logo

фарҳанг

АЗ ЧАКАН ТО АДРАС. СУХАНЕ ЧАНД АЗ РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Агар иқдоми созандаи соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом доштани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангезаи муассири таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа ба ҳунару ҳунарвар гашта бошад, пас тасмими се соли дигар онро дар маркази диққату дастгирӣ қарор додан раванди мазкурро идомаи мантиқӣ ва устуворӣ мебахшад. Ба ин васила, лоиҳаҳое роҳандозӣ мешаванд, ки мақому манзалати соҳибҳунаронро ба дараҷаи комилан нав мебардоранд. Ҳамин нуқоти муҳим муҳтавои суҳбати сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Саидакобир Бодомовро бо хабарнигорони «Ҷумҳурият» ташкил дод:
- Барои сокинон, хосса аҳли ҳунари ҳатто дурдасттарин деҳоти ноҳияи мо низ соли 2018 ибтидои таҳаввулот дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гашт, ки  барои чунин ҳусни таваҷҷуҳ ва дастгирӣ онҳо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона сипосгузоранд. Аслан дар ноҳия мардум якдигарро хуб медонанд ва кӣ бо чи кор машғул, паси парда нест. Бӯи мушк пинҳон намонад, гуфтагӣ барин, дар ноҳияи мо ҳам ҳунармандони асил ангуштнамоянд. Аммо ҳунаре, ки онҳо доранд, асосан авлодист ва аз остонаи ҳавлӣ ё худ марзи деҳа берун намебаромад.

- Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ масъулони мақомоти маҳаллӣ мебоист ана ҳамин ашхоси панҷ панҷаашон ҳунарро дар сатҳи ноҳияву шаҳр ва ҳатто берун аз он тарғиб карда, шароите фароҳам меоварданд, ки дигарон, хосса ҷавонон, занону духтарони хонанишин аз онҳо асрори касбҳои қадимаро омӯзанд, бо фурӯши дастранҷи худ рӯзгорашонро обод созанд. Ба ин васила, ҳам эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муяссар мегашт ва ҳам дар маҳалҳо нафарони зиёд соҳиби ҷои кор мешуданд.
- Бале. Бо ин мақсад ибтидои сол гурӯҳи вижае, ки аз ҳисоби кормандони ҳукумати маҳаллӣ, аз ҷумла кормандони шуъбаи шуғли аҳолӣ таркиб ёфт, ба ҳамаи деҳоти ҷамоатҳо рафта, моҳият ва аҳамияти ин иқдомро зимни вохӯриҳо ба мардум мефаҳмонд. Маҳсули ин сафарҳои корӣ  таҳияи рӯйхате шуд бо суроға ва телефони қариб 200 ҳунарманд. Ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо маъмурони ҷамоатҳо мо аниқ кардем, ки имрӯз онҳо ба чи касбу кор, сокинон бошанд, ба чи маҳсулоти ҳунармандӣ ниёз доранд.     
Дар асоси ана ҳамин маълумоти аниқ шуъба бо дастгирии агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар давоми сол қариб 300 нафарро ба курсҳои касбомӯзии ройгон фаро гирифт. Аз ин теъдод 40 нафар ба курсҳои компютерӣ ҷалб шуда, 255 нафар сирф ҳунарҳои мардумиро омӯхтанд: чакану гулдӯзӣ, қуроқу зардӯзӣ, муҳрабофӣ… Бо хоҳиши занону духтарони шавқманд як курси адрасбофӣ ҳам ташкил кардем.

