қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882; с. 2017, № 5, қ.1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, № 2, мод. 68, № 7-8, мод. 528), тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 19) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- банди 20) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«20) воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1600
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 марти соли 2019, № 1309
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2019, № 639
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.04.2019 №: 65-66 Мутолиа карданд: 1268