фарҳанг
ГУЛИ СУРХ
Гул зеби чаман, зеби дашту даман. Гулҳои рангоранг баҳорро зебу фар бахшанд, ба дидаҳо нуру зиё оваранд. Вале, аз ҳама дида гули сурх ба чашмҳо мехӯрад, дар айёми баҳор, дар болои қолини сабз андар сабзи замин гулҳои сурх ҳусни заминро як бар сад физоянд, дилҳоро фараҳ бахшанд.
Гули сурх…
Ба хоса акнун, к-аз санги хора лола дамид,
Зи лола кӯҳ чу дебои лаъл шуд ҳамвор.
ва ё:
В-он қатраи борон, ки барафтад ба гули сурх,
Чун ашки арӯсест барафтода ба рухсор.
Гули сурх зеби боғу роғ асту беҳтарин ташбеҳ рухи ёру лаби дилдор дар ашъори шоирон.
Худ шеъри:
Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи
Лайло,
Бигиряд абр бар гардун ба ҳоли дидаи Маҷнун, -
афсона шуд. Беҳтарин тасвир, волотарин санъати сухан дар ин байт дида мешавад. Хандаи лола, гули сурх, лабони сурх, чеҳраи гулгун ҳама дилрабоянду хушоҳанг ва касро ба ваҷд меоваранд.
Баҳори мушкбор тавонад, ки табиатро ранг ба ранг кунад, ки ақлҳо дар таҳайюр шаванд.
Навбаҳор аз хеду гул орост гетӣ ранг-ранг,
Арғувонӣ гашт хоку парниёнӣ гашт санг.
Гул шукуфту лола бинмуд аз ниқоби сурх рӯй,
Он зи анбар бурд бӯю ин зи гавҳар бурд ранг.
Гули сурх рӯсурхист, оташи дил, алангаи ишқ аст.
Охир, чӣ гӯем, ки:
Шукуфта лола ба кирдори оташ аст зи дур,
Ки дуди ӯ нопайдову нури ӯ пайдост.
Сурхии гул на ин ки ҳусни табиатро афзун мекунад, балки ба дилҳо гармӣ, шодӣ ва хушҳолӣ меорад.
Гули рухи ёрро пеши назарҳо ҷилвагар
месозад.
Гули сурх, гули лола, гули садбарг, гули хайрӣ,
гули тоҷи хурӯс.
Онҳо зиёданд, лек шоирон аз ҳама беш лоларо дидаанду гоҳе ба қадаҳу гоҳе ба рухи ёру гоҳе ба лаби дилбару гоҳе ба лаъл монанд кардаанд.
Шоире нест, ки дар ғазалу, таронаву рубоиёташ лоларо ҷой надода бошад.
Лола тавонад онҳоро бо арӯси сол, бо ишқи бемисол рӯ ба рӯ кунад, ба илҳом оварад.
Кунун, ки сурхгул аз рӯй парда боз гирифт,
Буто, гули рухат аз ман чаро гирифтӣ боз?
Дигар он ки бо номи Гули сурх дар шаҳри қадимаи Бухоро ва Ҳирот иде ҳам ҳаст. Иди баҳорӣ, иди гулу гулзор, иди рӯсурхӣ, иди табиату инсони оташниҳод. Дар Балх баробари омадани Наврӯз Гули сурх ҷашн гирифта мешавад. Дигар он ки Сайри гули лола дар диёрамон ҷашни гулҳоро монад.
Баҳор бо рангбориаш, бо рангорангии ҳолатҳои табииаш зебост.
Баҳор ишқ аст, меҳр аст, ҷӯшу хурӯш аст, зиндашавии ҳаёт аст.
Гул чу бишкуфт, замин гашт пур аз оби равон,
Ба гулу оби равон, тоза бувад ҷони ҷаҳон,
Ҳар куҷо чашм занӣ, ҳаст замин наргисзор,
Ҳар куҷо пой ниҳӣ, ҳаст замин лоластон,
Сабзаро бод пур аз анбар кардаст канор,
Лоларо абр пур аз анбор кардаст даҳон.
Ва ё:
То бипӯшид ба луълуи салит боғ суман,
Аз гули сурх ба ёқут биёрост чаман.
Гули сурх тез ба чашм мехӯрад, зуд касро ба сӯи худ мекашад. Дар дил оташи ишқро фурӯзон месозад. Барои ҳамин шоирон рангу бори баҳорро, заминро аз ҳама беш дар ранги сурх дидаанд, гули лоларо дар ҳазору як ташбеҳу тавсифи дигар ёфтанд.
Ҳатто офтобро ҳам ба гули сурх монанд кардан кори шоири вологуҳар аст:
Саҳаргаҳ, ки омад ба некахтарӣ,
Гули сурх бар тоқи нилуфарӣ, -
гуфтани Низомии Ганҷавӣ гувоҳи ин суханҳост.
Гули сурх чароғи дилҳост, шамъи дидаҳост.
Устод Садриддин Айнӣ бо ғазали «Гули сурх» зуд шинохта шуд, дар байни шоирон обрӯ ёфт. Ҳамон шеъре, ки чунин шоҳбайт дорад:
Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,
Гар ба каф чун аҳли олам дирҳаме медоштам.
Гули сурх аз забон ба забон, аз дил ба дил хона мемонд, фурӯзону фурӯзонтар мегашт.
Ба шоирони сухансанҷи Ҳисор Парӣ ва Ирсӣ ҳам таъсир кард.
Парӣ гуфта:
Дар чаман дода агар файз баҳорон гули сурх,
Мижа аз хуни дилам рехт ба доман гули сурх.
Ирсӣ сарояд:
Ҷоми май лола шуду ғунчаи мино гули сурх,
Базми рангин ба чаман карда муҳайё гули сурх.
Гули сурх дар баҳор базм дорад, ид биорояд. Дар боғу бӯстон, дар байни сабзазорон чароғи дил барафрӯзад, пираҳани сурхи ёрро чок занад, лаъли Бадахшонро ба ёд оварад, хуршеди тобонро ба тамошои худ кашад.
Устод Лоиқ бигӯяд:
Лола - раққосаи машъалдоре,
Бойчечак - шафақи субҳона,
Сабзаҳо - кокули нобофтае,
Мезанад бод ба парми шона.
Бозор Собир сарояд:
Ин кӯҳи лолагардон,
Монанди дилбари ман,
Сурхида то ба гардан,
Шарми занона дорад.
Бонуи сухан Гулрухсор тараннум кунад:
Лолаҳо дар ёлаҳо машъал шуданд,
Майсаҳо дар ёнаҳо махмал шуданд.
Гули сурх, лолазори суханро ба миён оварда, баҳорро дар шеъру ғазал нурафзою рангоранг намуда. Гули сурх ба дили мо шабеҳ аст, ба сурхрӯии мо монанд аст, лабу гунаи дилдорро ба ёд меорад. Лаъли Бадахшону хуршеди тобонро пеши чашми мо падидор менамояд. Мо баҳорро сурхрӯю сабздоман меёбему мегӯем:
Ҳусни ту ҳамеша дар фузун бод,
Рӯят ҳамасола лолагун бод…
Гули сурх…
Ш. ҲАҚНАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.03.2019 №: 48 Мутолиа карданд: 1395