ҳуқуқ
САРПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ ВА ИНТИЗОМИ ҲАРБӢ
Аз бунёди Артиши миллии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолияти давлатӣ аст, 26 сол пур шуд. Табиист, ки дар остонаи ин рӯзи таърихӣ беихтиёр роҳи паймудаи Қувваҳои Мусаллаҳ пеши назар меояд.
Воқеан, Артиши миллӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Гвардияи миллӣ бе ягон заминаи воқеӣ дар шароити бисёр сангини таърих ташкил ёфт. Аз ин рӯ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудаанд, ки ин нукта борҳо аз забони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст.
Тавре маълум аст, баробари таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои он ва дигар сохторҳои ҳарбӣ зарурати таъсиси мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба миён омад. Зеро, танҳо ин мақомот метавонист, назорат ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар бахши низомӣ таъмин намояд ва бар зидди ҷинояткорӣ дар ин сохторҳо мубориза барад. Бо назардошти ин, дар мақомоти прокуратура сохтори нав - Сарпрокуратураи ҳарбӣ таъсис ёфта, ваколатҳои он барои назорати иҷрои қонунҳо дар сохторҳои ҳарбӣ муайян гардид.
Аввалин санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба ташкилёбии ин мақомот замина гузошта, фаъолияти онро расман ба танзим даровард - ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 1992 «Дар бораи трибуналҳои ҳарбӣ ва мақомоти додситонии ҳарбие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд» мебошад. Моҳи январи соли 1993 дар Прокуратураи генералӣ шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти дохилӣ ва хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқии прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба сохтори Прокуратураи генералӣ вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарпрокурори ҳарбӣ ворид шуд.
Баъдтар, сохтори идоракунии прокуратураи ҳарбӣ такмил ёфта, бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон сол прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), Кӯлоб, Хоруғ ва соли 2001 прокуратураи ҳарбии минтақаи Қаротегин ташкил гардида, соли 2010 прокуратураи ҳарбии гарнизони Рашт ном гирифт. Роҳи тайкардаи ин сохтор нишон медиҳад, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар Артиши миллӣ назаррас аст.
Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун неруи тавонои дифоии кишвар амнияту дахлнопазирии марзу буми мамлакатро таъмин месозад.
Баҳодур КАСИРЗОДА, сардори шуъбаи тафтишотии прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.02.2019 №: 40 Мутолиа карданд: 1005