фарҳанг
САИДРИЗО АЛИЗОДА, “ШУЪЛАИ ИНҚИЛОБ” ВА РУШДИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ
Муҳимтарин кори таърихии Саидризо Ализода таъсиси шуъбаи тоҷикӣ ҳанӯз дар ҳукумати Туркистон маҳсуб меёбад. Баъдан, худи ин шахсият мудири шуъбаи тоҷикӣ шуд ва дар ин замина расо сад сол пеш, 10 апрели соли 1919, маҷаллаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб» - ро таъсис дод. Бо нашри он манфиатҳои халқи тоҷик ҳимоя ва соҳибӣ мешуданд.
Фаъолияти эҷодии номбурда гуногунҷанба аст: муаллифи нахустин алифбо ва грамматикаи забони тоҷикӣ, аввалин тарҷумони русӣ ба тоҷикӣ, нависандаи пуркор ва рӯзноманигори бомаҳорат буд.
Ӯ дар шумораи нахустини “Шуълаи инқилоб” мақсаду мароми маҷалларо чунин баён доштааст: “Мо қалам меронем барои озодӣ ва осоиши ранҷбарон, мо сухан мегӯем барои беҳбудӣ ва хайрияти ҳоли ситамкашон, мо ҳарф мезанем ҷиҳати ба даст омадани ҳуқуқи поймолшудаи мазлумон. Маслаки мо ҳақ ва мо фидои ҳақ ҳастем”. Барои амалӣ намудани ин ормонҳо, қабл аз ҳама, насли ҷадиди дорои ҷаҳонбинии нав зарур буд ва ба ақидаи Саидризо Ализода танҳо “инқилоб давоест, ки куҳнаро нав, харобро обод, инқилоб чораест, ки пирро ҷавон ва мурдаро зинда мекунад”. Ӯ ба сифати шахси пешқадами ҷомеа, зиёии асил дар саҳифаҳои “Шуълаи инқилоб” ғояҳои озодиро месутуд, зиндагии навро тарғиб, саводнок шудани мардум ва ҳимояи онҳоро барои ҳуқуқу озодӣ тараннум ва манфиатҳои миллии тоҷиконро пуштибонӣ менамуд.
Саидризо Ализода дар матбуоти даврӣ бо имзоҳои мустаори “Нештар, Чарандгӯй, Мулло Ҷубул, Занбӯр, Муртад” ва ғайра ҳикояву мақолаҳои ҳаҷвӣ ба табъ расондааст ва ҳамчун зиёии замони худ хоҳони бунёди ҷомеаи боадолат ва мактабҳои усули нав буд. Зеро ӯ “бо ризояти падараш дар мактаби усули наве, ки Абулқосим Ганҷавӣ таъсис карда буд, 14 сол ёрдамчии муаллим кор кардааст ва яке аз русидонҳои замони худ буд”. Таҳсил ва фаъолият дар мактаби усули нав чашми ӯро кушод.
Тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва ҳам силсилаи осори бадеии адабиёти ҷаҳон, ки Саидризо Ализода анҷом додааст, дар мактабҳо истифода шудаву беҳтарин китобҳои рӯйимизии хонандагони тоҷик ҳисоб мешуданд. Ӯ солҳои 1935 - 1938 панҷ асари калони назму насри А.С. Пушкинро тарҷума намудааст.
Ҳамчунин, яке аз тартибдиҳандагон ва дар айни ҳол, аввалин муҳаррири “Луғати русӣ - тоҷикӣ” ба шумор меравад, ки соли 1933 аз чоп баромада буд. “Нағз дар хотир дорам, - навишта буд Абдусалом Деҳотӣ, яке аз тартибдиҳандагони он луғат Саидризо Ализода, - муаллифи аввалин “Сарфу наҳв” - и тоҷикӣ ва аввалин тарҷумони чандин китобҳои фаннӣ ба забони тоҷикӣ кӯча ба кӯча, дар ба дар гашта, ба аҳли касб - деҳқонон, боғдорон, оҳангарон, қассобон ва ғайра муроҷиат карда, ислоҳот ва таъбирҳои халқиро ҷамъ мекард”.
Хизмати Саидризо Ализода дар соҳаи забоншиносии тоҷик низ беназир аст. Номбурда муаллифи аввалин алифбои тоҷикӣ бо номи “Китоби нахустин” (1920) мебошад. Нахустин китоби дарсии “Сарфу наҳви тоҷикӣ” низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад, ки соли 1926 ба табъ расид. Ин китоб барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Ба фикри мо, маҳз тадрис дар мактаби усули нав, забондонӣ, воқиф будан аз сарфу наҳв ва дигар қонуниятҳои забони тоҷикӣ ва муқоисаи онҳо бо забонҳои дигар ба муҳаққиқ имкон дод, ки аввалин грамматикаи забони тоҷикиро таълиф намояд.
Хулоса баровардан мумкин аст, ки Саидризо Ализода чун поягузори маҷаллаи “Шуълаи инқилоб” барои ташаккул ва рушди матбуоти тоҷик, тарғиби забони тоҷикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, бозтоби масоили худшиносии миллӣ ва инъикоси масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия саҳми муносиб гузоштааст. Дар ҷодаи тарҷума низ мактаби хосеро падид овард, ки баъдан ташаккул ёфт.
Ӯро яке аз поягузорони мактабҳои усули нав номидан мумкин аст. Аввалин граматикаи забони тоҷикӣ, усули таълимро нав кард, пояи тадриси мактабҳои тоҷикиро дар асоси расмулхати ниёгон ва забони миллӣ устувор намуд, заминаро барои таълифи китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ фароҳам овард ва дар рушди илми забоншиносии тоҷик низ заминаи боэътимод гузошт.
Саидмуроди ХОҶАЗОД, доктори илмҳои филология, профессор,
Одилҷон АЛИЕВ, номзади илмҳои филология, дотсент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.04.2019 №: 68 Мутолиа карданд: 1010