қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод.460, № 12, қ.2, мод.1000; с.2009, № 3, мод.88; с.2010, № 1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, № 7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970; с.2016, № 5, мод.368) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 20) қисми 1 ва банди 2) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- ба қисми 1 банди 21) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«21) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина.»;
- ба қисми 2 банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ – аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1603
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 марти соли 2019, № 1305
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2019, № 642
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.04.2019 №: 65-66 Мутолиа карданд: 1101