қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»
Моддаи 1. Ба қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 7, мод. 402; с. 2007, № 7, мод. 660; с. 2008, № 10, мод. 800; с. 2011, № 12, мод. 837; с. 2014, № 3, мод. 148; с. 2017, № 1-2, мод. 8, мод. 9, №5, қ. 1, мод. 297; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, № 1564) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда;»;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1588
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 6 феврали соли 2019, № 1282
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 29 марти соли 2019, № 627
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.04.2019 №: 65-66 Мутолиа карданд: 1675