logo

фарҳанг

КАСБИЯТ АЗ НИЁЗҲОИ АСОСӢ

(Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ВАО)
Мусаллам аст, ки имрӯзҳо яке аз неруҳои пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа  васоити ахбори омма ба ҳисоб меравад, зеро воқеияти рӯз собит намудааст, ки нақши ВАО дар мукаммалсозии фазои иттилоотӣ ва демократикунонии ҷомеа бағоят муҳим аст. Асри равон, ки дар тамаддуни инсоният дигаргуниҳои зиёдеро ворид сохтаву месозад, мавқеи воситаҳои ахбори оммаро дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ торафт фаъолтару муҳимтар мегардонад.
Дар заминаи ин ва чанд масоили умдаи ҷомеаи муосир, 20  феврали  соли  равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма мулоқот карда, дар робита ба нақшу мавқеи онҳо таъкид намуданд: “Намояндагони васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани рӯйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд”.
Ногуфта намонад, ки  рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа, метавонанд дар ҳалли бештари мушкилоти ҷойдошта нақши муассир гузоранд. Дар замони муосир ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расондани иттилооти муҳиму фаврӣ дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ низ саҳми намоён доранд. Вобаста ба натиҷаҳои мавҷуда, агар ба марҳалаҳои тайкардаи ин соҳаи муҳими кишвар назар афканем, бо чунин асноду далелҳои мушаххас рӯ ба рӯ хоҳем шуд.
Мутобиқи маълумоти Вазорати фарҳанги кишвар, дар Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 рӯзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора танҳо чор рӯзномаи хусусӣ фаъолият мекард. Айни замон бошад, шумораи расонаҳои иттилоотӣ ба 631 номгӯ расидааст, ки аз ин миқдор 376 рӯзнома - 112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла - 114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ - 1 давлатӣ, 9 ғайридавлатӣ дохил мешаванд, ки ҳар яки он дар инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нақши муассир дорад.
Хушбахтона, дар ин самт бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон чанде аз қонуну қарор ва асноди зарурӣ ба тасвиб расида, рушду инкишофи ин соҳаи муҳими афзалиятнокро ба марҳалаҳои сифатан нав расонд. Дар заминаи дурнамои устувори кори соҳа, Сарвари мамлакат зимни таҳлилу баррасӣ аз сатҳи нокифоягии касбияти баъзе аз кормандони шабакаҳои телевизион ва радиоии кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳангоми таҳияи барномаҳо бояд аҳли эҷод ба мазмуну муҳтаво, сатҳу сифати барнома ва интихоби мавзӯъ диққати аввалиндараҷа диҳанд. 
Дар робита ба мавзӯъҳои мавҷуда, илова гардид, ки манфиатҳои миллӣ тақозои онро доранд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаҳои таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат карда, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа мусоидати фаъол намоянд. Ҳамзамон, муҳимтарин нуктаи дигарро Сарвари давлат дар сабқати устувори муборизаи иттилоотӣ баҳри ҳифозати манофеи милливу давлатӣ унвон карда, афзуданд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир набояд дар сари шонаҳои як ё ду нафар маъмурияти Ҳукумат бошад, балки бори масъулияти чунин масъалаҳои авлавиятҳои миллӣ ба уҳдаи ҳар як шаҳрванди бедордил, бавижа, рӯзноманигорону журналистони тавонову донишманд бошад.
Аз рӯи таҳлилҳои Сарвари давлат, сатҳи фарогирии барномаҳои телевизион ва радиоии кишвар дар шароити феълӣ чандон қонеъкунанда набуда, қабули барномаҳои ҷадид бо афзалиятҳои навин, муҳиму саривақтӣ хоҳад буд.  Вале, набояд фаромӯш созем, ки фазои иттилоотӣ ин доираи маҷмӯи далелҳои воқеӣ буда, натиҷаҳои фаъолияти маънавии инсонро танзиму идора менамоянд. Тибқи таҳлили олимону коршиносони соҳа гузашти як даврони тайкардаи замон метавонад маҳсули эҷоди инсонро дар ҷомеа соҳиби мавқеъ ва нуфузи хосса гардонад. Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ шабакаҳои иттилоотии мамлакат хеле рушд карда, имрӯз инфрасохтори соҳа ба шароит ва талаботи замони муосир ба сурати хеле камтар мутобиқ гардонда шудаанд. Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки назаре ба таърихи имрӯзу дирӯзи соҳа, моро ба он водор месозад, ки бо дарназардошти шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ шабакаҳои иттилоотии хабаррасонии телевизионӣ, самти фаъолияти худро бояд ба масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, инчунин, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ бештар равона намоянд.
Воқеан ҳам, мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма, бори дигар ҳар яки моро водор ба он месозад, ки маҷмӯи васеи суханронии Сарвари кишварро дар пешбурди иҷрои масъулиятҳои мавҷуда сармашқи кори худ намуда,  баҳри амалисозии онҳо пешкору саҳим бошем.
Ҳақназар КАРИМЗОДА, сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2019    №: 45    Мутолиа карданд: 882
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед