logo

фарҳанг

"ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ" ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ АСТ

Чанде пеш бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» эълон гардид. Ин озмунест, ки дар он ҳама баранда мешаванд. Зеро донишу маърифате, ки иштирокчиён аз хондани китоб ҳосил мекунанд, бо онҳо мемонад ва ҳамин, аллакай, пирӯзии бузургест.
«Фурӯғи субҳи доноӣ…» мисли пайки баҳорон беихтиёр пиру барноро фаро гирифта, дар ҳар як хонадон, бавижа дар рустоҳои дурдасти кишвар чароғи илму донишро фурӯзон кард. Фурӯғ, ки ба маъно нуру зиёст, дилу дидаҳоро рӯшану мағзҳоро бедор намуд.
Бештари мардум на ба ҳаваси барандаи озмун шудан, балки ба хотири дастгирии иқдоми роҳандозишуда, барои ёрмандӣ ба фарзандону наберагонашон ба китоб муроҷиат мекунанд ва бо ин роҳ, ба донишашон дониш фузуда, аз маълумоти тоза ва вожаҳои нав огоҳӣ меёбанд. Аз ҳамовозиҳои пиру барно дар ҷомеа ва дар шабакаҳои интернетӣ пай бурдан мумкин аст, ки халқ ташнаи чунин иқдом буд. 
Даври нахустини он аз ҷамоатҳои деҳот оғоз ёфта, марҳила ба марҳила то ба сатҳи ҷумҳурӣ мерасад. Минбаъд кори китобхонаву китобдорон боз ҳам меафзояд, мардум дар ҷустуҷӯи китоб ба дари китобхона ва дуконҳои китобфурӯшӣ меоянд. Дар ин росто, аз китобдорону масъулон фарҳанги баланди муошират бо муштариён талаб карда мешавад. Бахшҳои хизматрасонии сайёри китобхонаҳои ноҳиявию шаҳрӣ боз ҳам фаъолтар шуда, китобҳои камёбу камшумор фармоиш дода мешаванд. Зеро дар озмун тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.
Ҳавасмандии Ҳукумати мамлакат, бавижа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳамагонӣ кардани китобхонӣ боиси хушнудии бепоён аст. Дар ҳақиқат, барои сокинони сайёра воқиф будан аз илму хирад агар амри ногузири рӯзгорашон бошад, дар мо давлату Ҳукумат ҷонибдори бомаърифат кардани раияташ аст.
Мунира НАБОТОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2019    №: 71    Мутолиа карданд: 899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед