суханрониҳо
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони мамлакат, 15 январи соли 2010
Соҳибкорони мӯҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!
Вохӯрии имрӯзаи мову шумо дар рӯзҳое доир мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиатномаи Сарвари давлати худро доир ба харидории саҳмияҳои иншооти тақдирсози мамлакат – нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо иродаи мустаҳкам дастгирӣ намуда, барои ояндаи ободи худ ва фарзандону набераҳои хеш саҳмгузорӣ карда истодаанд.
Аз ин лиҳоз, вазифаи худ медонам, ки қабл аз ҳама ба тамоми халқи шарофатмандамон, инчунин ба ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон барои чунин пуштибонии самимона, дарки амиқи масъулият барои имрӯзу ояндаи давлати соҳибистиқлоли хеш ва ободиву шукуфоии он як ҷаҳон сипосу ташаккур гӯям.
Дар ин кори хайри умумихалқӣ, албатта, ҳиссаи шумо – соҳибкорону тоҷирони бонангу номус низ арзанда аст, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаатон барои ин иқдоми ватандӯстона изҳори миннатдорӣ менамоям.
Ҳамчунин, фикр мекунам, ки дар ин давраи барои кишварамон бисёр муҳим мулоқот оростан бо шумо – соҳибкорону тоҷирони ташаббускору олиҳиммати кишвар аз аҳамияти хоса бархурдор аст. Зеро шумо - соҳибкорону тоҷирон дар пешбурди иқтисоди кишвар нерӯи бузург мебошед.
Баъди вохӯрии охирини мову шумо, ки ду сол пеш доир гардида буд, ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ вусъати тоза пайдо карда, имрӯз ба сатҳи сифатан нав расидааст. Дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳо, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат дар асоси дархосту пешниҳодоти шумо - соҳибкорон таҳия ва қабул гардида буд, як қатор монеаҳои фаъолияти соҳибкорӣ усулан бартараф карда шуданд.
Дар доираи ин тадбирҳо, ки татбиқи онҳо идома дорад, дар самти беҳтар намудани имкониятҳои дастрасии қарзҳои хурд ба соҳибкорону тоҷирон, такмил додан ва содда гардонидани низоми воридоту содироти молу маҳсулот, сода намудани муқаррароти сертификатсиякунонӣ, ҷорӣ кардани усули “равзанаи ягона”-и бақайдгирии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, маъмурикунонии андозбандӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба инкишофи соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ, як силсила корҳои судбахш анҷом дода шуданд.
Бо мақсади ҳаллу фасли бевоситаи мушкилоту масъалаҳои мавҷуда ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф сохтани монеаҳои рушди соҳибкорӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба ҳайати он шомил гардидаанд. Шӯрои мазкур мунтазам ҷаласа доир намуда, масъалаҳои муҳими соҳибкориву сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва доир ба ҳалли онҳо чораҷӯӣ менамояд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ корро дар мавриди такмили асноди қонунгузорӣ ва муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти бахши хусусӣ идома дода истодаанд.
То ба имрӯз доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи муфлисшавӣ» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд.
Итминон дорам, ки ин раванд дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорону сармоягузорон, такмили низоми андозбандӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври ҷиддӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо мақсади беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва сода намудани низоми иҷозатдиҳӣ Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор гардид ва ҷиҳати татбиқи он ҳоло дар назди ҳукумати кишвар комиссияи махсуси давлатӣ амал мекунад.
Механизми пешниҳодгардидаи ислоҳоти низоми зикршуда тақозо менамояд, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз нав баррасӣ гардида, гирифтани ҳама гуна иҷозатҳо барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси чунин аснод ба роҳ монда шавад. Ин барои аз байн бурдани тартиби кӯҳнашудаи иҷозатдиҳӣ, ки ҷавобгӯи талаботи иқтисоди бозаргонӣ намебошад, имкон медиҳад, инчунин ба сода гардонидани расмиёти маъмурӣ ва кам кардани мӯҳлати гирифтани иҷозатҳо мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, ба Комиссияи давлатӣ оид ба таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба иҷозатдиҳӣ зарур аст, ки доир ба ҳарчи зудтар кам кардан ва аз байн бардоштани иҷозатҳои дорои расмиятҳои нодаркору хилофи талаботи иқтисоди бозаргонӣ чораҳои дахлдор андешад.
Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор дар давоми нимсолаи аввали соли 2010-ум лоиҳаи қонун “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия карда, ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар соли 2009-ум Нақшаи тадбирҳои иловагии зиддибӯҳрониро дар давраи кӯтоҳмӯҳлат ва Барномаи беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳотро қабул намуда, Комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилиро таъсис дод.
Бо мақсади беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба хотири рушди бахши хусусӣ, яъне соҳибкории хурду миёна ва бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз байн бурдани монеаҳои барзиёди маъмурӣ як қатор тадбирҳо амалӣ карда шуданд.
Эълон намудани мораторий ба ҳамаи санҷишҳои субъектҳои хурду миёна, аз 20 то 18 фоиз паст гардидани андоз аз арзиши иловашуда, аз 25 то 15 фоиз кам шудани андоз аз фоида, аз 600 ҳазор ба 800 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шудани ҳадди ниҳоии даромади умумӣ барои андозсупорандагоне, ки тибқи низоми содакардашуда фаъолият мекунанд, аз як моҳ то 5 рӯз кам гардидани мӯҳлати бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки мувофиқи дархосту пешниҳоди ду сол пеш ба миёнгузоштаи шумо – соҳибкорон андешида шуданд.
