фарҳанг
МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ҶАЛБИ САЙЁҲОН
Яке аз дастовардҳои бузурги соли 2018 дар соҳаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихӣ – фарҳангӣ, ки бо иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гаштааст, ин омода намудани феҳристи ягонаи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангию меъморӣ мебошад. Зеро ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии шоистаи онҳо омили муҳими ҷалби ҳам сайёҳони дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба шумор меравад.
Мувофиқи рӯйхати пешакӣ, ки бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси харитаи бостоншиносӣ тартиб ёфтааст, дар кишвар 3047 ёдгории таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ мавҷуд аст.
Лозим ба ёдоварист, ки Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992 аз байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин давлати соҳибистиқлоле буд, ки барои узвият ба Созмони мероси фарҳанги ҷаҳонӣ ЮНЕСКО дархост пешниҳод намуд ва аъзои он шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат дар пешбурд ва ҳифзу истифодаи мероси фарҳангӣ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иқдом гирифта буданд.
Ҷиҳати пешниҳоди ёдгориҳои фарҳангӣ ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шурӯъ аз соли 2000 ҳашт ёдгории мероси ғайриманқул ба рӯйхати силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар шаҳри Сенани Ҷумҳурии Мардумии Чин номнавис гардид. Инҳо ёдгориҳои Панҷакенти қадим, Бунҷикат, шаҳри бостонии Ҳисор, шаҳраки элинистии Тахти Сангин, дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳри Хоҷамашҳад, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, қалъаи Ямчун ва ёдгориҳои водии Вахон мебошанд.
Вобаста ба дастури Пешвои муаззам ҷиҳати ба феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани шаҳри бостонии Ҳулбук феълан корҳои пешниҳодии номинатсияи шаҳр ҷиҳати баррасӣ ба созмони мероси фарҳангӣ омода шудаанд.
Вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби ҳайати кории мутахассисони соҳавӣ «Санъати ҳунармандии Хатлон дар асрҳои миёна» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омодаи чоп гардид, ки дастовези муносиб барои сайёҳон ва меҳмонон аст. Бояд тазаккур дод, ки китоби мазкур аз шаклҳои ҳунармандии халқи тоҷиқ дар асрҳои миёна маълумот медиҳад. Ҳамчунин, китоби дигар бо номи «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» омодаи чоп буда, барои мутахассисон, таърихшиносон ва доираи васеи хонандагоне, ки ба таърих ва ташаккули Шоҳроҳи бузурги Абрешим мароқ зоҳир мекунанд, пешбинӣ шудааст.
Шералӣ ХОҶАЕВ,
сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.02.2019 №: 39 Мутолиа карданд: 1021