ҳуқуқ
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ СУБОТ ВА КАФОЛАТИ РУШДИ ҶОМЕА
Таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон нишон медиҳад, ки зербинои ҳар иқдоми созандаи Пешвои муаззами миллат нахуст дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ тарҳрезӣ ва, баъдан, ҳамчун дастури кор қарор мегиранд. Дар ҳамин асос, ҳар як Паёми Сарвари давлат дар низоми давлатдории навини мо ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ шинохта шуда, афзалиятҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва илмию фарҳангӣ касб намудааст.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат низ ҳамин афзалиятҳоро доро буда, татбиқи нишондодҳои он таконбахши фаъолияти тамоми ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷумла мақомоти судии кишвар, хоҳад буд.
Президенти маҳбуби кишвар зимни ироаи Паём ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид намуда, қабули барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро барои даҳсолаи минбаъда зарур шумурданд: “Тавре ки маълум аст, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009 - 2019 зарур мешуморам, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳия ва қабул карда шавад”.
Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳониро зуҳуроти номатлуб, чун терроризму ифротгароӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ фаро гирифта, боиси нигаронии аҳли башар гардидааст, ин дастури Сарвари давлат басо муҳиму саривақтист. Зеро таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар болоравии маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат карда, ба паст гардидани таҳдиду хатарҳо, пешгирии шомилшавӣ ба созмону гурӯҳҳои террористӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад, ки мо ҳақиқати ин амрро дар таҷрибаи судии баррасии парвандаҳо дарёфтем.
Воқеан, таҷрибаи судии парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба терроризму экстремизм нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандон, бахусус ҷавонон бар асари заъфи донишҳои дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ мавриди ҳадафи таблиғотчиёни ифротӣ қарор гирифта, бо роҳи мағзшӯӣ фирефтаи ҷараёнҳои номатлуб мешаванд. Аксаран, ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки шаҳрвандони ноогоҳ ва ҳассосияти динӣ - мазҳабидошта ба доми ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ афтода, маҳз ба далели дур будани чунин ашхос аз илму дониши дунявӣ, сатҳи ҷаҳонбинии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ интихоб рӯи онҳо қарор мегирад. Пас, дар чунин вазъ, ҳар як шаҳрванди худогоҳ, бахусус мо, ҷавононро зарур аст, ки ҳикмати таъкидоту тасмимоти Пешвои муаззами миллатро дар худ маърифат намуда, бо донишҳои муосир мусаллаҳ бошем. Дар ин сурат кафолати пирӯзӣ бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили терроризму ифротгароӣ ба ҷониби мост.
Бояд гуфт, ки то кунун татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ дар се марҳалаи гузашта дар такмили сохторӣ, баланд бардоштани масъулияти кормандони мақомоти судӣ ва ба талаботи қонунгузорӣ ҷавобгӯ будани фаъолияти онҳо нақши муассир гузоштааст. Бо ин вуҷуд, ташаббуси ахири Сарвари давлат дар мавриди идомаи ислоҳоти судӣ -ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки корҳои анҷомшуда дар доираи барномаҳои қаблӣ ниҳояти амр намбуда, ҳадаф иқтидори бештар бахшидани ҳокимияти судии воқеан адолатпарвар, мустақилу беғараз ва касбӣ мебошад.
Ин ҳама дастгириву таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии кишвар аз мо - кормандони мақомоти судӣ, тақозо мекунад, ки вобаста ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини адолати судӣ, волоияти қонун дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм содиқона амал намоем.
Баҳодур ИСОЗОДА, судяи суди ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2019 №: 68 Мутолиа карданд: 923