Дар баробари ин, аз соли 2007 сар карда, дигар имтиёзҳои андозӣ, аз ҷумла аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти номгӯи зиёди таҷҳизоти муосири истеҳсоливу технологӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хизматрасонии тиббӣ ва доруворӣ, инчунин хизматрасонӣ дар соҳаи маориф, чопи рӯзномаву маҷаллаҳо, адабиёти бадеиву бачагона, асарҳои илмиву техникӣ ва монанди инҳо амал карда истодаанд.
Ба ҳама маълум аст, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯзҳо фаъолияти соҳибкории худро дар хориҷи кишвар ба роҳ монда, бо меҳнати ҳалоли худ маблағҳои зиёд андӯхтаанд ва онҳоро дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд. Фикр мекунам, имрӯз вақти он расидааст, ки атрофи масъалаи интиқол ва нигоҳдории маблағҳои андӯхтаи онҳо дар бонкҳои Ватан чораҳои муассир андешем. Аз ин лиҳоз, пешниҳод мегардад, ки дар мавриди интиқол ва нигоҳдории маблағҳои мазкур дар бонкҳои Тоҷикистон онҳо аз ҳама гуна андозу пардохтҳои ҳатмӣ озод ва қонунигардонидашуда ҳисобида шаванд. Бинобар ин, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба омӯхта, дар мӯҳлати кӯтоҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва ба ҳукумат барои баррасӣ пешниҳод намоянд.
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳамаи намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна» ва қарори маҷлиси якуми Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ моҳи марти соли 2009-ум қонун «Дар бораи мораторийи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» қабул карда шуд.
Мутобиқи он ба санҷишҳо аз ҷониби мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба муддати ду сол, яъне то охири июли соли 2010, мораторий эълон гардид. Дар натиҷа имконият фароҳам омад, ки соҳибкорон фаъолияти гуногунҷабҳаи худро бештар густариш диҳанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи соҳибкорон, ки дар давраи амали мораторий ӯҳдадориҳои конститутсионии худро дар назди давлат вобаста ба андозсупорӣ софдилона иҷро карда истодаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Вале дар баробари ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки баъзе соҳибкорони мо мораторийи эълоншударо ҳамчун озодкунӣ аз пардохти андозҳо ва расмиёти бақайдгирии давлатӣ қабул намуда, андозҳои худро сари вақт ва пурра пардохт накардаанд, ки чунин ҳолат вазъи андозситониро то андозае душвор гардонида истодааст.
Азназаргузарониҳое, ки мақомоти андоз дар соли 2008-ум дар як қатор шаҳру ноҳияҳо анҷом додаанд, нишон медиҳанд, ки аз 30 то 40 фоизи соҳибкорон бе қайд дар мақомоти андоз (бе гирифтани патенту шаҳодатнома) ва пардохти андозҳо фаъолият мекунанд.
Ҳарчанд оид ба ин масъала мақомоти андоз дар соли 2009 корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд, вале натиҷаи азназаргузарониҳои назоратӣ нишон дод, ки вазъият беҳ нашудааст. Ин дар ҳолест, ки санҷишҳои аз ҷониби мақомоти андоз анҷомдодашуда нисбат ба соли 2008-ум қариб 3000 адад кам гардида, дар маҷмӯъ теъдоди санҷишҳои субъектҳои хоҷагидорӣ дар давоми соли гузашта нисбат ба соли 2008-ум 75 фоиз кам шудааст.
Соли гузашта бо риояи муқаррароти қонун дар бораи мораторий фаъолияти 805 субъекти соҳибкории хурду миёна – шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷида шуда, дар фаъолияти зиёда аз 700 субъект ё худ беш аз 90 фоизи онҳо вайрон кардани қонунгузории андоз ошкор гардидааст. Ҳамчунин 17 миллион сомонӣ андозҳо ва пардохтҳо ҳисоб карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як санҷиш ба таври илова зиёда аз 21 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Таҳлили эъломияҳои субъектҳои соҳибкории хурд нишон медиҳад, ки дар соли 2009 даромади умумии эъломияшудаи ҳар як соҳибкор ба ҳисоби миёна зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил менамояд, ҳол он ки тибқи қонунгузорӣ доир ба дастгирии соҳибкорӣ даромади ниҳоии солонаи субъекти соҳибкории хурд метавонад то ба 600 ҳазор сомонӣ расад.
Чунин нишондиҳанда дар мавриди субъектҳои соҳибкории миёна тибқи маълумоти худи соҳибкорон дар 11 моҳи соли 2009 ба ҳисоби миёна ба ҳар як соҳибкор зиёда аз 700 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ҳол он ки даромади ниҳоии солонаи чунин гурӯҳи соҳибкорон тибқи қонунгузорӣ аз 600 ҳазор то 15 миллион сомонӣ мебошад.
Бинобар ин, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки соҳибкорони мӯҳтарами мо ғамхории ҳукумат ва Президенти мамлакатро доир ба дастгирии соҳибкорӣ бояд дуруст дарк намуда, бо эҳсоси масъулият ва риояи маданияти баланд, интизоми қавии соҳибкорӣ ва фаъолияти шаффоф иҷрои ӯҳдадориҳои худро вобаста ба пардохти андозҳо сари вақт ва пурра таъмин созанд. Дӯстони азиз!
Солҳои охир бо мақсади таъмини тараққиёти иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум тадбирҳои зиёде амалӣ карда шуданд. Соли гузашта рушди иқтисодиёти кишвар ба андозаи 3,4 фоиз таъмин гардид. Натиҷаҳои бадастомадаи соли 2009 гувоҳӣ медиҳанд, ки татбиқи Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2015 ба инкишофи бонизоми иқтисоди миллӣ заминаҳои воқеӣ гузошт.
Мавзӯи дигаре, ки мехостам таваҷҷӯҳи шуморо ба он ҷалб намоям, ин масъалаи ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад. Маълум аст, ки дар бисёри мавридҳо шахсоне, ки ин ҷиноятҳоро содир кардаанд, ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми адои ҷазо зарари расонидашуда, 20 фоиз ҳам барқарор намешавад. Ҳол он ки бо қарори суд мумкин аст бар ивази маҳрум кардан аз озодӣ шахсони чунин ҷиноятро содиркарда ӯҳдадор карда шаванд, ки зиёни молиро пурра барқарор намуда, ҷаримаи муайянро супоранд.
Дар робита ба ин вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа омӯхта, дар ин хусус ба ҳукумат таклифу пешниҳодҳои худро манзур намоянд.
Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо имсол ва солҳои наздик ба хотири таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, рушди инфраструктураи минтақаҳо, ташкил кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат бояд аҳлона ва ҷиддӣ кор кунем.
Дар назди ҳукумати кишвар оид ба рушди бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, зиёд намудани ҳиссаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ҷалб ва истифодаи самараноки сармояи дохиливу хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.
Дар ин самт ба мо зарур аст, ки ислоҳоти иқтисоди кишвари худро суръат бахшида, ҳамгироии онро бо низоми бозори ҷаҳонӣ таъмин намоем. Дар ин раванд, албатта, бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорон ва сармоягузорон, бояд нақши муносиб дошта бошанд.
Татбиқи қонун «Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2006 қабул гардида буд, ба бахши соҳибкорӣ дар масъалаи сарфа намудани маблағҳои зиёд мусоидат кард. Ин натиҷаи ислоҳоти ҳуқуқӣ дар самти ҳавасмандгардонӣ ва шаффофияти фаъолият, инчунин саъйу кӯшиши ҳукумати мамлакат доир ба ислоҳоти низоми санҷишҳо мебошад.
Дар натиҷаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ солҳои охир ташкили корхонаҳо дар соҳаҳои афзалиятнок хеле вусъат пайдо кард.
Мутобиқи маълумоти мақомоти андоз имрӯз дар мамлакат шумораи умумии субъектҳои соҳибкории хурду миёна қариб 130 ҳазор, аз ҷумла субъектҳои соҳибкории хурд, бо дарназардошти соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 121 ҳазор, инчунин субъектҳои соҳибкории миёна 8300 ададро ташкил менамояд. Теъдоди субъектҳои соҳибкории хурду миёна нисбат ба соли 2008-ум 12 фоиз афзудааст, ки ин ҳанӯз нокифоя мебошад.
Дар давоми солҳои 2008-2009 аз ҷониби бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна 113 ҳазор ҷойи нави кор, аз ҷумла аз ҳисоби зиёд гардидани теъдоди соҳибкорони инфиродӣ 16 ҳазор ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ 97 ҳазор ҷойи кор, ташкил карда шудааст. Танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетие, ки тавассути Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳрвандони бекор барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун қарз дода мешавад, зиёда аз 7 ҳазор ҷойи нави кор муҳайё гардидааст.
Илова бар ин, мо ҷиҳати ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ имтиёз муайян кардем, вале бо вуҷуди ин, ҷараёни навсозии истеҳсолот ва ҷорӣ намудани технологияи муосири истеҳсолӣ оид ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ҳарчанд ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат доир ба рушди саноати сабук барои солҳои 2006 – 2015 ва коркарди пурраи нахи пахтаи дар кишвар истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015 ду барнома қабул гардида, дар доираи онҳо амалӣ гардонидани як силсила тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудааст.
Бинобар рақобатпазир набудани молҳои истеҳсоли ватанӣ имрӯз дар бозори дохилии кишварамон молҳои истеҳсоли хориҷӣ бартарият доранд. Номгӯи маҳсулоти дар корхонаҳои саноатии кишвар истеҳсолгардида маҳдуд ва асосан истеъмолӣ буда, аз молҳои саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, маводи сохтмон ва дигар молҳои оддии рӯзгор иборат аст.
Бояд гуфт, ки дар чунин вазъ мавҷудияти номгӯи имтиёзноки воридоти таҷҳизоти технологӣ дар шароите, ки ҳар рӯз намудҳои нави техникаву технология истеҳсол шуда истодаанд, хилофи мантиқ мебошад. Бинобар ин, ба вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани ин монеа доир ба навсозии парки техникии корхонаҳо пешниҳодоти мушаххас манзур намоянд.
Аз шумо – соҳибкорони ватанӣ низ тақозо мегардад, ки бо дарназардошти талаботи замон ва ниёзи кишвари худ дар ташкили истеҳсолоти дорои технологияҳои каммасрафи барқӣ ва воридоти техникаву технологияҳои муосир, ки барои онҳо имтиёзҳои гумрукӣ муқаррар гардидаанд, инчунин ҷойҳои нави корӣ бештар фаъол ва ташаббускор бошед.
Ҳамчунин бояд таъкид кард, ки бо ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва инфраструктураи иҷтимоӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест. Соли гузашта ҳаҷми сармояи ба кишвар воридшуда сеюним баробар кам шудааст, ки дар ин раванд таъсири бӯҳрон кам нест. Вале бо вуҷуди ин, ба сармоягузорон ва соҳибкорони ватанӣ зарур аст, ки бо истифода аз таҷриба ва имкониятҳои худ дар ин самт низ беш аз пеш фаъол бошанд.
Дар мамлакати мо соҳибкории хурд асосан дар соҳаи кишоварзӣ густариш ёфта истодааст. Таъсис ёфтани хоҷагиҳои кишоварзии оилавию инфиродӣ деҳқонони кишварро дар фаъолияти худ ва истифодаи замин мустақил гардонид. Вале дар мавриди таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди фаъолияти онҳо мушкилоту монеаҳое мавҷуданд, ки бевосита ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста мебошанд.
Мақоми шахси ҳуқуқӣ надоштани хоҷагиҳои деҳқонӣ ба онҳо дар анҷом додани корҳои маъмуриву тиҷоратӣ, хусусан дар мавриди гирифтани қарз ва иҷро намудани амалиёти бонкӣ, мушкилот пеш меорад. Дигар ин ки доираи ҳуқуқи онҳо ҳамчун сохтори мустақил хеле маҳдуд аст. Ҳол он ки хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд ба сифати муассисаҳои комилҳуқуқи истеҳсолӣ бо дигар субъектҳои хоҷагидорӣ додугирифт ва муносибат карда тавонанд. Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои кишоварзӣ, адлия, Кумитаи андоз, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар баробари содда гардонидани расмиёти ҷудо кардани қитъаи замин, гирифтани сертификати он ва бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар бораи аз байн бурдани мухолифати моддаҳои алоҳидаи қонунҳои дахлдори амалкунанда тадбирҳо андешанд.
Ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ соли гузаша бо Фармони Президенти Тоҷикистон қарзи то ба ҳолати аввали январи соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар давоми даҳсолаи охир ба амаломадаи хоҷагиҳои пахтакор аз ҳисоб бароварда шуд. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки вазъи молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ солим гашта, фаъолияти истеҳсолии онҳо густариш пайдо намояд. Вобаста ба ин, Вазорати молия ва Бонки миллӣ вазифадоранд, ки якҷо бо раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор бо сафарбар намудани имкониятҳои сармоягузорони соҳаи пахтакорӣ татбиқи пурраи фармони зикршударо ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Барои дастгирии молиявии соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ мо ба фаъолияти низоми бонкӣ дар мамлакат тақвият бахшидем. Дар ин замина солҳои охир қарздиҳии бонкӣ хеле густариш ёфт, ки ин раванд ба беҳтар шудани дастрасии захираҳои молиявӣ ба соҳибкорон ва вусъат ёфтани фаъолияти истеҳсолии онҳо боис гардид.
Дар давоми ду соли охир аз тарафи бонкҳои кишвар ба соҳибкорон дар маҷмӯъ 7 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Дар ин давра ҳаҷми умумии маблағи қарзҳои пешниҳодгардида нисбат ба соли 2007-ум беш аз сеюним миллиард сомонӣ ё зиёда аз ду баробар ва шумораи қарзҳои додашуда 200 ҳазор адад ё ду баробар афзудааст, ки ҳадафи асосии чунин иқдомот дастгирии бевоситаи соҳибкории хурду миёна мебошад. Дар таркиби ин қарзҳо 2,8 миллиард сомониро қарзҳои хурди ба соҳибкорон додашуда ташкил медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра қарзҳои хурди додашуда алалхусус ба соҳаи истеҳсолӣ, аз ҷумла кишоварзӣ 33 фоиз ва саноат 24 фоиз, равона шудаанд, ки ин ҳанӯз хеле кам аст. Дар ин давра ба масъалаи дастрасии васеътари соҳибкорон ба захираҳои қарзӣ дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон аҳамияти ҷиддӣ дода шуд. Маблағи чунин қарзҳо дар ду соли охир 842 миллион сомонӣ ё 30 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои хурди ҷудошударо ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2007-ум 70 фоиз зиёд мебошад.
Солҳои охир дар масъалаи фоизи қарзҳои бонкӣ низ тағйироти мусбат, яъне аз 16 то 8 фоиз паст шудани меъёри бозтамвил ва аз 22 то 19 фоиз паст гардидани фоизи қарзҳо дида мешавад, ки ин, бешубҳа, ба густариши фаъолияти соҳибкорон мусоидат менамояд. Дар ин раванд илова ба содда кардани тартиби хизматрасонии бонкӣ зиёд намудани теъдоди ташкилотҳои қарзӣ ва шаклҳои дигари ташкилотҳо ва фондҳои қарзии хурд низ анҷом дода шуд, ки имрӯз шумораи онҳо 136 ададро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, теъдоди афзоишёфтаи шӯъбаҳо, нуқтаҳои хизматрасонии интиқоли пулӣ, мубодилаи асъор ва монанди инҳо ба ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ низ мусоидат намуд.
Чорабиниҳои зикршуда дар баробари такмили босуботи қонунгузории бонкӣ дар афзоиши босуръати шумораи қарзгирандагон, махсусан аз ҳисоби соҳибкорони хурду миёна нақши калон бозид; дар ин давра теъдоди чунин қарзгирандагон аз 82 ҳазор ба 197 ҳазор, яъне дуюним баробар афзудааст. Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки ҳанӯз қарзҳои хурд на ба ҳамаи соҳибкорони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дастрас мебошанд. Сабабҳои ин, пеш аз ҳама, ҳоло ҳам баланд будани фоизи қарз ва ба мӯҳлати кӯтоҳ дода шудани онҳо мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд зарур аст, ки барои ҷалби захираҳои дарозмуддат ва ба соҳибкорони хурду миёнаи истеҳсолӣ пешниҳод намудани онҳо тадбирҳо андешанд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурду миёна доир ба пешниҳод намудани қарзҳо бояд низоме ҷорӣ карда шавад, ки бозгашти маблағҳои бонкиро қавитар гардонад.
Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва ҷорӣ кардани чунин низом ва паст кардани хавфи бозгашти қарзҳо ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки:
- доир ба такмили қонунгузории марбут ба гарав ва ҷорӣ кардани усулҳои ситонидани гарав тадбирҳо андешад;
- феҳристи миллии қарзҳоро, ки мушкилоти бонкҳоро доир ба гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи қарзгирандагон, арзёбии талабот ба қарзҳои бонкӣ ва мӯҳлати қарзгириро осон мегардонад, таҳия намояд;
- фаъолияти ҳамоҳангсозии сиёсати маблағгузории хурд ва такмили қонунгузории соҳавиро бо иштироки бахши хусусӣ анҷом диҳад.
Итминони комил дорам, ки бо амалӣ шудани тадбирҳои мазкур муносибати бонкҳо ва соҳибкорони хурду миёна бештар вусъат ёфта, сатҳи муомилоти нақдӣ паст мегардад ва захираҳои озоди молиявии бонкҳо афзоиш меёбанд, ки ин барои минбаъд ба соҳибкорон пешниҳод кардани қарзҳои бештар мусоидат хоҳад намуд. Гузашта аз ин, барои коҳиш додани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ аз нав баррасӣ кардани меъёрҳои низоми пуливу қарзӣ ва гузаштан ба меъёрҳои ҷавобгӯи замон аҳамияти калон дорад.
Илова бар ин, бояд гуфт, ки аз соли 2008-ум механизми нави аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳибкорон додани қарз амалӣ карда мешавад. Масалан, ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагиҳои пахтакор 320 миллион сомонӣ, аз ҷумла соли 2008-ум 140 миллион ва дар соли 2009-ум 180 миллион сомонӣ, равона карда шудааст.
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, аз ҷумла рушди асалпарварӣ, боғу токпарварӣ, мубориза бо ҳашароти зараррасон, хариди ҳамаи намудҳои тухмӣ ва дигар барномаҳои соҳаи кишоварзӣ дар солҳои 2005-2009-ум 165 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Дар соли 2010 низ дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна идома ёфта, барои додани қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 130 миллион сомонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳибкорӣ зиёда аз 32 миллион сомонӣ равона карда мешавад.
Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон, таъсиси ҷойҳои нави кор ва касбомӯзӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қарзҳои имтиёзнок ва дигар намудҳои дастгирии молиявӣ ба маблағи зиёда аз 27 миллион сомонӣ, инчунин тавассути Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ 7 миллион сомонӣ равона карда шуд.
Дар робита ба масъалаи ҷалби занону духтарон ба соҳибкорӣ ва умуман бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо таъкид месозам, ки шумо – соҳибкорон метавонед ин нерӯи бузургро бештар дар низоми бонкиву молиявӣ, ки кормандони онҳо асосан бо техникаи компютерӣ ва анҷом додани амалиёти оперативӣ сарукор дошта, ҳоло дар кишвар аксарияташонро мардон ташкил медиҳанд, инчунин дар соҳаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла савдо ва коммуникатсия, истифода намоед.
Дар баробари ин, тамоми сохторҳои давлатӣ, бахусус мақомоти молия, сохторҳои бонкӣ, коммуникатсия, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонии иҷтимоиро вазифадор менамоям, ки минбаъд дар мавриди интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ҳамчунин қабули коргарон бештар ба занону духтарони кордону болаёқат ва соҳибмаърифат афзалият диҳанд.
Соҳибкорони мӯҳтарам!
