ҳуқуқ
ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. БУНЁДИ БЕШ АЗ 100 ИНШООТ ДАР ПАНҶ СОЛИ ОХИР
Бахшида ба 26 - умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомиро бо ин санаи фархунда табрик намуда, зикр кард, ки 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гашт, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
- Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла афсарону сарбозони қӯшунҳои сарҳадӣ, тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Танҳо дар хати сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки 1344 километрро ташкил медиҳад, дар 5 соли охир беш аз 100 иншооти низомӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Итмимони комил дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбӣ содиқ монда, рисолат ва уҳдадориҳои худро дар назди Ватан ва мардуми кишвар сарбаландона адо мекунанд, - гуфт Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Зикр шуд, ки мубориза бар зидди ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ, бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, аз ҳар афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо мекунад. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ тамоми донишу таҷриба ва малакаю маҳорати худро сафарбар менамоянд.
Дар фарҷоми чорабинӣ 35 марзбон бо ифтихорнома ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардид.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2019 №: 40 Мутолиа карданд: 975