номаҳо
МИЛЛАТ МУҲИМТАР АСТ, НА МАҲАЛ Ё ХУД ЧАРО ҒИЗОВУ ХӮРОКҲОРО МАҲАЛЛӢ НАМУДАНД?
Ба пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе меояму аз ободиҳои рӯзафзуни он сарам ба осмон мерасад. Барҳақ, имрӯз пойтахт ифтихори ману мост. Вале, ҳар гоҳе, ки чашмам ба баъзе овезаҳои хусусияти рекламавидошта ё худ тарғиботӣ мерасад, ҳиссиёти ногуворе вуҷудамро фаро мегирад. Муроди ман, албатта, танҳо овезаҳои ошхонаҳо ва тарабхонаҳост. Аз онҳо маълум мегардад, ки ғизову хӯрокҳоро ба маҳалҳо тақсим намудаанд, ҳатто ин ошхонаҳову тарабхонаҳоро низ.
Тааҷҷуб мекунам, ки чаро ба ин масъала ҳеҷ масъуле таваҷҷуҳи махсус зоҳир намесозад. Агар манту, сихкабоб, ош, шӯрбо, қурутоб, фатирмаска, ширчой ва гардсӯз хуҷандиву кӯлобиву самарқандиву бухороӣ бошанд, пас миллати тоҷик дар шакли умумӣ чӣ ғизоҳову хӯрокҳоро молик аст? Ҷойи таассуф боз дар он мебошад, ки ин гуна рекламаҳо ба ошхонаву тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои дигар кишвар роҳ ёфта истодаанду қариб, ки оммавӣ мегарданду боиси ифтихори гурӯҳе муайян. Ин дар ҳолест, ки мо бо раҳнамунӣ ва дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ғизову хӯрокҳои миллӣ ва тарзи омода сохтани онҳоро ривоҷу густариш бидиҳему ба оламиён чун мероси ниёгонамон муаррифӣ бикунем. Албатта, ин амал дар раванди ҷаҳонишавӣ бисёр муҳим мебошад.
Фикр мекунам, ки масъалаи мазкур агарчи ба зоҳир одӣ бинамояд, аммо дар асл чунин нест. Мо ба чунин бетарафӣ теша ба решаи худ мезанем.
Бо ҳисси дилсӯзӣ ва ифтихори милливу ватандорӣ пешниҳод менамоям, ки ба ин гуна рекламаву тарғибот хотима бубахшем. Дар мавриди мазкур, бароямон бояд муҳимтар миллат ва тарғиби мероси ғании он бошад, на маҳал.
М. ИСМОИЛЗОДА, шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2019 №: 44 Мутолиа карданд: 2605