қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИТТИЛООТОНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи иттилоотонӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 502; с. 2005, №12, мод. 639) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар номи БОБИ I калимаи «ҚОИДАҲОИ» ба калимаи «МУҚАРРАРОТИ» иваз карда шавад.
2. Дар матни моддаи 1, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 2, сархати даҳуми моддаи 3, қисми 2 моддаи 6, қисми 1 моддаи 7, қисми 2 моддаи 9, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12, қисмҳои 2 ва 5 моддаи 14, қисми 4 моддаи 15, қисми 5 моддаи 17, қисми 3 моддаи 18, қисми 1 моддаи 19, қисми 1 моддаи 20, номи моддаи 21, қисми 1 моддаи 25, қисмҳои 1, 2, 4 ва 6 моддаи 26, қисми 1 моддаи 29, сархатҳои шашум ва ёздаҳуми қисми 1 моддаи 33, қисми 1 моддаи 34, қисми 1 моддаи 38, қисми 4 моддаи 39, матни моддаи 42, қисми 2 моддаи 43 калимаҳои «шахсҳои ҳуқуқӣ, воқеӣ», «мақомоти идораи давлатӣ», «шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеиро», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии», «Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «шахсони дигари ҳуқуқӣ ва воқеиро», «шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ», «шахсҳои ҳуқуқӣ ё воқеӣ», «Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «шахсони ҳуқуқиву воқеӣ», «шахсони ҷудогонаи ҳуқуқиву воқеӣ», «шахсҳои ҳуқуқиву воқеии» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «мақомоти давлатӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии», «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқиро», «шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии», «шахсони ҷудогонаи воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 2:
- дар номи модда калимаи «Соҳаи» ба калимаи «Доираи» иваз карда шавад;
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти идораи давлатӣ» ба калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ақлӣ» ва «расонаҳои ахбори умум» мувофиқан ба калимаҳои «зеҳнӣ» ва «воситаҳои ахбори омма» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 3:
- ба матни қисм баъд аз калимаи «мафҳумҳои» калимаи «асосии» илова карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «иттилоти» ба калимаи «иттилои» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум калимаи «манъбаҳои» ба калимаи «манбаъҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои «истеъмолкунандаи (баҳрабарандаи)» ва «баҳра мебарад» мувофиқан ба калимаҳои «истифодабарандаи (баҳрабарандаи)» ва «истифода мебарад» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати чоруми моддаи 4 калимаҳои «ба забони» ва «ба забоне» мувофиқан ба калимаҳои «бо забони» ва «бо забоне» иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 5:
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар сархати якум калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- сархати сенздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дастгирӣ намудани таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таълиму тарбияи кадрҳо ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи иттилоотонӣ.».
7. Дар қисми 1 моддаи 7 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
8. Аз матни моддаи 8 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
9. Дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи 10 калимаи «муҳофизати» ба калимаи «ҳифзи» иваз карда шавад.
10. Дар моддаи 11:
- дар сархати дуюми қисми 2 калимаҳои «воситаҳои ахбори умум» ба калимаҳои «воситаҳои ахбори омма» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «асосҳои» ва «бошанд» мувофиқан ба калимаҳои «тартиби» ва «бошад» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «фавқулодда» ва «фавқуллода» ба калимаи «фавқулода» иваз карда шаванд.
11. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 12 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 5 моддаи 14 калимаи «иттилотӣ» ба калимаи «иттилоотӣ» иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 16:
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи дуюми қисми 3 калимаҳои «мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «мақомоти дахлдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 17:
- дар қисми 2 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идораи минтақавӣ ва соҳавиро» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, сохторҳои минтақавӣ ва соҳавиро» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва «мақомоти дахлдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
15. Дар қисми 3 моддаи 18 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 19:
- ҷумлаи дуюми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Захираҳои давлатии иттилоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дастрас карда мешаванд.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «набошад», «ҳақ дорад» ва «бандад» мувофиқан ба калимаҳои «набошанд»,«ҳуқуқ доранд» ва «банданд» иваз карда шаванд.
17. Дар моддаи 20:
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи «талабҳои» ба калимаи «талаботи» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние» ба калимаҳои «Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
18. Дар моддаи 21:
- дар қисми 1 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
19. Дар қисми 1 моддаи 22 калимаи «баҳрабаранда» ба калимаҳои «истифодабаранда (баҳрабаранда)» иваз карда шавад.
20. Дар қисми 3 моддаи 23 калимаҳои «мақомоти махсуси идораи давлатие» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатие» иваз карда шаванд.
21. Дар қисми 1 моддаи 24 калимаҳои «мақомоти марказии ҳокимияту идораи давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 26:
- дар қисмҳои 1 ва 2 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад;
- дар қисми 4 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «Мақомоти давлатӣ» иваз карда шаванд.
23. Дар моддаи 28:
- дар қисми 2 калимаи «талабҳо» ба калимаи «талабот» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаи «ҳақ» ба «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
24. Дар қисми 1 моддаи 29 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шуда, калимаҳои «ва хотима дода» хориҷ карда шаванд.
25. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 30 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ва «ҳуқуқи байналмилалие» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «ҳуқуқии байналмилалие» иваз карда шаванд.
26. Дар моддаи 31:
- дар қисми 1 калимаҳои «барғалат» ва «товони зарар» мувофиқан ба калимаҳои «бардурӯғ» ва «ҷуброни зиён» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «Роҳбарон, хизматчиёни дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ» ба калимаҳои «Роҳбарону кормандони мақомоти дахлдори давлатӣ,» иваз карда шаванд.
27. Дар моддаи 32:
- дар қисми 1 калимаҳои «идора мекунад ва танзим мегардонад» ба калимаҳои «идора ва танзим менамояд» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «мақоми давлатии махсуси ваколатдори» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори муайяннамудаи» иваз карда шаванд.
28. Дар қисми 1 моддаи 33:
- дар ном ва қисми модда калимаҳои «мақомоти давлатии идоракунӣ ва танзим» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
29. Дар қисми 3 моддаи 36 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракуние» ба калимаҳои «мақомоти давлатие» иваз карда шаванд.
30. Дар қисми 3 моддаи 37 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ва «зурурии» мувофиқан ба калимаҳои «Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «зарурии» иваз карда шаванд.
31. Дар моддаи 39:
- дар қисми 2 калимаҳои «иттилоотия» ва «бошад» мувофиқан ба калимаҳои «иттилоот» ва «бошанд» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «ибтидоӣ, миёна, касбӣ ва олӣ» ба калимаҳои «таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо» ба калимаҳои «Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
32. Дар моддаи 40:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инҳисорӣ (монополикунонӣ) дар соҳаи иттилоотонӣ манъ аст.».
- дар қисми 2 калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ба калимаҳои «мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» иваз карда шаванд.
33. Дар матни моддаи 42 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ» ва «ҳақ» мувофиқан ба калимаҳои «Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва «ҳуқуқ» иваз карда шаванд.
34. Моддаи 45 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
Моддаи 45. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1595
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 декабри соли 2018, № 1241
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи иттилоотонӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2019, № 634
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.04.2019 №: 65-66 Мутолиа карданд: 1373