logo

фарҳанг

НАВРӮЗ ОМИЛИ МУҲИМИ МУАРРИФИИ ТОҶИКИСТОН БА ҶАҲОНИЁН

Дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллии сокинони мамлакат ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри сайёҳӣ дар пойтахт баргузории фестивали сайёҳии “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” ва дар доираи он барпо гаштани чорабиниҳои зиёд ба нақша гирифта шудаанд.
Ба ин мақсад, 14 феврали соли ҷорӣ қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили  Иди байналмилалии Наврӯз – 2019 ба тасвиб расид. 
Наврӯз омили дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои табиӣ мебошад. Бо назардошти ин, дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хатсайрҳои ҷолиб тарҳрезӣ намуда, иди аҷдодии тоҷиконро ҳамчун бренди сайёҳӣ ба ҷаҳонгардон муаррифӣ менамоянд. Мувофиқи арзёбии коршиносон, муаррифии Иди Наврӯз дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ чун мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик метавонад садҳо ҳазор сайёҳи хориҷиро ба кишварамон ҷалб созад.
Боиси фараҳмандист, ки ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ солҳои охир хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда истодааст. Дар ин росто, чанде пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯз барои соли 2019-ро тасдиқ намуданд. Ангора доирашакл буда, дар байни он кураи Замин, аз ду тарафаш Парчами давлатӣ ва пайки баҳор – суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» мунъакис шудаанд. Ғайр аз ин, дар мувофиқа бо Пешвои миллат рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ, инчунин, намуди халтачаҳои наврӯзӣ барои туҳфаҳо тасдиқ гардид. Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳо омода шудааст. Рамзи ҷашн арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад, ки мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш ёфтааст. Суманак ва гули наврӯзӣ дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон, фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз интихоб шуда, минбаъд ҳамчун рамзи истиқболи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад-омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ истифода хоҳанд шуд. Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тавсия дода шудааст, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи Ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли равон насб намоянд. Дар халтачаҳои наврӯзӣ бошад, туҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон тақдим карда шаванд.
Ҳамаи ин тадбиру чораҳо ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз ва беҳтару бештар муаррифӣ шудани ҷашни аҷдодии миллиамон равона гаштанд, ки, бешубҳа, ҳадафрас хоҳанд буд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2019    №: 53    Мутолиа карданд: 982
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед