мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО РАИСИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комиссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъкид карда шуд ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.
Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд баргузор шуд.
Дар мулоқот барои дарёфти роҳҳои нави рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ - техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Ҷонибҳо масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.2019 №: 73 Мутолиа карданд: 4911