- Эҳтимол дар ин миён касбҳое низ буданд, ки хатари аз байн рафтан доштанд?
- Оре, барои мисол метавонам оҳангариро ном гирам. Солҳои охир дар ноҳия касе бо он машғул намешуд. Чанд нафар аз Ҷамоати деҳоти Чубек аз мо хоҳиши ташкили курси омӯзиши ин ҳунарро карданд. Дар деҳоти ин ҷо мардум қитъаҳои замини лалмӣ доранд. Ба замини масоҳаташ хурд трактор дароварда намешавад ва баҳри коркарди он асбобу олоти бобоӣ қулайтар аст. Барои каланду теша магар шарт аст ба бозори «Корвон» ё «Ҷал - Ҷам» - и Душанбе рафтан, вақте устоҳои худӣ онҳоро сохта метавонанд? Баъди вазъияти дигар ҷамоатҳоро низ омӯхтан курси думоҳа кушода, хоҳишмандонро таълим додем ва ҳоло онҳо ниёзи аҳолии ноҳияро мебароранд.  
- Ҳангоми мулоқоту суҳбатҳои зиёде, ки дар деҳоти ноҳия доштем, шоҳиди басо бисёр будани ҳунармандони асил гаштем. Инро ба он хотир таъкид мекунем, ки оё шуъбаатон ҳангоми ташкили курсҳои омӯзишӣ дар пайдо кардани омӯзгори ихтисосманд душворӣ намекашад?
- Воқеан ҳамин тавр. Ба шарофати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имрӯз номҳои Меҳрнигор Ниёзова, Зарафшон Бегимадова, Малоҳат Ғуломова, Фараҳноз Раҷабова, Дунёбегим Ҷомадова, Нигина Хоркашева, Садбарг Аҳмадова, Гулҷаҳон Қурбонова, Ёдгорбӣ Аҳмадова, Ҳафиза Нурова ва бисёр дигарон, ки дар чакан, чодар, қуроқ, шероздӯзӣ ва нақшдӯзӣ, тарроҳӣ, адрасу ҷӯробу кокулбофӣ чирадастанд, вирди забонҳост. Аз касбҳои қадима алъон рафидадӯзию сабадбофӣ низ умри дубора ёфтанд. Нафаронеро, ки номбар кардам, дар курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба занони бекор бо камоли майл нозукиҳои касб меомӯзонанд. Зимнан, бояд гуфт, ки барои машғулият дар курсҳо ба онҳо маош таъйин карда мешавад.

- Хеле хуб. Шумо дар ибтидо гуфтед, ки соли гузашта 255 нафар ҳунарҳои мардумиро аз бар карданд. Баъдан, тақдири онҳо чӣ шуд, оё кор ёфта тавонистанд пас аз соҳибкасб шудан?
- Дар ноҳияи мо корхонаҳои калони саноатӣ, аз ҷумла дӯзандагию бофандагӣ, нестанд, ки дар ин маврид мушкилкушои мардуми бекор гарданд. Коргоҳҳои дӯзандагӣ ҳам ангуштшуморанду мавсимӣ. Аммо роҳашро ёфта, ниёзмандонро бо кор бояд таъмин кард. Рӯ овардан ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ воқеан ҳам, гиреҳкушои бисёр мушкилот дар ин самт шуд. Вобаста ба шароити ноҳия мо роҳи ташкили хонакориро пеш гирифтем. Ин, пеш аз ҳама, ба соҳибхоназанҳою духтарон созгор мебошад. Масалан, чакандӯзи моҳире чун сарвар ба якчанд ҳамкасби худ дӯхтани чунин куртаро фармоиш медиҳад ва онҳо ин корро дар хона баҷо меоранд. Чодару қуроқ ё шерозаю зардӯзӣ низ, ҳамчунин. Албатта, ин ҷо масъалаи асбобу анҷом, матоъву ришта мебарояд, ки на ҳама навкорон имкони молиявии хариди онро доранд. Шуъбаи мо ба онҳо қарзҳои хурди имтиёзнок медиҳад, ки аз 3 то 5 ҳазор сомонианд. Ба ин маблағ онҳо аксаран мошинаҳои дӯзандагӣ, зардӯзӣ ва попурӣ ё дастгоҳи адрасбофӣ мехаранд. Дар натиҷа, аксарашон имкони кори мустақил пайдо мекунанд. 

- Сари вақт қарзро баргардонда метавонанд?
- Мисоле меорам, худ қазоват кунед. Адрасбоф моҳе чор баста ришта мехарад, ки ҳар кадом 100 метр аст. Аз он дар ду ҳафта 95 метр адрас мебофаду 5 метраш партов мешавад. Дар бозори «Корвон»-и Душанбе, то ҷое медонам, як метраш аз 16 то 18 сомонист. Дар худи мо адрасбоф онро 12 сомонӣ мефурӯшад, ки дар бозори ноҳия ба он се сомонӣ зам мекунанд. Яъне, адрасбоф аз чор баста беш аз 2000 сомонӣ ба даст меорад. Аз ин зиёда аз 1000 сомонӣ нархи риштаро мебарорем. Яъне дар як моҳ бофанда метавонад 1000 сомонӣ кор кунад.  Чун қарз бефоиз аст, қарздор метавонад онро баъди шаш моҳ бе душворӣ баргардонад. Пасон фоидаи доимӣ гирад. Дукони бофандагиро занҳо дар хона дар ҷои гарм, тобистон дар ҷои салқин гузошта,  адрас мебофанд.

- Адрасбофӣ барои занону духтарони ноҳия касби нав аст?
- Бале. То соли ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла ноҳияи мо адрасбофӣ набуд. Аксаран чакандӯзу гулдӯз ё қуроқдӯзу муҳрабоф буданд. Ба шарофати Пешвои муаззами миллат, ки ба ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ин қадар ғамхорӣ мекунанд, сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар беҳтарин намунаҳои касбу ҳунари ҳамдигарро аз худ мекунанд, ба шароити рӯзгори худ мувофиқ беш аз пеш истифода мебаранд. Ин дар навбати худ ба ғановати маънавию фарҳангӣ, ташаккули фазои ягонаи ҳунарӣ мусоидат мекунад.
Дар ноҳияамон низ ҳаводорони адрасбофӣ кам набудаанд ва мо чанд гурӯҳ ташкил карда, барои омӯхтан ба вилояти Суғд фиристодем. Дастгоҳҳои адрасбофӣ низ торафт зиёд мешаванд, яъне талабот ба ин матои зебо ҳам меафзояд.

- Дар суҳбате, ки дар ҳузури мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Фотима Маҷидова бо чанд зани ҳунарманд доштем, чун сухан аз адрас рафт, онҳо Махфирати Абдуқодирро аз Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон таъриф карданд.
- Махфират дар ҳақиқат ба таъриф меарзад. Қиссаи адрасбоф шудани ин бонуи ҳунар, ки ба даҳҳо нафар ҳаққи устодӣ дорад, дар ибтидо талху баъдан ширину ибратбахш аст. Вазъияти молиявии оилааш вазнин буд. Ихтисосе надошт ва ба шуъбаи мо омада, хоҳиши дар ягон мактаб фаррош шудан кард. Ҳангоми суҳбат маълум шуд, ки модараш аз Хуҷанд асту он ҷо хоҳару додарҳо дорад. Пешниҳод кардем, ки бо кумаки молиявии шуъба ба Хуҷанд рафта, касби адрасбофиро омӯзад. Махфират ду моҳ курси адрасбофӣ ва як моҳ курси рангубори риштаро хонда омад. Бо супориши раиси ноҳия дар мактаби куҳнаи ҷамоат ду синфхонаро барои шуъбаи мо ҷудо карданд. Дар яки он мо курси адрасбофӣ кушодем, дар дигараш дӯзандагӣ. Ва дар ду соли охир беш аз 40 зану духтар курси адрасбофиро хатм кард. Омӯзгорашон ана ҳамин Махфират буд, ки замоне аз ноилоҷӣ фаррош шудан мехост.

- Дар шаҳру навоҳии кишвар марҳилаи нави сесолаи рушди ҳунарҳои мардумӣ шурӯъ шуд. Дар ин иртибот муҳимтарин корҳои шуъба дар чӣ ифода хоҳанд ёфт?
- Соли гузашта диққати асосиро ба тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи ҳунармандон аз ҳисоби бекорон равона кардем. Минбаъд ин амалро бо дастгирии агентӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ идома дода, дар баробари он, ба таъмин бо ҷои кор, тавсеаи хонакорӣ диққати вижа хоҳем дод. Бешак, раванди омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як таҳрики муассир дар ин самт хоҳад шуд.
Хуршеди ҶОВИД,
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 898
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед