгузории урфу одат ва анъанаҳои миллӣ собит кардаанд.  Ислом ва бузургии он маҳз бо ҳамин гуногунрангии миллию фарҳангӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию неъматҳои истиқлолияти халқу кишварҳои олам ҳифз гардидааст. Исломро на шамшери ғазовот, на тундгӯию куштор, балки ҳурмату эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои олии инсонӣ ва миллии халқу миллатҳои мухталиф дини ҷаҳонӣ намудааст. Имрӯз ба хотири кадом як манфиатҳои пасипардагӣ поймол намудани арзишҳои миллӣ хилофи ахлоқ, дини ислом ва масъулияти муқаддаси давлатдории миллат мебошад.
Масъалаи мазҳаб ва миллат дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун ду шохаи худшиносии инсонҳо мавҷуд буд. Манфиатҳои миллӣ ифодагари якпорчагии марзу бум, сиёсат, давлат ва рушду нумӯи зиндагии инсонҳо маҳсуб мешавад.
Аз ин нуқтаи назар, агар мо ба таърихи дини ислом ва мавҷудияти миллатҳое, ки ин динро қабул кардаанд, бингарем, дар нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, забон ва арзишҳои миллатҳои ғайри араб, хусусан тоҷикон, хидматҳои сарвари мазҳаби мо - Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит(р) аз ҳама бештар ба назар мерасад.
Ин ҳама хидматҳои ӯ маънии онро дошт, ки арзишҳои миллӣ камтар аз падидаҳои динӣ ва мазҳабӣ нест ва онҳо дар рӯзгори инсоният нақши бориз доранд ва бидуни онҳо инсоният асли худро аз даст хоҳад дод.
Имрӯз мо - ходимони дин дар кишвар бояд фаромӯш накунем, ки  дар асри бисту як зиндагӣ мекунем ва миллати тоҷик зиёда аз 1300 сол пеш дини мубини исломро қабул карда буд. Фарзандони миллат дар мисоли Имоми Аъзам, Имом Ал-Бухорӣ, Хоҷа Ҳафси Кабири Бухорӣ ва садҳо нобиғаҳои миллат барои дини мубин ва пойдории шариат хизмат карданд, аммо арзиш ва муқаддасоти миллиро ҳама вақт дар мадди аввал гузоштанд ва ба ин муваффақ ҳам шуданд.
Аз ин рӯ, ман ҳамчун як фарзанди миллат, як ходими дин нооромиҳои олам ва хусусан, суиистифода аз дини исломро дида, бо ҳисси масъулият ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва хусусан, ба ходимони дини кишвар муроҷиат менамоям, ки дин имрӯз бояд ҳамчун ақидаи муқаддас, пок, беолоиши сиёсӣ, тарғибгари одобу ахлоқ, дӯстию рафоқат, шаъну шарафи инсонӣ ва ҳидоятгари мардум хизмати худро баҷо биёрад. Мо дар пайравии ин бузургон бояд дар байни мардум чунон фаъолият намоем, ки миллат зери парчами миллӣ ҷамъ ояд, ба қадри истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва хидматҳои  Пешвои миллат  бирасем.
Агар андешаи миллиро пойдор ва муқаддасоти онро устувор нигаҳ дорем, саодати миллат бардавом ва  дар он вақт рӯҳи бузургон аз мо шод, кишвар обод ва миллат сарбаланд мешавад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, сархатиби вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 901
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед