logo

ҳуқуқ

БОСМАЧИЁН. ДУШМАНОНИ БАДКЕШ ТЕШАИ ХУДРО АЗ РЕШАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ БАРДОШТАНӢ НЕСТАНД

Душманони бадкешу бадандеш тешаи худро аз решаи фарҳангу маърифати миллӣ бардоштанӣ нестанд ва бо ҳар роҳе талош доранд, арзишҳои волову муқаддаси миллиро қурбони амбитсияҳои сиёсӣ - динии худ гардонанд. Онҳо арзишҳои миллиро бо ақоиди динӣ - мазҳабӣ махлут намуда, ҳатто динро аз миллат боло гузошта, падидаҳои бо дин омезишёфтаро ҳувияти миллӣ муаррифӣ карданианд.
 
Ҳамин тоифа шурӯъ аз охири солҳои 80 - уми асри гузашта даст ба сафед намудани ҳаракати босмачигарӣ ва қаҳрамонсозӣ аз чеҳраҳои босмачӣ зада, талоши зиёде ба харҷ медиҳанд, ки онҳоро «муборизи роҳи ислом» нишон диҳанд. Чун ба эҷоднома ва фарзияҳои ин муаллифон менигарӣ, ошкоро дармеёбӣ, ки ҳатман бо идеологияи барои миллати тоҷик бегона алоқаманданд ва кӯшиш бар он доранд, ки ҳар як қазияи бо дин пайвастаро дар шаклҳои нав ва барои як мақсад тобиши миллӣ диҳанд.
Табиист, ки тарроҳону бозингарони аслии ба даргириҳои солҳои 90 – уми асри гузашта равиши «ҷиҳодӣ» дода, бозиҳои сиёсии худро маҳз аз талошҳои додани тобиши ватанхоҳӣ ва миллатпарастӣ ба ҳаракати босмачигарӣ оғоз карданд. Дар саромади ин талошҳо қозии нахустини Тоҷикистон қарор дошт, қи дар солҳои охири шӯравӣ даст ба ин иқдом зад. Минбаъд, чанд босмачипарасти навбаромад, ки бо илми таърих иртиботе надоранд, даст ба ин мавзӯъ заданд ва чун нек ба умқи масъала менигарӣ, онҳо ё бо босмачиҳо пайвасти авлодӣ доранд, ё давомдиҳандаи амали босмачиҳо дар шаклу зуҳуроти тоза мебошанд.
Кофист ба шахсияту мансубияти қавмию миллии сарварони ҳаракати босмачигарӣ назаре андохт ва равшан мегардад, ки то кадом ҳад ҳаракати босмачигарӣ бо миллати тоҷик ҳамбастагӣ дорад ва ҳаммиллатони мо дар ин ҳаракат дар кадом нақш қарор доштанд, «қаҳрамониҳо» - и онҳо ба зери парчами кадом қувваҳо ва баҳри ҳимояи манфиати киҳо равона гардида буданд. Пешвоёни ин ҳаракат амир Саид Олимхон, Анварпошшо, Салимпошшо, Муҳиддинбек, Иброҳимбек, Абдулқаюм Парвоначӣ, Эшони Исохон, Туянқул, Тошмат, Туғайсарӣ, Абдураҳим, Ҷаббор, Боймурод Додхоҳ, Абдуллобий, Алимардон-додхоҳ, Мулло Қарақул, Утанбек, Баротбой, Тагайбек, Хуррамбек, Мирзоазиз Туқсабо буданд, ки ҳама турку туркони манғитӣ, намояндагони қавму қабилаҳои лақай мебошанд. Чанд нафар қурбошиёни тоҷик, ки ҳам буданд, дар дараҷаҳои сеюму чаҳоруму ғайра, бевосита таҳти фармонбарии онҳо қарор доштанд ва он қадар нуфузи асарбахше дар ин ҳодисаҳо надоштанд, зеро онҳо танҳо нақши иҷрогари амрҳоро мебозиданд. Онҳо ашхосе буданд, ки танҳо дар доираи маҳал, қавм, қишлоқ ва хешу табори худ эътибор доштанд.
Чунончи, Давлатмандбий дар Балҷувон, Фузайл Махсум дар Ғарм, Раҳмон-додхоҳ дар Мастчоҳ, Темур-додхоҳ дар Ҳисор, Абдураҳмон дар Қаратоғ ва ғайра. Шахсони номбаршуда ягон ҳадафи одӣ ва сиёсии миллӣ надоштанд. Ғараз аз муборизаашон бо сохти шӯравӣ, пеш аз ҳама, амалдори амир буданашон мебошад. Онҳо зиндагии бофараҳу сер доштанду дигар сокинони минтақаи таҳти фармонашон дар хизмати онҳо буданд ва табиист, ки намехостанд молу сарваташон бар фоидаи мардуми пойлучу камбағал аз даст равад. Муборизаи онҳо ҳеҷ робитае бо ватанхоҳӣ ва ҳимояи манофеи миллати тоҷик надошт. Дар хизмати бегонагоне қарор доштанд, ки баҳри баргардондани амири манғит ба тахти «вожгунаш» ва бунёди «Туркистони бузург» хизмат мекарданд. Дар ягон маъхаз вобаста бо ҳаракати босмачигарӣ вожаҳои тоҷик ва давлати тоҷикон вуҷуд надоранд!
Ҳомиёни босмачиҳо ва махсусан наҳзатиён, ҳеч пазируфтан намехоҳанд, ки ҷадди босмачиашон бо дасти худу мағзи аз идеологияи бегона гиҷгашта ба куштани тоҷики муаллиму маърифатҷӯ, занони озодихоҳу фаранҷиро дурандохта машғул буду давомдиҳандагони амали онҳо, дар рӯзҳои мо аз нав чароғи илму маърифатро дар симои донишмандони асили тоҷик Исҳоқӣ, Осимӣ, Латифӣ, Олимпур, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва садҳо равшанзамирону фарзандони одии миллат хомӯш намуданӣ буданд.
Роҳе, ки босмачиҳо моро бурданӣ буданд, равиши пантуркистӣ дошту пасомадагони онҳо кӯшиш доранд, ин идеологияи зиддимиллиро либоси панисломӣ пӯшонанд. Ширкати тоҷикон дар ҳаракати босмачигарӣ ба ҳеҷ минвол ҷанбаи миллӣ ё озодихоҳию ватандӯстӣ надошт. Онҳоро ҳеҷ гоҳ қаҳрамон шуморидан наметавон, зеро таҳти парчами бегонагон ва барои манфиати ғайр мубориза бурданд. Бо пирӯзшавии онҳо миллати мо ҳеҷ гоҳ Истиқлолияти миллӣ ва давлатии худро дарёфт намекард.
Возеҳу равшан аст, ки аз озодии дину виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда, солҳои аввали истиқлолият ҳомиёни навбаромади ислом, махсусан наҳзатиён, кӯшиш намуданд, ки роҳи мактаббачагонро ба сӯи дабистон баста, онҳоро ҳамнишини худ ва «шогирди хона» намоянд. Нони муаллим ва ҷанозаашро ҳаром эълон карданд. Магар ин иқдом такрори амалҳои босмачиҳо дар шакли дигар нест?
Онҳо «ман» - и худро ба арши аъло бардошта, шахсиятро дар рӯҳияи мардуми одӣ, ки садоқату имони холис нисбат ба дин доранд, шикастаанд. Бубинед, ин гурӯҳ ҳамеша дар мавъизаҳои худ такрор ба такрор мегӯянд, ки «саҷда бурдан ба касе ҷоиз нест, ҷуз ба Аллоҳ», вале вақте муридони содалавҳу бесаводашон пой, даст ва домани ҷелакашонро мебӯсанду ба дидаҳояшон молиш медиҳанд, онҳоро манъ намекунанд, намегӯянд, ки чунин аъмол ҳаром аст, гуноҳест сахту нобахшиданӣ.
Миллати мо истиқлолияти бо осонӣ ба даст овардаашро хеле гарон, бо хуни хеш ҳимоя намуд ва имрӯз Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол чун як ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба сӯи ояндаи дурахшонаш пеш меравад. Вале душмани бо идеологияи ғайр мусаллаҳ ҳанӯз ҳам дар камин аст ва аз ниятҳои касифи хеш даст накашидааст. Аз ин рӯ, ҳимояи миллату арзишҳои миллӣ имрӯз қарзи ҳар як зиёӣ ва фарди миллатдӯсту ватанпарвар аст.
Р. ТОШМАТОВА,
устоди ДДҲБСТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.03.2019    №: 48    Мутолиа карданд: 1061
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед