logo

фарҳанг

"БЕҲТАРИН ШЕЪРИ БАЧАГОНА". ОЗМУНЕ, КИ ДЕР БОЗ ИНТИЗОРАШ БУДЕМ

Эълони озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо номи «Беҳтарин шеъри бачагона», аз ҷумла мани унвонҷӯро, ки дар риштаи ин адабиёт таҳқиқ мебарам, бисёр шод намуд. Ин иқдоми нек, воқеан, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат мекунад. Инчунин, дар тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва боло бурдани ҳисси ватандӯстиву дӯстдории сарзамини аҷдодӣ саҳми чашмрас гирифта метавонад.
Шурӯъ аз моҳи июли соли гузашта ҳамаи шеърҳои озмуниро мутолиа мекунам. Тибқи талаботи озмун дар он шоирон ва ҳамаи онҳое, ки  эҷод менамоянд, бо нашри се шеъри тозаэҷоди бачагона ширкат меварзанд. Хушбахтона, нисбат ба дигар озмунҳо иштироки эҷодкорон дар ин озмун фаъолтар ба назар мерасад. Дар баробари номҳои шинос номҳову чеҳраҳои навро мебинаму умедам ба рушди адабиёти бачагона бештар мегардад. Ҷавонон, наврасон, хосса хонандагони мактаб, ба мавзӯъҳои муҳим рӯ меоранду саъй ба харҷ медиҳанд, ки шеърҳояшон бозёфт, образу суханҳои шоирона дошта ва мувофиқ ба дунёи зебову рангини кӯдакон бошанд.
Мавриди зикр аст, шумораи шоироне, ки барои бачагон эҷод мекунанд, махсусан солҳои охир хеле ва хеле кам шуданд. Ин озмун собит сохт, ки эҷодкорон дар ин ришта кам нестанд, фақат ба ҷалбу ҳидояту ғамхории махсус ниёз доранд.
Ба ҳисоби инҷониб дар озмун то ба ҳол қариб 70 эҷодкор ширкат варзидааст. То ҷамъбасти озмун, фикр мекунам, ки ин шумора ба 100 нафар мерасад. Ҳамин тавр, дар адабиёти бачагонаи тоҷик 300 шеър ворид мегардад, ки ин дастоварди бузург маҳсуб мешавад.
Бо изҳори сипоси бепоён метавон бо боварӣ гуфт, ки барои миллат ва таърих ин ташаббуси нек бисёр муҳим арзёбӣ мегардад ва доимо дар хотирҳо мемонад.
Муродгул САЪДУЛЛОЕВА, унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2019    №: 51    Мутолиа карданд: 1146
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед