фарҳанг
"САДОИ ДУШАНБЕ". САДОЕ, КИ 20 СОЛ БОЗ ТАНИНАНДОЗ АСТ
«Садои Душанбе» дар асоси тадқиқоти гузарондаи ташкилоти «Зеркало» соли 2018 миёни радиоҳои давлатӣ ҷойи аввалро касб карда, «маҳбуби дилҳо» унвон гирифт.
Имсол ба фаъолияти он бист сол пур мешавад. «Садои Душанбе» бори нахуст 18 январи соли 1999 бо ташаббуси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа раиси вақти он Сайф Раҳимзод, танинандоз гашта буд.
- Дар оғози фаъолияти шабакаи радиоии ёдшуда Сайф Раҳимзод гуфта буд: «Ман ин дунёро ҳатман ба дунёи зебо монанд месозам». Имрӯзҳо кормандону масъулони шабака дар пайи ҳамин орзуву ормонҳои нависандаи равоншоданд, - изҳор дошт сармуҳаррири радиои «Садои Душанбе» Махфират Юсуфӣ.
Воқеан ҳам, пас аз даргириҳои солҳои 90 - и асри гузашта даст ба чунин иқдоми наҷиб задан, кори шоиставу сутуданӣ буд. Дар муддати на чандон тӯлонӣ барномаҳои радио на танҳо ба дили мардум раҳ ёфтанд, балки «Садои Душанбе» минбари эҷодкорони сухандону маънифаҳм ва мактаби мутахассисони ҷавону боистеъдод гардид.
Радиои мазкур Сафаргул Олимӣ, Ҷонибеки Асрориён, Шоҳона Одинаева, Шарифи Мисайзод, Зиёвуддини Нурзод, Гулнора Насриддинова барин эҷодкорони муваффақро дар мактаби адабии худ ҷамъ овард. Чанде аз онҳо ҳоло ҳам дар «Садои Душанбе», радиоҳои дигар ва бахшҳои гуногун дар кору пайкоранд.
- Дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ривоҷи шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет, парафкании хабару иттилоот тавассути таҷҳизоти мухталиф, таҳлилу баррасии фазои иттилоотии кишвар дар бахши радиожурналистика кори мушкилест. Таваҷҷуҳи шунавандаи имрӯзаро ба радио ҷалб кардан боз ҳам мушкилтар аст. Аммо мо дар ҳамин фазо талош меварзем, то иттилооти дурусту саҳеҳро ба шунавандаи худ расонем ва дар ташаккули тафаккури солим дар ҷомеа хизмат намоем, - баён медорад М. Юсуфӣ.
Аҳли ҳунар ва зиёиёни миллат дар доираи барномаҳои «Хирмани роз», «Сари суфраи шом», «Минбари миллат» ба таври мустақим ба суолу пурсишу дархости шунавандагон посух мегӯянд.
«Садои Душанбе» дар фазои ягонаи иттилоотӣ зеҳнияту ҳувияти миллиро ҳифз мекунад. Ба ҳалли қазияҳо ва баррасии мушкилоти мардум дар пойтахти кишвар ва деҳаҳои диёр рӯ меоварад.
Бино ба гуфтаи М. Юсуфӣ, феҳристи барномаҳои тозаю нав дар соли равон зиёданд, аммо «Минбари миллат» ормону орзуи деринтизори аҳли эҷоди радиои «Садои Душанбе» мебошад, ки муддате лоиҳаи он дар ҷараёни баррасию омӯзиш қарор дошт ва, инак, пас аз чанд рӯзи башумор розу ниёзи тоҷикони дур аз Ватан, таманниёту муроди дили зодагону дилбохтагони Тоҷикистони маҳбуб аз гӯшаҳои гуногуни олам ҷамъ, сабту таҳия ва танзим гардида, пешниҳоди шунавандагон мешавад.
Ҳамчунин, эҳёи «Пайки назм» - и шодравон Сайф Раҳимзод дар нақшаи кории радиои «Садои Душанбе», дар ҳамон шакле, ки муаллифи он орзу дошт, тарҳрезӣ гардида, барномаи аввалинаш рӯзҳои наздик ба фазои кишвар танинандоз хоҳад шуд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.04.2019 №: 69-70 Мутолиа карданд: 818