logo

ҳуқуқ

БИНИШИ МИЛЛӢ – БОЗТОБИ ТАФАККУРИ ДУНЯВӢ

Дар ташаккулу таҳаввули афкори миллӣ ва сиёсии мардуми тоҷик ормонҳои бостонии миллӣ, ки дар бовару асотири қадимӣ таҷассум ёфтаанд, ҷойгоҳи вижа доранд. Гузашта аз ин, тайи таърихи тӯлонӣ бовару ормонҳои мардумӣ ва миллӣ дар созмон ёфтани тахайюл, тафаккури эҷодию воқеӣ - реалистии мардуми тоҷик саҳим буда, ҷараёни рушду тавсеаи биниши миллӣ ва тафаккури сиёсию дунявиро таҳкиму тақвият бахшидаанд.
Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми тоҷик ҳам аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва сиёсат дуруст карда, дар арсаи тамаддуни башарӣ қадамҳои устувор бардоштааст.
Муҳимтар аз ҳама, тафаккури дунявӣ, ки ду асри ахир ба сифати ҷаҳонбинии фарогир дар сайёраи инсонӣ овозадор шудааст, реша дар биниши миллии мардуми мо доштааст. Биниши миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагонамон созмон ёфтааст, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд.  Барои намуна, метавон аз устураи Ҷамшед ба масобаи мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хати марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ - Ҷамшед чарх мезанад ва асотири қадимаи бумӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарраи паёмбарӣ, балки фарраи шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ қарор додааст.
Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҷамшедӣ пуштувонаи асосии низоми давлатдории дунявӣ маҳсуб меёбад.
Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд ва биниши дунявӣ дар низоми давлатдорӣ татбиқ мегардад. Аз ин ҷост, ки соли 538 пеш аз мелод бар асоси ормонҳои миллӣ  Эъломияи ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 мелодӣ, пас аз 2507 сол аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд.
Баъд аз суқути давлати Сосониён, ки меросбарони аслии империяи Ҳахоманишӣ ва Курушӣ буданд, тайи дусад сол сиёсат ва фарҳанги миллӣ «давраи сукут» - ро аз сар мегузаронд. Пас аз ҷаҳду талошҳо хонадонҳои миллӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардиданд ва давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён рӯйи кор омаданд. Махсусан, дар замони салтанати Сомониён тадриҷан сиёсати миллӣ бар пояи фарҳанги дунявӣ дар ҷомеа нуфуз пайдо кард. Дар ин давра забони миллӣ, ки пойдевори сиёсату фарҳанги бумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад - ин тариқ, биниши дунявӣ дар бастагӣ бо тафаккури миллӣ машруият касб кард. Афзун бар ин, дар қаламрави давлати Сомониён доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину сиёсат ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт, маҳдуд  гардида, забони тоҷикӣ ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нӯҳи Сомонӣ (961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид. Маҳз дар даврони Сомониён мардум дар фазои дунявият ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карданро таҷриба намуданд. Биниши миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо тафаккуроти дунявӣ дар қолаби офаридаҳои адабӣ - бадеӣ, ҳунарӣ ва фалсафии адибону донишмандони замони Сомонӣ зуҳур кард ва мардум ба муҳит ва фазои солими озодиҳои динӣ – имонӣ одат намуд.
Акнун аз маҳдудаи таърихи миллию ватанӣ бурун омада, мавзӯъро дар қолаби шароити имрӯзаи таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ ва маданӣ баррасӣ мекунем. Тафаккури дунявӣ имрӯз дар шакли истилоҳи дунявият («секуляризм») фаҳмида мешавад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару маобид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунад. Аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, ҷомеаҳои аврупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.
Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият ва тафаккури дунявӣ дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ – мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.  
Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ – теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ – мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷомеаи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад.
Хушбахтона, давлати миллии мо бо такя ба мероси сиёсию фарҳангии гузашта роҳи давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин масир қадам мебардорад. Муҳимтар аз ҳама, аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ҳаракат мекунад. Ба сухани дигар, тафаккури дунявӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ рушд мекунад,  тафаккури боз аст ва он ба ҳар навъ андеша ва мафкура эҳтиром мегузорад, вале таҳмили андеша ва фишори ақидатиро қабул надорад. Дар тасаввури инсони дунявӣ ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ - мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ ба баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст.
Дар давлати дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мунсифона бархӯрд карда тавонанд. Ҳар қадар дар ҷомеа тафаккури дунявӣ реша давонад,  ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад. Ҳадафи ниҳоӣ ва стратегӣ дар низоми давлатсозии дунявӣ, ки дар қолаби асотири бостонии миллӣ рехта шудааст, дар низомҳои сиёсии минбаъда авлавият ва таҳаққуқ пайдо кардааст. Ин ҳадафи стратегиро дар шароити феълӣ метавон ҷиддӣ пайгирӣ кард ва ба сифати барномаи мушаххаси давлатӣ дар сиёсати миллию фарҳангӣ татбиқ намуд.
Нозим НУРЗОДА, муҳаққиқ

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.04.2019    №: 72    Мутолиа карданд: 1002
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед