фарҳанг
КОРКАРДИ БАДЕӢ ДАР ЧӮБ. ЭҲЁИ ҲУНАРИ ҚАДИМӢ
Кандакорӣ дар чӯб навъи санъати нодири ороишиву пардозкорист, ки барои зинат додани ашёи рӯзгор, ҷузъҳои меъморӣ ва ҳайкалтарошӣ ба кор меравад. Он қадимтарин ва маъмултарин навъи санъати ороишии амалист ва анвои гуногун дорад. Ба намуди санъати ороишӣ - амалӣ ҳунармандони бисёр машғуланд. Қурбон Мазбутов яке аз устоҳои маъруф ва соҳибмактаби ин соҳа мебошад.
Ӯ дар оилаи дуредгар ба дунё омада, хатмкардаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 67 - и шаҳри Душанбе мебошад ва зиёда аз 17 сол инҷониб ба кандакорӣ машғул аст. Бо ташкил ёфтани коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ӯ ҳамчун мутахассиси болаёқат ба ин даргоҳи ҳунар ба кор даъват шуд ва то ҳол дар ин макони ҳунар фаъолона кор карда истодааст. Шогирдон аз устод нозукиҳои ин касбро бо шавқи том меомӯзанд. Маҳсули эҷоди усто ва шогирдони ӯ дар озмуну намоишгоҳҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, борҳо сазовори баҳои баланд гардидааст.
Намунаи беҳтарини асарҳои ба тариқи кандакорӣ эҷодкардаи Қурбон Мазбутов дар зебу зинати биноҳои муҳташам таҷассум ёфтааст, ки бинандаро ба ҳайрат меорад. Оро додани девору шифтҳои хонаю қасрҳо бо ҳар гуна тасвирҳо ҳунари хеле қадима аст. Одамон мехостанд, ки сутуну дару тирезаҳои хонаашонро бо нақшу нигорҳо зебо гардонанд. Ҳамчунин, дар корҳои эҷодии усто Қурбон нақшунигор, яъне ба воситаи гул, барг, навдаҳо биноҳоро зеб додан бо маҳорати баланд иҷро мешавад. Аз ин лиҳоз, Қурбон Мазбутов, дар ҳақиқат, ҳунарманди коркарди бадеӣ дар чӯб мебошад. Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи тасвири нозукиҳои табиати зинда - гул, барг, навда ва рустаниҳои диёри хешро ба ашёи кандакорӣ дохил кунад. Ҳар як машғулияти худро усто дар коллеҷ бо истифода аз аёниятҳои корӣ ва намоиши корҳои эҷодии худ мегузаронад ва ин амал дарсҳоро шавқовар ва пурсамару хотирмон мекунад.
Матонат ҲОҶИБОЕВ, унвонҷӯи ДДХ ба номи
академик Б. Ғафуров, омӯзгори ҳунари наққошии
КҲМ шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.04.2019 №: 72 Мутолиа карданд: 995