logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. ДАР БАДАХШОН КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД

Дар маркази ВМКБ - шаҳри Хоруғ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят, Ситоди байниидоравии таъминоти амнияту волоияти қонун ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ҳамоиш баргузор гардид.
Дар конфронс Алишер Мирзонаботов, муовини аввали раиси вилоят, мафҳумҳои терроризму экстремизмро шарҳ дода, таъкид дошт, ки танҳо бо риояи ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва хиради азалии тоҷикона мо метавонем насли ватандӯсту сазовор ба воя расонда, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳо пешгирӣ намоем. Ба андешаи ӯ аз хатарҳои ҷиддӣ, таҳдиди ба амнияти кишвар ва оқибатҳои даҳшатбори ин зуҳуроти харобиовар бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳӣ дошта бошанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм хеле мукаммал аст. Татбиқи қонунҳо ва дар ин замина таъмини амнияти  шаҳрвандони кишвар вазифаи аз ҳама муҳим буда, дар баробари ниҳоду сохторҳои масъули давлатӣ ҳар як шаҳрванди кишвар бояд бо истифода аз ақли солим дар мубориза бар ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.
- Солҳои охир зиёда аз сад кишвари ҷаҳон ҳадафи амалҳои террористии гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор гирифта, садҳо ҳазор нафар макони зисти худро тарк намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён қарор гирифта буд. Хушбахтона, талошҳои пайгирона ва ҷонбозиҳои бемисли Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, то кишвари тозаистиқлол аз нестшавӣ ва миллати тоҷик аз парокандагӣ раҳо ёбад. Имрӯз бояд тамоми саъю кӯшишро бар он равона намуд, то шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ пешгирӣ шуда, онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ талқин намоем, - таъкид дошт Алишер Мирзонаботов.
Мамадқул Меликов, сардори раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, зикр кард, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористӣ зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф гардондани пояҳои бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар миёни мардум аст. Дар ин ҳолат аҳолии осоишта зарар дида, амнияти давлат халалдор мегардад. Солҳои охир террор бо суиистифода аз террористони худкуш васеъ паҳн гардида истодааст. Чунин намуди террор асосан бо ҷалби ҷавонони гумроҳ анҷом дода мешавад, ки бо таъсири мағзшӯӣ шомили гурӯҳҳои террористӣ гардидаанд.
Дар конфронс, ҳамчунин, олимон ва ходимони дин бо маърӯзаҳо оид ба мафҳуму мақсади гурӯҳҳои террористӣ - экстремистӣ, сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба онҳо,    пешгирии пайвастанашон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишу илму ҳунар, вусъати корҳои ободонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию мазҳабӣ изҳори андеша намуданд.
Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.03.2019    №: 46    Мутолиа карданд: 1001
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед