ҳуқуқ
ХАТЛОН. ОШКОРИ 250 КИЛОГРАММ ҚАЙМОҚИ ПАСТСИФАТ
Дар натиҷаи санҷишҳои назоратии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон, аз бозори «Фаровон» - и шаҳри Бохтар 250 килограмм қаймоқи пастсифат ошкор гардид.
Сиёвуш Ятимов, сардори шуъбаи нозироти савдои маркази «Тоҷикстандарт» - и вилояти Хатлон, гуфт, ки маҳсулоти ошкоршуда истеҳсоли шаҳри Хуҷанд буда, ба соҳибкор Фотима Дадабоева тааллуқ дорад. Маҳсулот бе тамға ва муҳлати нигоҳдорӣ, инчунин, бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат, дар зарфҳои 10-20 килограммӣ, ки барои маҳсулоти сохтмонӣ пешбинӣ шудааст, гирифта шуда буд.
Бино ба гуфтаи Сиёвуш Ятимов, зарфҳо вобаста ба маводи истифодашаванда ба металлӣ, полимерӣ, коғазӣ, картонӣ, шишагӣ, чӯбӣ, аз маводи омехта, саноатӣ, бофандагӣ, сафолӣ ва ғайра тақсим мешаванд ва бояд аз рӯи бехатарӣ ба талаботи нишондодҳои санитарӣ - беҳдоштӣ, устувории кимиёӣ ва ҳавоногузарӣ ҷавобгӯ бошанд.
-Тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва регламенти техникии «Бехатарии борҷома» зарфҳои полимерӣ аз рӯи таъйиноташон ба гурӯҳи истифодаашон яккарата дохил мебошанд, зеро ҳангоми истифодаи дубора эҳтимолияти хатарнокии онҳо зиёд мешавад. Маҳсулоти ширӣ ҳангоми дар зарфи пластикӣ нигоҳ доштан, сифаташро гум карда, турш ва барои саломатӣ зараровар мегардад, - афзуд Сиёвуш Ятимов.
Иттилоъ дода шуд, ки дар рӯзҳои ид талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ меафзояд. Баъзе фурӯшандагон аз ин истифода бурда, маҳсулоти бе тамға ва муҳлати нигоҳдориаш гузаштаро ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Дар ҳоле ки Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба шаҳрвандон ҳуқуқ додааст, ки дар бораи сифат, бехатарӣ, муҳлат ва дигар нуқсонҳои молу маҳсулот маълумот талаб кунанд, на ҳамаи онҳо аз ҳуқуқи худ истифода мебаранд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.04.2019 №: 61 Мутолиа карданд: 1156