барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА САРВАЗИРИ ЗЕЛАНДИЯИ НАВ
15 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Зеландияи Нав Ҷасинда Кейт Лоурелл Ардерн барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ!
Бо камоли андуҳ ва нафрати беандоза хабари амали террористӣ дар масҷидҳои шаҳри Крайстчерчии Зеландияи Нав, ки мӯҷиби ҳалокати 49 нафар ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон гардид, дарёфт намудам.
Ин ҳодисаи фоҷиабор бори дигар воқеияти аслии терроризмро нишон медиҳад, ки ба ягон дин, миллат ва қавм рабте надорад ва зарурати идомаи муборизаи дастаҷамъонаро алайҳи ин таҳдиди глобалӣ қотеона таъкид менамояд.
Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Зеландияи Нав ва ибрози ҳамдардии ин ҷониб ба наздикону пайвандони қурбониён, хоҳони шифои комили маҷрӯҳшудагон ҳастем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.03.2019 №: 54 Мутолиа карданд: 5590