logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ОҚИБАТИ МАСТӢ
Қатли ҳамсар ба дасти шавҳар
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон марди 33 - солаеро дастгир намуданд, ки дар содир намудани ҷинояти куштор гумонбар мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин мард, ки қаблан барои содир кардани ҷиноёти гуногун маҳкум шудааст, 17 феврал дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро бо чӯбдаст шадидан латукӯб менамояд. Дар натиҷа ҳамсараш, ки аз ӯ зани 23 - сола ном бурда мешавад, бо ҷароҳатҳои вазинин ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 
Айни ҳол, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ТЕРРОРИЗМ
Боз як мубаллиғи «Давлати исломӣ» паси панҷара рафт
Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Рустамҷон Мегнатов, сокини ҳамин ноҳияро барои тарғиби ақидаҳои террористӣ ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, номбурда соли 1997 мадрасаи исломии шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) – ро хатм карда, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Р. Мегнатов ҳангоми дар Федератсияи Россия (аз соли 2001 то соли 2015) қарор доштанаш аз шаҳри Москва ба Туркия рафта, пинҳонӣ ба ташкилоти террористию экстремистии «Давлати исломӣ» аъзо ва шаҳрвандони ин кишварро барои шомил шудан ба он даъват менамояд. Номбурда, 15 апрели соли 2017 аз Туркия ба Тоҷикистон омада, дафъатан мақсади ба Сурия рафтану ба қавли худ «ҷиҳод» кардан дошт. Вале ба ин ҳадафи нопок нарасид ва мунтаҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, тибқи моддаи 3073 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. 

ТАҲҚИР
Ронандаи беадаб ҷарима шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз дастгир ва ҷаримаи ронандае хабар дод, ки ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳаёти Нави пойтахт нисбат ба Сарагул Носирова, роҳрӯби раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино беэҳтиромӣ намуда, ӯро бо алфози қабеҳ дашном кардааст.
Тибқи иттилои манбаъ, боздошти ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес – Бенс» Абдуқодир Ширинов аз сӯи кормандони милитсияи пойтахт дар пайи муроҷиати Сарагул Носирова тавассути телефони боварии РВКД дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст.
Дар натиҷа, барои тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудан, шаъну шарафи шаҳрвандро паст задан нисбат ба ронанда бо моддаи 460 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуд. Сипас, бо ҳукми суди ноҳияи Сино ба Абдуқодир Ширинов ҷазо дар намуди ҷарима таъйин гардид, ки бояд намунае барои парҳез аз чунин рафтори номуносиб бошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.02.2019    №: 39    Мутолиа карданд: 936
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед