ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ПОРА
боз як заминфурӯшро
ба толори суд бурд
Муовини директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» - и шаҳри Конибодом Абдурасул Абдурашидов бо ҷурми ришваситонӣ ба даст афтод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин корманди масъули давлатӣ ҳангоми гирифтани пора ба малбағи 63000 рубли русӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир шуд. Манбаъ менависад, ки «Абдурасул Абдурашидов бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз шаҳрванд «А» барои ба номи шаҳрванд «Б» ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар масоҳати 0,06 гектар аз ҳудуди заминҳои шаҳри Конибодом ба воситаи раиси кумитаи маҳаллаи «Наврӯз» - и шаҳри Конибодом Одил Ахмедзода» даст ба ришваситонӣ задааст.
Дар пасманзари ин ҳолат нисбат ба А. Абдурашидов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ, ба миқдори махсусан калон) – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ
Мансабдорон ба даст афтоданд
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи директорони собиқи КВД «Сохтмони манзили дастрас» ва ҶДММ «Диёрсоз» хабар дод.
Ба навиштаи сомонаи ВКД, ҳар ду директор, ки манбаъ аз онҳо мардони 52 ва 41- сола ном мебарад, бо маслиҳати пешакӣ 25 январи соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37 - солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 310080 - сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд.
Ҳоло парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба онҳо бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ 247 (қаллобӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
МИЛИТСИЯ
муштзӯреро дар ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров боздошт намуд
Кормандони милитсия дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ марди 29 - солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбари боздоштшуда 12 апрели соли ҷорӣ дар яке аз нуқтаҳои шустушӯи мошинҳо, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо як корманди ин нуқта муноқиша карда, ӯро зада аз пой афтондааст. Дар натиҷа ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбат ба гумонбар барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.2019 №: 73 Мутолиа карданд: 970