фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Пирмуҳаммадзода Сайфиддин Насриддин аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шавад.
2. Маҳмудзода Зубайдулло Асо аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон бо сабаби вазъи саломатӣ муддати дароз вазифаҳои худро иҷро карда натавонистан озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2019, № 1233
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.03.2019 №: 55 Мутолиа карданд: 1729