logo

ҳуқуқ

ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛӢ СИПАРИ БОЭЪТИМОД ВА КАФИЛИ АМНИЯТИ КИШВАР

Имсол аз таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сол пур шуд. Вобаста ба ин, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ҳамкорӣ бо раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД саҳифаҳои таърихи фаъолияти ин воҳиди низомиро варақ зад.
Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун сохтори ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва аввалин сохтори ҳарбии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Давоми солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон доданд. Дар давраи баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сохторҳои ҳарбии кишвар маҳз афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501- и Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини амнияти вакилони мардумӣ ҷалб гардида буданд.
Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992 - 1997 барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу суботи мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои босазо карда, дар ин раванд зиёда аз 600 нафар ҷон бохтанд, ки ҷасорату диловарии онҳо намунаи матонату фидокориҳо барои насли имрӯз мебошад.
Давоми солҳои баъдӣ низ ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ дар тамоми амалиётҳои муштараки сохторҳои қудратии кишвар оид ба безараргардонии гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар минтақаҳои мухталифи мамлакат фаъолона иштирок намуда, аз худ намунаи баланди мардонагӣ, матонат ва чолокии касбӣ нишон доданд.
Имрӯзҳо қувваи Қӯшунҳои дохилӣ, асосан, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва амнияти иншооти махсусан муҳими давлатӣ равона гардидааст. Дар ин замина, ҳамарӯза 300 нафар сарбоз дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбонӣ - пайроҳадорӣ ҷалб мешаванд, ки омили мазкур барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Машғулиятҳои махсуси омӯзишӣ, машқҳои доимии тактикию  ситодӣ - фармондеҳӣ, иштирок дар нигаҳбонии шабонарӯзии тартиботи ҷамъиятӣ, ширкат дар таъмини амнияти чорабиниҳои калони сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва варзишии дар пойтахти кишвар ва марказҳои маъмурии вилоятҳо доиршаванда, муҳофизати иншооти махсусан муҳими давлатӣ, омодагии доимӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳар гуна амалҳои тахрибкорӣ номгӯи корномаҳоест, ки дар фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои дохилӣ ба сомон расонда мешаванд. Вобаста ба таъминоти моддиву маишии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми панҷсолаи охир дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ корҳои навсозӣ роҳандозӣ гардида, барои фаъолияти хизматӣ, таълимот ва фароғати ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Моҳи августи соли 2014 биною иншооти таъйиноти хизматию хоҷагидории қисми ҳарбии 3502 пас аз таъмиру навсозӣ ва моҳи марти соли 2015 иншооти навбунёди қисми ҳарбии 3501 дар маросими тантанавӣ бо иштироки Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, аз ҷониби Пешвои миллат ба сатҳу сифати корҳои сохтмонию ободонӣ ва шароитҳои моддӣ - маишии хизматчиёни ҳарбӣ баҳои баланд дода шуд.
Моҳи сентябри соли 2018 биноҳои асосию ёрирасони ротаи сеюми алоҳидаи фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3503 (бо қароргоҳ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ) пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Сарвари давлат дар маросими тантанавӣ ифтитоҳ гардид, ки дар ҷараёни суханронӣ Пешвои миллат изҳор доштанд: “Ҳайати шахсии ротаи сеюми қисми ҳарбии 3503 - и Қӯшунҳои дохилӣ то имрӯз дар шароите зиндагиву хизмат мекард, ки ба талаботи муосир умуман, мутобиқат надошт. Вале, бо вуҷуди ин, афсарону сарбозони рота вазифаҳои хизмативу ҷангии дар назди онҳо гузошташударо дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон содиқона иҷро намуданд”.
Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар назди раёсат ва қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ равона гардида, ба ин васила ғизои босифати сарбозон таъмин карда мешавад.
Мусаллам аст, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматию ҷангӣ, омода будани воҳиди ҳарбӣ аз сифатнокии ҳайати кадрии он вобастагии ногусастанӣ дорад. Бо ин мақсад, давоми солҳои 1993-1997 омодасозии кадрҳои ҳарбӣ барои қӯшун бо ташкили курсҳои таъҷилӣ дар заминаи Мактаби олии милитсияи (айни ҳол Академия) Вазорати корҳои дохилӣ роҳандозӣ гардида буд. Бо ташаккули сохторҳои ҳарбии мамлакат ва тақозои замон, соли 2000 дар заминаи факултети № 4 - и Академияи ВКД бахши алоҳидаи таълимии хоси Қӯшунҳои дохилӣ таъсис дода шуд, ки таъминоти кадрии қисму воҳидҳоро боз ҳам беҳтар намуд.
Пӯшида нест, ки имрӯз ҷаҳонро хатари терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таҳдид карда, давлатҳоро, пеш аз ҳама, барои тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии сохторҳои қудратии худ водор менамояд. Дар ин замина, тибқи дастури роҳбарияти ВКД Қӯшунҳои дохилӣ тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ тайёрии ҷангии қисму воҳидҳоро ба сатҳи сифатан нав гузаронда, бо ин мақсад, баргузории машқҳои тактикӣ, мусобиқаҳои варзишӣ - ҳарбӣ ва машғулиятҳои махсусро бештар ба роҳ монад.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.04.2019    №: 68    Мутолиа карданд: 856
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед