номаҳо
МИЛЛӢ Ё МАҲАЛЛӢ. ЧАРО МАСЪУЛОН ХОМӮШАНД?
Навиштаи М. Исмоилзодаро бо номи «Миллат муҳимтар аст, на маҳал» («Ҷумҳурият», 28 феврали соли 2019) мутолиа кардам. Муаллиф масъалаи мубрамро баррасӣ намудааст. Ӯ дар баробари зикри ободиҳои рӯзафзуни пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе аз он ифтихор низ мекунад. Аммо бо дидани овезаҳои хусусияти рекламавидошта ё худ тарғиботӣ вуҷудашро ҳиссиёти ногувор фаро мегирад.
Дар ҳақиқат, дар замоне ки мардум аз раванди ҷаҳонишавӣ меандешаду эҳсоси хавфу хатар дорад, мо ба ҷойи пешрафт аз маҳалгароӣ баромада наметавонем.
Мутаассифона, гурӯҳе ба хотири маҳаллу тиҷораташон мехоҳанд, андешаи моро ба маънои манфияш дигар бикунанд. Ғизову хӯрокҳоро ба маҳал рабт додан, пайвастан чӣ маъно дорад? Охир, ҳақиқат на чунон аст, ки мепиндоранду менависанд. Хӯрокҳову ғизоҳо, ошхонаҳову тарабхонаҳо дар ин гуна маврид бояд миллӣ бошанд, на маҳаллӣ. Муаллиф дуруст масъалагузорӣ мекунад: «Агар манту, сихкабоб, ош, шӯрбо, қурутоб, фатирмаска, ширчой ва гардсӯз хуҷандиву кӯлобиву самарқандиву бухороӣ бошад, пас миллати тоҷик дар шакли умумӣ чӣ ғизоҳову хӯрокҳоро молик аст?». Ва ҳамзамон, изҳор медорад: «Ҷойи таассуф боз дар он мебошад, ки ин гуна рекламаҳо ба ошхонаву тарабхонаҳои шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар роҳ ёфта истодаанду қариб, ки оммавӣ мегарданду боиси ифтихори гурӯҳи муайян». Дар ин ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест. Ин «дард» ба шаҳре, ки ман дар он ба сар мебарам, яъне Бохтар низ, сироят ёфтааст. Овардани як мисол кофист, то ин ҳақиқат собит гардад. Агар аз шоҳроҳи Душанбе тавассути Бохтар роҳ пеш бигиред, навиштаҳои сихкабобу дигар анвои ғизои «хуҷандӣ»- ву «левикантӣ» ҳатман ба чашм мерасад. Агар дар шаҳр гардиш бикунед, ба ин монанд навиштаҳои тарғиботии зиёдро мебинед. Дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳол аз ин бадтар аст. Чаро ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намегардад? Раҳоӣ аз ин доғҳо ба манфиати миллат ва фарҳанги он аст.
Ш. АВАЗОВ, шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2019 №: 54 Мутолиа карданд: 2714