фарҳанг
ИТТИЛОИЯ
Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 40 - солагии ислоҳот ва сиёсати ошкоро дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи байналмилалии аксу мусаввараҳо бо ширкати вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, намояндагони вазорату идораҳо ва доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Шамсиддин Орумбекзода перомуни намоишгоҳи мусаввараҳо, ки фарогири беш аз 130 акс аст, ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои дӯст ва шарики стратегӣ мебошанд. Мо ба кумаку дастгирии ҳамсоякишвар дар татбиқи барнома ва тарҳҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки ба расидан ба чор ҳадафи стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии кишвар равона гардидаанд баҳои баланд медиҳем. Мо ба тавсеаи робитаҳо дар самти сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба сохтори сайёҳии Тоҷикистон ҳавасмандем. Робитаҳои илмию фарҳангии байни ду кишвар сол ба сол тақвият меёбанд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин дар нимаи аввали соли 2019 ба таҳкими равобити фарҳангии кишварҳоямон такони ҷиддӣ мебахшанд.
Лю Бин, иброз дошт, ки намоишгоҳ дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва технологияи инноватсионии Чинро дар давоми чил соли ислоҳот фаро гирифтааст. Бар пояи иттилои ӯ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давоми чил соли ахир аз рӯи вусъати иқтисодӣ мақоми дувумро касб намуда, ба кишвари бузурги саноатию тиҷоратӣ ва дорои захираи бойи тиллою асъорӣ табдил ёфт. Дар ин муддат симои Чин ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он ба таври куллӣ дигаргун гашт. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» ҳаҷми умумии содирот ва воридот 198 маротиба афзуда, ҳаҷми хизматрасониҳои содиротию воридотӣ 147 баробар зиёд гардид. Дар маҷмӯъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин муддат беш аз 2 триллион доллар сармояи хориҷиро ба иқтисодиёти кишвар ҷалб сохт. Тайи чанд соли охир саҳми Чин дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон беш аз 30 дарсадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи сафири Чин дар Тоҷикистон, ин кишвар дар раванди ислоҳот ва сиёсати ошкоро на танҳо худ пешрафт кард, балки дар рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон нақши муҳим бозид.
Додоҷон РӮЗИЕВ, журналист
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2019 №: 54 Мутолиа карданд: 1128