Мувофиқи таҳлилу арзёбиҳо низоми андозбандии субъектҳои соҳибкорӣ, яъне меъёри андозҳо дар мамлакатамон чандон гарон нест, вале дар самти такмили маъмурикунонии андозҳо, алалхусус бо роҳи истифода аз усулҳо ва технологияҳои муосир бояд як қатор корҳо анҷом дода шаванд. Дар навбати худ, идоракунии андозҳоро сатҳи нокифояи донишҳои ҳуқуқиву иқтисодии соҳибкорон ва маданияти андозсупории онҳо, инчунин сатҳи пасти касбӣ, одоби хизматӣ ва каммасъулиятии баъзе кормандони мақомоти андоз мушкил гардонидааст. Аз ин рӯ, бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани маъмурикунонии андозбандӣ ва дар ҳамин асос беҳтар намудани муносибатҳои мақомоти андоз бо соҳибкорон, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз вазифадор карда мешаванд, ки:
- барои кам кардани шумораи пардохтҳо ва ҳисоботи андоз бе расонидани таъсири манфӣ ба воридоти даромадҳои буҷети давлатӣ таҳлилҳо гузаронида, бо роҳи ҷорӣ намудани қабули ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ, системаҳои компютерии баҳисобгирӣ ва назорати андоз, ташкили махзани маълумот дар мақомоти андоз хулосаҳои асоснок пешниҳод созанд;
- имтиёзҳои андози бесамар ва имтиёзҳои андозеро, ки рақобати солимро дар байни соҳибкорон халалдор месозанд, ҳаматарафа омӯхта, доир ба ин масъала хулосаи мушаххас манзур намоянд;
- оид ба сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ дар самти амалӣ намудани ин чорабиниҳо, аз ҷумла бо ҷалби сармояи хориҷӣ, чораҷӯӣ кунанд;
- стандарти хизматрасонӣ ба андозсупорандагонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
Мо хуб медонем, ки дар баробари тадбирҳои то ба имрӯз андешидаи ҳукумат дар самти беҳбудии фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҳанӯз ҳам як қатор монеаҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла, дар расмиёти мавҷудаи амалиёти содироту воридоти молу маҳсулот, ҳимояи иҷтимоии соҳибкорон, шаффофияти низоми андозсупорӣ, дастрасии захираҳои қарзӣ, ҷудо намудани замин барои сохтмони иншооти тиҷоративу истеҳсолӣ, кафолати суғуртакунонӣ, дастрасӣ ба иттилоот, дастгирии истеҳсолоти соҳибкорони ватанӣ, расмиёти маъмурии гирифтани ҳар гуна иҷозатномаҳо мушкилоту норасоиҳои зиёд мавҷуданд. Дар натиҷа соҳибкорон баъзан дучори мушкилот мегарданд ва чунин ҳолат метавонад ба пайдо шудани омилҳои коррупсионӣ низ мусоидат намояд.
Бо дарназардошти ҳамаи ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳар гуна муносибатҳои ғайриқонунии миёни субъектҳои давлативу соҳибкорӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки вазъи татбиқи мораторийи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ва натиҷаҳои дусолаи онро мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дода, хулосаи мушаххас пешниҳод созад. Ҳамзамон бо ин, доир ба муайян намудани стратегияи минбаъдаи рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, пеш аз ҳама дар бахши соҳибкории истеҳсолии хурду миёна, чораҷӯӣ намояд.
Робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва роҳ ёфтан ба бозори молу хизматрасониҳо ва техникаву технологияҳои нав ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 2009-ум дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи сифат коҳиш ёфта, ба воридоти пардохтҳои гумрукӣ таъсири манфӣ расонид.
Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пештар соҳибкор дар мақомоти танзимкунандаи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ бо пардохти музди муайян аз қайд мегузашт. Дар натиҷаи тағйир додани муқаррароти қонунгузорӣ ҳоло ин расмиёт аз байн бардошта шуд. Вале бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки ҳоло тавозуни гардиши савдои хориҷӣ дар мамлакати мо ба талаботи замон чандон ҷавобгӯ нест ва дар ин самт проблемаҳои муайян вуҷуд доранд. Зеро тартиби воридот ва содирот, ташкили фаъолияти истеҳсоливу тиҷоратии корхонаҳои хурд ва ҳавасмандсозии сармоягузорони хориҷӣ барои ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои хурди муштарак ҳанӯз барои соҳибкорони ватанӣ мураккаб аст. Дар айни замон 24 фоизи корхонаҳои хурду миёнаи кишвар бештар молу маҳсулот ворид менамояд ва танҳо 3 фоизи онҳо бо содирот машғул мебошад.
Аз ин рӯ, зарурати таъмин кардани шаффофият ва содда гардонидани расмиёти содироту воридот ба миён омадааст, ки онро бо роҳи ҷорӣ намудани ҳуҷҷати ягонаи маъмурӣ ва истифодаи усули “равзанаи ягона” барои расмиёти гумрукӣ амалӣ кардан мумкин аст. Вобаста ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор то охири нимаи аввали соли ҷорӣ дар бораи татбиқи Консепсияи «равзанаи ягона» барои расмиёти содироту воридоти молҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳоди асоснок манзур созанд.
Ба Хадамоти гумрук зарур аст, ки дар доираи Консепсияи рушди мақомоти гумрук татбиқи барномаи модернизатсияи гумрук ва рушди инфраструктураи онро дар мӯҳлати муқарраршуда таъмин намояд. Илова бар ин, бо мақсади кам кардани монеаҳои техникӣ дар савдои хориҷӣ ба Агентии «Тоҷикстандарт» супориш дода мешавад, ки доир ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ”, ки ба рушди соҳибкорӣ, таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот дар бозори истеъмолии мамлакат мусоидат менамояд, чораҳои иловагӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Масъалаи ҷудо кардани замин барои сохтмони иншооти истеҳсолӣ таҳти таваҷҷӯҳи махсуси ҳукумати кишвар қарор дорад. Дар айни ҳол, мӯҳлати аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ баррасӣ намудани дархостҳои марбут ба бунёди иншооти истеҳсолӣ ва корхонаҳои нав кам карда шудааст.
Мо масъалаҳои содда гардонидани расмиёти гирифтани заминро барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ва дар ин асос таъсис додани ҷойҳои нави кор, танзими бозори меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, махсусан маҳсулоти барои содирот пешбинишударо дастгирӣ менамоем. Аз ин хотир, суръат бахшиданро ба ташаккули минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», “Данғара” ва “Ишкошим”, инчунин дар шаҳрҳои саноатӣ, марказҳои шаҳру ноҳияҳо таъсис додани минтақаҳои инвеститсиониву саноатӣ, марказҳои инноватсионӣ ва техникӣ, инкишофи технологияҳои навтарин, марказҳои туристӣ ва хизматрасониҳои замонавиро, ки дар онҳо соҳибкорон дар асоси бизнес-нақшаҳои худ барои сохтмони инфраструктураи зарурӣ имконият пайдо карда тавонанд, зарур мешуморем.
Ҳадафи асосӣ аз ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дигар марказҳову намудҳои фаъолияти ба онҳо наздик, пеш аз ҳама ҳавасмандгардонии сармоягузорони хориҷиву ватанӣ, инкишофи содирот ва афзоиши даромади асъорӣ, воридоти техникаву технологияҳои муосир ва тарбияи мутахассисони дорои маърифати баланди техникӣ мебошад. Вале хотирнишон бояд кард, ки барои чунин минтақаҳо ва маҳалҳо қаблан бояд инфраструктураи зарурӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки ин, албатта, хароҷоти молиявиро аз ҷониби давлат ва соҳибкорону сармоягузорони бахши хусусӣ тақозо менамояд.
Дар робита ба ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имконияти таъсиси минтақаҳои инвеститсионӣ ва дигар марказҳои замонавиро ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ суғуртакунонӣ аҳамияти зиёд дорад ва он яке аз воситаҳои муҳими ҳифзи тиҷорат ва сармоягузорӣ аз бебарориву ноомадиҳои кор мебошад. Илова бар ин, суғуртакунонӣ масъулияти соҳибкоронро вобаста ба низоми назоратӣ баланд мебардорад. Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки дар робита ба вусъати суғуртакунонӣ қонунгузории дахлдори амалкунандаро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати такмил додани он ба ҳукумати кишвар хулосаҳои асоснок пешниҳод созанд.
Масъалаи ҳифзи иҷтимоии соҳибкорон низ яке аз проблемаҳои ҳалталаб мебошад. Зеро то ҳол дар мамлакатамон механизми баҳисобгирии собиқаи меҳнатии соҳибкорони инфиродӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо ҳангоми корношоямӣ ба таври мушаххас муқаррар карда нашудааст. Бо дарназардошти ин, ба вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки то охири семоҳаи аввали соли 2010-ум механизми бақайдгирии собиқаи меҳнатии соҳибкорон ва ҳифзи иҷтимоии онҳоро таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дӯстони азиз!
Соли оянда мардуми шарафманди кишварамон 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро ҷашн мегиранд, ки имрӯзҳо омодагӣ барои таҷлили шоистаи ин санаи бузурги таърихӣ шурӯъ гардида, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободсозии сарзамини аҷдодиамон рӯз ба рӯз вусъат гирифта истодаанд. Дар ин раванд аз ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва ҳар шахсе, ки Тоҷикистонро баробари модари худ сидқан дӯст медорад ва истиқлолияти онро азиз медонад, дар доираи имкониятҳои хеш бояд дар ободонии як гӯшаи деҳа ё шаҳру ноҳияи хеш ва дар маҷмӯъ дар ободу шукуфо гаштани Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол иқдому ташаббуси ватандӯстона зоҳир намояд.
Мо медонем, ки аксарияти шумо – соҳибкорони саховатманд ба даъвати Сарвари давлат доир ба дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва бунёду таъмири иншооти таъиноти иҷтимоии кишвар – сохтмон ва таъмиру таҷдиду мактабу беморхонаҳо, роҳу пулҳо ва иншооти дигар ҳамеша бо амалҳои хайру савоби худ ҷавоб мегардонед. Аз ин лиҳоз, мехоҳам дар ин фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламон пайваста иқдому ташаббуси наҷиби созандагӣ зоҳир мекунанд ва ба ниёзмандон дасти кӯмаку хайрхоҳӣ дароз менамоянд, арзи сипосу миннатдорӣ намоям.
Дар баробари ин, ҳамаи шумо - соҳибкорони бонангу номуси кишварро даъват менамоям, ки ба хотири ҳамқадами замон ба воя расонидани насли ҷавони кишвар ва таълиму тарбияи шоистаи фарзандону набераҳои худ дар соли 2010-ум, яъне Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, инчунин солҳои минбаъда низ дар ободсозиву беҳтаргардонии шароити мактабу муассисаҳои таълимӣ, бунёди синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва толорҳову майдонҳои варзишӣ, ҳамчунин дар риояи муқаррароти қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва сарфаю сариштакорӣ намунаи ибрати дигарон бошед.
