фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Бозӣ бо ададҳо
Байни ададҳои натуралии аз 1 то 9, ки бо тартиби зиёдшавӣ ҷойгир шудаанд, амалҳои зарб ва ҷамъро тавре гузоред, ки дар натиҷа адади 2002 ва, баъдан, як амали зарбро ба ҷамъ иваз намоед, ки адади 2003 ҳосил шавад. Яъне:
1 2 3 4 5 6 7 8 9 = 2002 1 2 3 4 5 6 7 8 9 = 2003
Масъули рубрика Комрон САФАР
komron-safar95@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
93-320-00-15
ДӮСТӢ. ҲИКМАТЕ, КИ ВОДОР БА АНДЕША МЕКУНАД
Ду рафиқ аз биёбон мегузаштанд. Бо ҳам баҳс карданду яке дигареро тарсакӣ зад. Рафиқе, ки мушт хӯрда буд, дарди ҷонкоҳеро ҳис мекард, вале чизе нагуфта, болои рег чунин навишт: «Имрӯз дӯсти беҳтаринам маро як шаппотӣ зад».
Роҳро давом дода, ба воҳае наздик шуданд. Хостанд, ки оббозӣ кунанд. Шахсе, ки аз ошнояш тарсакӣ хӯрда буд, қариб дар об ғарқ мешуд. Рафиқаш ӯро наҷот дод. Ба худ омада, болои санг «Имрӯз дӯсти беҳтаринам маро аз марг наҷот дод» навишт.
Инро дида рафиқаш пурсид:
- Вақте туро ранҷондам, дар рег навиштӣ, ҳоло бошад, дар санг. Сабаб чист?
Дӯсташ ҷавоб дод:
- Вақте касе моро меранҷонад, онро бояд дар рег нависем, то бо вазидани бод ё резиши борон зуд пок шавад. Аммо, вақте касе дар ҳаққи мо кори хайре мекунад, бояд онро дар санг ҳаккокӣ намоем, то боду борон ҳам, онро аз хотираҳо зудуда нагардонанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
НУҚСИ ИШҚ
Мард ҳамсарашро бисёр дӯст медошт. Дар бораи нуқси ноаёни чашмаш, ки модарзодӣ буд, суол ба миён намеовард ва онро чандон муҳим намедонист. Ҳаргиз гумон намекард, ки рӯзе мерасаду оташи ишқу муҳаббаташ паст мешавад. Аммо, бо мурури замон, меҳри мард кам шудан гирифт ва рӯзе пурсид:
- Азизам, чашмат кай нуқс пайдо карда буд?
Ҳамсараш ҷавоб дод:
- Аз рӯзе, ки ба чашми ту афтод.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
НИЛС БОР
Ҳангоми таҳсил дар Геттинген вақте ба Нилс Бор барои маърӯза сухан доданд, ӯ чандон омода набуд ва бо ин айб суханҳояш кандаву маърӯзааш ниҳоят суст баромад. Вале Бор аз чунин сурат гирифтани кор рӯҳафтода нашуда, дар охири суханронияш бо лабханд гуфт:
- Ман пеш аз худ он чунон баромадҳои фачу тоқатфарсо гӯш кардам, ки мехоҳам маърӯзаи маро ҳамчун қасос аз эшон қабул фармоед.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ҲЁТЕ
Ҳёте ба Шарқ баъди мутолиаи ғазалиёти Ҳофиз ба забони немисӣ муҳаббати беандоза пайдо намуд. Маҳз лирикаи баландпарвози устоди ғазал Хоҷа Ҳофиз ӯро ошиқи Шарқ кард.
ЮНЕСКО соли 1999-ро ба ифтихори 250-солагии ӯ Соли Ҳёте эълон кард. Немисҳо аз ташриф овардани сайёҳони бешумор ба Веймар ва пойкӯб шудани Хона – музейи Ҳёте ба ташвиш афтода, сад метр дуртар аз хонаи аслӣ нусхаи хеле монанди онро сохтанд. Дари хонаи асосиро бошад, расо баъди як сол боз намуданд. Вақте Ҳёте ба Веймар омад, ҳатто хона надошт, чун тавфиқ ёфт, дар маркази шаҳр хонаи боғдори хубе харид, ки баъдтар ба Хона - музейи ӯ табдил ёфт.
Таҳияи Д. ҚУДРАТУЛЛО
ХУЛОСАИ МАНТИҚӢ
Боре аз Эвклид пурсиданд:
- Лутфан бигӯед, ки ду себи сиҳат беҳтар аст ё чор тақсим?
- Чор тақсим, - ҷавоб медиҳад Евклид.
- Магар ҳардуяш як нест, дар маҷмӯъ ҳамин ду себанд-ку?
- Албатта, не. Вақте ман себҳои тақсимшударо интихоб мекунам, ҳамзамон мебинам, ки тозаанд ё кирмхӯрда,- мегӯяд Эвклид.
Таҳияи Самади ҚУРБОНАЛӢ
ФОНОГРАММА
ИХТИРОИ МАҶБУРӢ
Бисёриҳо бар ин ақидаанд, ки фонограмма ихтирои асри техника мебошад. Вале дар асл чунин нест. Нахустин маротиба дар ҳунар фонограммаро римиёни қадим истифода бурдаанд. Дар он замон римиҳо пас аз юнониён дувумин қавме ба ҳисоб мерафтанд, ки театри ҳирфавии худро таъсис дода буданд.
Драматурги шинохтаи он замон Ливий Андроник на танҳо ба офаридани асарҳои саҳнавӣ машғул буд, балки бо камоли майл дар онҳо нақш ҳам меофарид. Боре, бо сабаби шамол хӯрдан, овозаш «мегирад». Бадбахтона, ба ғайр аз ӯ дигар касе матни нақшашро аз ёд намедонист. Барои аз ҳолати ногувор баромадан ӯ аз ҳунарпешаи дигаре хоҳиш менамояд, ки ба ҷояш ҳарф бизанад. Ба драматург ҳамин қадараш мемонад, ки даҳон во карда, вонамуд созад, ки сухан гуфта истодааст.
Баъдан, ин усулро хеле зиёд истифода мебурдагӣ шуданд. Аз ҷумла, ба ҷойи ҳунарпешаҳое, ки овози паст ё хира доштанд, ҳунармандони дигар гап мезаданд. Ин ҳодиса боис шуд, ки минбаъд фонограмма роиҷ шавад.
Таҳияи Зуҳро ХУДОЙҚУЛЗОДА, аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Кӯшиш дар роҳи ишқ беҳуда буд?
Дар тӯли ҳафт сол Энтони 44–сола, сокини шаҳри Шеффилди Англия, ҳар ҳафта 25 соат аз реҷаи корӣ барзиёд арақи ҷабин мерехт, то ки маблағи таҳсилоти завҷаашро, ки аз вай 16 сол хурд буд ва дар факултаи ҳуқуқшиносӣ мехонд, ба даст орад. Вақте ки завҷааш имтиҳонҳоро бомуваффақият супурд ва соҳиби диплом гашт, бахт аз мард рӯй гардонд. Зеро зан дониши ҳуқуқии гирифтаашро истифода бурда, барои ҷудошавӣ аз шавҳараш ба суд ариза дод.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ОСОРХОНАИ МӮЗА
Хонандагони саҳифаи «Шоми шанбе» шояд филми «Мӯза»-ро дар ёд дошта бошанд. Дар он аз сафари тӯлонӣ ва пурмоҷарои афсаре сухан меравад, ки барои баргардондани аскари аз хизмат фирорнамуда ба роҳ баромадааст. Дар охир маълум мегардад, ки ба афсар на худи аскар, балки мӯзаи ӯ, ки ҷавобгариаш дар гарданаш аст, лозим будааст. Ин филмномаи басе хубу дидании нависандаи ҳаҷвнигор Карим Давлат заминаи воқеӣ дорад. Касе, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст, шоҳиди зиёди ин қабил ҳодисаҳост.
Вале, маълум мегардад, ки ин мушкилӣ танҳо хоси Артиши шӯравӣ набудааст. Дар Ҷопон барои пешгирии мӯзадуздӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ онҳоро алоҳида – алоҳида ва дар анборҳои мухталиф нигоҳ медоштанд. То ҳол дар ҷазираи Кунашири ин кишвар анбори калони мӯзаҳои пойи чап вуҷуд дорад. Танҳо акнун онро ҳамчун осорхона истифода мебаранд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ДЭННИЛИН ХОУП
БИРКХЕД-МАРШАЛЛ
Дэннилини 12–сола ҳам дар қатори доротарин кӯдакони сайёра қарор дорад. Қиссаи сарвати ҳангуфти ӯ чунин аст.
Дэннилин дар панҷмоҳагӣ аз модар маҳрум шуду суд молу мулки модарро дар ҳаҷми 10 миллион доллар ба ӯ бахшид. Бисёриҳо даъвои падарӣ карданд, вале ташхис муайян намуд, ки ӯ духтари Ларри Биркхэд аст.
Ҳамчунин, бо сабаби он ки Анн – Никол бо сармоядори бузург Гарвард Маршалл низ издивоҷ намуда буд, додгоҳ аз сармояи ӯ 49 миллионро ба Дэннилин ҷудо намуд. Ҳамин тариқ, бо 59 миллион доллар Дэннилин ба рӯйхати доротарин кӯдакони олам ворид шуд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
10 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ МУСАВВАРАҲОИ РАССОМОНИ МАШҲУР
НАМОИ САЙЁРАҲО ДАР ЯК ТАСВИР
Солҳои 60-уми асри XX дар шаҳри Прагаи Чехия мусаввараи яке аз рассомони машҳури олам Питер Паул Рубенс “Ишрати худоён дар Олимп”-ро пайдо намуданд. Санъатшиносон муддати тӯлонӣ натавонистанд санаи офаридани онро муайян созанд. Ин асрор танҳо ба шарофати ситорашиносон ифшо гашт. Қаҳрамонҳо дар асар тавре тасвир шудаанд, ки сайёраҳо соли 1602 чунин намо доштанд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
11 МУЪҶИЗАИ ЗЕРИ ЗАМИН
4. Озарк (Миссури)
Ин ғор дар қисмати алоҳидаи боғи кӯли Озарки Амрико ҷой гирифтааст.
Пайдоиши он ба давраи полеозой рост омада, таърихи хеле қадима дорад. Дар он намудҳои гуногуни кӯршабпарак, сусмор ва 16 намояндаи синфи ҳайвоноти бемуҳраро вохӯрдан мумкин аст. Деворҳои ғор аз оҳаксанг буда, он яке аз марказҳои маданӣ ва сайёҳии Амрико маҳсуб меёбад. Айни замон, ин макон аз таъсири боду борон тағйир ёфта, қабати поёниаш ба воситаи дарёҳои зеризаминӣ ба порчаҳои алоҳида ҷудо гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ҚАТОРАИ ОФТОБӢ
Дар хатсайри Париж – Амстердам қаторае мавриди истифода қарор гирифт, ки бо қувваи батареяҳои офтобӣ ҳаракат мекунад. Батареяҳои офтобӣ дар нақби 3,6 километраи атрофи роҳи оҳан, дар шимоли Белгия, ҷой гирифтаанд. Қувваи 16 ҳазор батарея, ки дар майдони 50 ҳазор метри мураббаъ ҷой гирифтаанд, 33 мегаватт соатро ташкил медиҳад.
Барои тарҳрезии барномаи мазкур 15,6 миллион евро сарф шуда, ширкат тасмим гирифтааст, ки чунин барномаҳои худро дар ИМА ва дигар кишварҳо низ, роҳандозӣ намояд. Дар ин лоиҳа истеҳсоли қувваи барқи худӣ боиси сарфа намудани маблағи калон гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
АВРУПО. НАХУСТИН ДОНИШГОҲҲО
Кай дар Аврупо донишгоҳҳо ифтитоҳ ёфтаанд? Барои ба ин суол посух гирифтан бо рейтинги таърихи пайдоиши донишгоҳҳои Аврупо шинос мешавем. Он чунин аст:
1. 1050 – 1150 – Англия, Италия;
2. 1150 – 1200 – Испания, Фаронса;
3. 1201 – 1250 – Португалия;
4. 1251 – 1350 – Чехия;
5. 1351 – 1400 – Полша, Германия, Австрия;
6. 1401 – 1450 – Шотландия;
7. 1451 – 1500 – Дания, Швейтсария;
8. 1551 – 1600 – Ҳолланд, Литва;
9. 1601 – 1650 – Финляндия, Эстония, Венгрия;
10. 1651 – 1700 – Украина, Словения;
11. 1701 – 1800 – Россия;
12. 1801 – 1900 – Норвегия, Белгия, Сербия;
13. 1901 – 2000 – Латвия, Руминия, Булғория;
14. 2001 – мамлакатҳои боқимондаи Аврупо.
Таҳияи Умар АЛӢ
МАЙДОНҲОИ ҒАЙРИОДИИ ТАМОШОБОБ
ҚАСРИ ЯХИН - МАЙДОНИ ТАМОШО
Қасри яхин яке аз қадимтарин ва тамошобобтарин қаторкӯҳҳои Дахштайни Австрия ба шумор меравад. Роҳи баромад ба ин қаср бо буришҳои аҷибу ғайриодӣ бунёд шудааст. Дар баландии қулла қасри яхин ва майдони тамошо ҷойгир аст. Он бо яхпора пӯшонда шуда, қасрро боз ҳам зебо ва ҷолиб менамояд. Ҳарчанд роҳи баромад ба қулла хеле хатарнок аст, мардум ба майдон баромадану аз он ҷо атрофро тамошо карданро дӯст медоранд.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
ШАҲРИ БОНУВОН
Дар шаҳраки Нойва - де - Кордейро (Бразилия) 600 бону зиндагӣ мекунад, ки синни баъзеашон ҳатто ба 35 нарасидааст. Як зумраи онҳо соҳиби шавҳару фарзанданд, вале ба хотири кор, шавҳарону фарзандонашон дар шаҳрҳои дигар истиқомат менамоянд.
Тамоми мансабҳои роҳбарикунандаро намояндагони ҷинси латиф ба уҳда доранд ва ҳамаи иқдомҳои масъулиятнокро онҳо ба анҷом мерасонанд. Шурӯъ аз корҳои кишту ҷамъоварӣ, то идораи инфрасохтори шаҳрӣ ва ҳатто динӣ бар зиммаи бонуҳост.
Ҳама чиз, аз ҷумла замине, ки дар он кор мекунанд, баробар тақсим шудааст. Дар ин ҷо ҳеҷ кас мусобиқа намекунад ва шиорашон «Як кас барои ҳама ва ҳама барои як кас» мебошад.
Ба ақидаи Роҷали Фернандеши 49- сола, шаҳри онҳо зебову созмонёфта ва беҳтар аз шаҳрҳои муқаррарист.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ПОЙГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАЙҲОНӢ
ЧАНД КАЙҲОННАВАРД ДАР ОН БУДААСТ
Аз бозе, ки ба кайҳон баровардани пойгоҳи байналмилалӣ (МКС) оғоз ёфт, аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон 233 кайҳоннавард дар раванди таҳқиқот иштирок намуданд. Аз ҷумла, аз ИМА – 148, Россия – 47, Япония – 9, Канада – 8, Италия – 5, Фаронса – 4, Олмон – 3, Бразилия – 1, Дания – 1, Қазоқистон – 1, Малайзия -1, Нидерландия -1, Африқои Ҷанубӣ -1, Корея - 1, Испания -1, Британияи Кабир – 1 нафар.
Таҳияи Умар АЛӢ
10 КИШВАРЧАИ БОЙ
2. Князигарии Лихтенштейн
Князигарии Лихтенштейн яке аз мамлакатҳои хурд дар ҷаҳон ва ягона кишварест, ки пурра дар қаторкӯҳи Алп ҷойгир аст. Қаламрави он бо масоҳати 160,475 километри мураббаъ бо Австрия ва Швейтсария ҳамсарҳад мебошад. Дар ин сарзамини зебо тақрибан 35 000 нафар ба сар мебарад.
Кишварест диданӣ, беҳамто ва завқбахш. Дар ин ҷо ҷашни Октоберфест таҷлил мегардад. Чанде пеш бошад, Лихтенштейн ба «Макка»-и дӯстдорони курорти лижаронӣ мубаддал гардид. Ин ҷо ду корхонаи оби ҷав ва якчандто шаробпазию тарабхонаҳои ҳайратангез ҷойгиранд. Лихтенштейн бо таъомҳои миллиаш боз ҳам машҳуртар аст.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
МЕДАЛ
ҚАҲРАМОНИИ ҚАҲРАМОНҲО
Таҳти ҳамин унвон дар бораи чанд тан аз варзишгароне маълумот медиҳем, ки бо вуҷуди ҷароҳату осеби пою дастҳояшон барои дарёфти медалҳои олимпӣ мубориза бурдаанд.
Оксана Гришук (Русия)
Дар Нагано (Ҷопон) Оксана Гришук якҷо бо Евгений Платов дар мусобиқаи рақси рӯи ях қаҳрамони дукаратаи бозиҳои олимпӣ гардид. Танҳо баъди анҷоми бозиҳо маълум шуд, ки варзишгарбону ба чӣ гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ гардида будааст.
Қабл аз оғози Бозиҳои зимистонаи олимпии Нагано банди дасти Оксана мешиканад, вале ӯ ин ҳолро аз мураббӣ пинҳон медорад, то дар Олимпиада ширкат варзад. Хуллас, ӯ ба мусобиқа мебарояд ва дар рақси рӯи яхи дугона ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф мегардад. Вале, бо дасти ҳанӯз комилан шифо наёфта чӣ мушкилеро ӯ ҳангоми рақс, гузашта аз ин, рақси ҷуфт аз сар мегузаронад, ғайри худаш каси дигар намедонад.
Шояд ҳамин мардсифатии Оксана буд, ки ҳамроҳ бо Платов то кунун ягона қаҳрамонҳои дукаратаи бозиҳои олимпӣ дар рақси рӯи ях боқӣ мемонад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.04.2019 №: 71 Мутолиа карданд: 1155