ҳуқуқ
ИДМ. ФАРМОНДЕҲОН ХОСТОРИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ШУДАНД
Дар шаҳри Душанбе вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Дар он роҳбарони идораҳои сарҳадии Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ (ШФҚС), сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Қабл аз ҷамъомад фар-мондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии ИДМ дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию таърихии миллати бостонии тоҷик арзи эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар конфронс иштирокдорон масоили фаъолсозии ҳамкориро дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор доданд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии худ изҳор дошт, ки гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ҳанӯз ҳам талош дорад, ки бо роҳҳои гуногун шаҳрвандони кишварро ба сафи худ ҷалб намояд: «То кунун аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» зиёда аз 1000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амалиёти ҷангӣ дар Сурияву Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон даъват кардаанд. Бо фарорасии фасли баҳор гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон фаъол мешаванд ва мақомоти амниятӣ ва марзбонии кишварҳои минтақа бояд ҳамкориро дар ин росто тақвият бахшанд».
Гуфта шуд, ки имрӯз дар вилоятҳои ҳаммарзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморе аз ҷангҷӯён қарор доранд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Онҳо асосан аъзои гурӯҳҳои «Толибон», «Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» ва «Давлати исломӣ» гуфта мешаванд.
Бо арзёбии вазъи бамиёномада дар сарҳадҳои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ зикр карданд, ки бо вуҷуди ҷараёни мусбати рушди ҳамгироии мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир нигаронда шудааст, вазъ дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мураккаб боқӣ монда, нисбат ба ҳалли он муносибати ҷиддӣ талаб мекунад.
Ҷумъагул Ҳиммат, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, муовини вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, низ дар ин конфронси байналмилалӣ бо таассуф аз ҷанги чилсола дар ин кишвар ёдовар шуда, аз роҳбарони мақомоти амниятӣ ва сарҳадии кишварҳои ҳамсоя даъват кард, ки барои барқарор намудани сулҳ ва зиндагии осоиштаи мардуми афғон дастаҷамъона мубориза баранд.
Иштирокдорон, ҳамчунин, ба хулосае омаданд, ки вазъи баамаломада қабули қарор дар бораи муттаҳид сохтани талошҳои идораҳои сарҳадиро дар самти пешгирии роҳҳои қочоқи маводи мухаддир, мубориза бар зидди гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккили террористӣ ва фаромиллӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва экстремистӣ, ки дар ҳудудҳои ҳамсарҳад амал менамоянд, тақозо мекунад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вазъи баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба мубориза бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ дар марзҳои берунаи кишварҳои аъзои ИДМ андешида шуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протокол ба имзо расид, ки тавсияҳои он дар ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ баррасӣ карда мешаванд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2019 №: 44 Мутолиа карданд: 921