Тавре ки ҳамаи шумо хуб медонед, мо бо мақсади аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, фароҳам овардани имконияти рафтуомади озодона ба кишварҳои хориҷӣ ва ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулот, инчунин таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар хеле корҳоро анҷом додем, ки сохта, ба истифода дода шудани роҳу пулҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузурги барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Дар баробари ин, бунёди як қатор иншооти коммуникатсиониву энергетикӣ, аз ҷумла роҳи мошингарди Душанбе – Саритош, роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, нерӯгоҳҳои Роғун ва «Сангтӯда-2» босуръат идома дорад ва мо дар назди худ вазифаи қатъӣ гузоштаем, ки солҳои наздиктарин Тоҷикистонро пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда, истиқлолияти энергетикии онро таъмин намоем. Зеро то ба ҳол нарасидани нерӯи барқ монеаи асосии рушди устувори иқтисодии мамлакат, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ, мебошад. Шумо хуб медонед, ки норасоии нерӯи барқ ҳатто ба пастравии истеҳсолоти саноатӣ ва бекор мондани ҳазорҳо одамон оварда расонид.
Аз ин хотир, мову шумо то Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва дигар нерӯгоҳҳоро сохта, ба истифода надиҳем, ин мушкилотро дар кишвари худ бартараф карда наметавонем. Тавре ки чанд рӯз пештар дар муроҷиатномаи худ ба мардуми кишвар иброз намудам, мо дар таъминоти пурраи эҳтиёҷоти Тоҷикистон ба нерӯи барқ ғайр аз сохтмони нерӯгоҳи Роғун роҳи дигар надорем.
Мо ҳоло тасмим гирифтаем, ки Роғунро бо қувваи худ, яъне бо имкониятҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон - бо кафолати давлат аз ҳисоби маблағҳои фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” бунёд намоем.
Дар ин кори хайр ва бунёди дигар нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обии мамлакат, ки лоиҳаҳои онҳо таҳия шудаанд, бояд шумо – соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони ватанӣ низ, пеш аз ҳама, ба хотири пешрафти кори ояндаи худ фаъол бошед.
Бо истифода аз ҳузури шумо – намояндагони доираҳои соҳибкории мамлакат бори дигар ба ҳамаи соҳибкорону тоҷироне, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар мамолики дигар фаъолият доранд, муроҷиат карда, ҳар кадомашонро даъват мекунам, ки дар ин кори хайр, яъне бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, фаъолона ширкат намоянд ва саҳми арзандаи ватандӯстонаи худро гузоранд. Шумо, ки нисбат ба дигар табақаҳои аҳолӣ имконияти васеътар доред, аз савоби ин амали хайр дар канор намонед.
Итминон дорам, ки шумо нисбат ба ояндаи ободи Ватан, сарнавишти наслҳои имрӯзу фардо бетафовут буда наметавонед, зеро заҳмати имрӯзаи шумо низ ба хотири осудагии ояндаи фарзандону набераҳои худатон мебошад.
Мову шумо бо хариди саҳмияҳои Роғун гардиши коғазҳои қиматнокро дар кишварамон ба роҳ монда, ба сӯи густариши соҳибкорӣ ва низоми бозори пешрафтаи ҷаҳони мутамаддин боз як қадами устувор мегузорем.
Мехоҳам таъкид намоям, ки Роғун дар тараққиёти иқтисодии мамлакат, рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин барои зиндагии босаодати наслҳои оянда як ҷаҳиши бузурге хоҳад гардид.
Роғун барои ҳамаи мо мактаби бузурги омӯзиш, истифода ва баҳрабардорӣ аз коғазҳои қиматнок ва дар айни замон қадами устувори мо ба сӯи пешрафти босуръати соҳибкорӣ ва густариши тиҷорати Тоҷикистони имрӯзу фардо мегардад.
Ва ҳар соҳибкори бонангу номус ва тоҷири дурандешу ватандӯст, ки саҳмияҳои Роғунро харидорӣ менамояд, итминон дошта бошад, ки дар гузоштани пойдевори мустаҳками зиндагии фардо, рӯзгори пурбаракату осудаи худ ва фарзандонаш саҳм мегузорад.
Гузашта аз ҳамаи ин, Роғун марзи нангу номус, арсаи кору пайкор, рамзи воқеии ватандориву меҳанпарастӣ, кафолати ободии имрӯзу фардои неки мо, сарсабзии давлати соҳибистиқлол ва миллати офарандаву бунёдкори мост. Ва он рӯз дур нест, ки мо дастаҷамъона ин иншооти тақдирсози Тоҷикистони азизро бунёд карда, барои ояндаи дурахшони Ватани аҷдодии худ ва зиндагии шоистаи фарзандони хеш заминаи боъэътимод мегузорем.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо барори кор ва сарбаландиву сарфарозӣ орзумандам ва ба ҳар хонадони Тоҷикистони азизамон оромиву осоиш, бахту саодат ва рӯзгори пурфайзу баракат мехоҳам.
Саломат бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3114